Вохӯрӣ бо интихобкунандагон

№41 (4303) 01.04.2021

2618655_originalЧанде пеш вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Раънохон Бобоҷониён ва Сурайё Дӯстмуродзода дар толори Шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор бо кормандони он ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳр мулоқот намуда, нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши маориф, тарбияи насли наврас шарҳу тавзеҳ доданд.

Ҳамчунин, дар бораи вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар давраи паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ибрози назар карда, аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ёдовар шуда, оид ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ, масъалаҳои рушди низоми бонкӣ, сармоягузории мустақим, саноат, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ маълумот доданд.

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаҳои фарҳангу тандурустӣ дар шаҳраку деҳоти шаҳр низ баргузор гардид.

* * *

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Роғун вохӯрии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илму маориф ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ ва узви ҳамин кумита Файзулло Наҷмидиниён бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Зимни он ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баён шуданд, шарҳу тавзеҳ ёфтанд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки барои ташкили корхонаҳои саноатӣ дар мамлакат шароити мусоид мавҷуд буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ 2274 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Инчунин, вусъат бахшидани ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ва «Илм — фурӯғи маърифат» аз ҷумлаи масъалаҳое дигаре буданд, ки дар мулоқот баррасӣ гардиданд.

Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар толори Филармонияи халқии ноҳияи Файзобод низ доир гардид.

* * *

Ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва Хайриддин Усмонзода дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб вобаста ба шарҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бо интихобкунандагон мулоқот намуданд.

Зикр шуд, ки ҳадафи олии Давлат ва Ҳукумати мамлакат, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеояд, таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардош­тани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи неруи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишвар мебошад.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»