22 сентябри соли 2022 зимни мулоқоти Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Гурҷистон дурнамои ҳамкории байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Аъзои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо парлумони Гурҷистон Абдуҳалим Ғаффорзода дар суҳбат бо муовини вазири корҳои хориҷии Гурҷистон Александр Хвтисиашвили зикр кард, ки Маҷлиси намояндагон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Гурҷистон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
- Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал, беҳтарсозии кори Гурӯҳи дустӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Гурҷистон муҳим аст, — гуфт Абдуҳалим Ғаффорзода.
Инчунин, дар мулоқот доир ба аҳамияти робитаҳои байнипарлумонӣ ва тақвияти онҳо дар раванди ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт. Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии байнипарлумонӣ робитаҳои дуҷонибаи парлумонҳо мазмуну мундариҷаи нав касб хоҳад кард.