12 майи соли 2022 ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ ва раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода дар ҷаласаи ҳайатҳои парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки дар шаҳри Брюссел баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дилрабо Мансурӣ, аз ҷумла иброз намуд, ки мо Иттиҳоди Аврупоро шарики муҳими байналмилалӣ ҳисобида, саъй менамоем, ки ҳамкории дарозмуддат ва устувори мутақобилан судмандро бо он дар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобила ва эътимод инкишоф диҳем.
Ҷонибҳо масъалаи ҳамкории байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳори боварӣ намуданд, ки баррасии масъалаҳои вазъи иҷтимоию сиёсӣ, рушди ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, амнияти минтақавӣ, бешубҳа, ба рушди бомуваффақияти шарикии тарафҳо мусоидат хоҳад кард.