21-уми апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон мулоқот намуд.
Зимни суҳбат иброз гардид, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи аввалин кишварҳое мебошад, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11 январи соли 1992 ба расмият шинохт ва 22 феврали соли 1992 ҳар ду кишвар робитаҳои дипломатиро ба роҳ монданд.
- Робитаҳои қавии кишварҳоямон аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми бародар, инчунин, муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ходими Ҳарамайни Шарифайн муҳтарам Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Шоҳи Арабистони Саудӣ, сарчашма гирифтаанд,- афзуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода.
Зикр шуд, ки табодули таҷрибаи вакилони ҳар ду кишвар ба нафъи тарафҳо буда, барои тавсеаи фаъолияти қонунгузорӣ мусоидат хоҳад кард.
Таъкид шуд, ки мулоқоти имрӯза барои густариши робитаҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар, тавсеаи фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлис-аш-Шурои Арабистони Саудӣ заминаҳои мусоид фароҳам менамояд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»