18-уми июни соли 2024 мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ бо муовини раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси намояндагони халқи музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Лӣ Сяоин баргузор гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамчун ҳамсояи ҷуғрофӣ ва шарикони стратегӣ муносибатҳои дӯстонаи худро дар асоси эҳтиром, ҳамфикрӣ ва дастгирии ҳамдигар таҳким мебахшанд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла рушди ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва маориф, мубодилаи афкор намуданд.
www.majmilli.tj
Суратгир Н. АЛИЕВ