Ҳаштуми декабри соли равон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо гузоришгари вижаи СММ оид ба вазъи мудофеони ҳуқуқи инсон Мери Лолор, мушовири ӯ Брайан Дулей, мушовири ҳуқуқи инсони Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Орсолиа Тот, мушовири ҳуқуқи инсони Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Софи Хелле ва мушовири миллии ҳуқуқи инсони Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Суҳроб Шоев мулоқот кард.
Маҳмадалӣ Ватанзода гуфт, ки парлумони касбии мамлакат зиёда аз сад санади меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст, ки барои ҳифзу ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши арзандаро иҷро мекунанд. Барномаҳои алоҳидаи давлатӣ ва ҳукуматӣ баҳри ҳифзи ҳуқуқи инсон қабул гардида, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки қариб ба ҳама санади универсиалӣ оид ба ҳуқуқи инсон имзо гузоштааст.
Ёдовар мешавем, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 1993 тавассути Қатъномаи 48/141 Дафтари Комиссари Олӣ оид ба ҳуқуқи инсонро таъсис дод. Ҳоло созмони мазкур дар дунё, аз ҷумла кишварҳои Буркина-Фасо, Камбоҷа, Чад, Колумбия, Гватемала, Гвинея, Гондурас, Либерия, Мавритания, Мексика, Нигер, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии арабии Сурия (Бейрут), Судон, Тунис, Уганда ва Яман 19 намояндагӣ дорад.