Вохӯрии Маҳмадалӣ Ватанзода бо Ҳуссом Абдулмуҳсин Ал – Анқарӣ

№35 (4618) 10.03.2023

DSC_6987Нуҳуми марти соли ҷорӣ муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо Президенти Девони муҳосиботи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ҳуссом Абдулмуҳсин Ал-Анқарӣ мулоқот намуд.

Маҳмадалӣ Ватанзода роҷеъ ба фаъолияти парламенти касбии мамлакат иттилоъ дода, афзуд, ки Подшоҳии Арабистони Саудӣ аз аввалин кишварҳое мебошад, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 11-уми январи соли 1992 ба расмият шинохт ва 22-юми феврали соли 1992 ҳар ду кишвар робитаҳои дипломатиро расман ба роҳ монданд.

Заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байни ҳар ду кишвар аз 15 санад таркиб ёфтааст. Санадҳои ба имзорасида аз як изҳороти матбуотӣ, ки хусусияти декларативӣ дорад, се протокол, панҷ созишнома, як конвенсия, чор ёддошти тафоҳум ва як барномаи ҳамкорӣ иборат мебошад.

Дар хусуси табодули таҷриба зикр шуд, ки моҳи майи соли 2016 Раиси Маҷлиси Шӯрои Подшоҳии Арабис­тони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ намуд. Ҷавобан Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-27-уми январи соли 2017 сафари расмӣ анҷом дод, ки барои таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ аҳамияти хоса доранд.

Айни ҳол муносибатҳои мутақобилаи судмандро гурӯҳҳои дӯстии парламентҳо идома дода истодаанд. Барои тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт имкониятҳои то ҳол истифоданашуда зиёданд. Аз ҷумла, густариши муносибатҳо вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи аудити давлатӣ, ки ба роҳ мондани муколамаи минбаъда ва талошҳои муштаракро ҷиҳати ноил гардидан ба пешравиҳо тақозо менамояд.

Таъкид гардид, ки ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти пешгирии терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар амалҳое, ки боиси номуътадилии авзои минтақа мегарданд, ба нафъи ҳар ду давлат хоҳад буд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ