18-уми октябри соли 2023 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван мулоқот намуд.
Зимни мулоқоти судманду самимӣ Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки мо саҳми Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳро, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба аҳамияти пешбурди таҳаммулпазирӣ ва сулҳу амонӣ, ҳамзамон ба муколама байни ҷонибҳои манфиатдори гуногун мусоидат кардааст, баланд арзёбӣ менамоем.
Мо дар Тоҷикистон арзиши сулҳу ваҳдат ва зарурату аҳамияти онро хеле хуб дарк мекунем. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози истиқлолият як муддат гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ ва нофаҳмиҳои дохилӣ шуда буд. Ҳадаф аз ёдовар шудани чунин падидаи нохуб он аст, ки бо саъю талош ва иродаи сиёсии роҳбарияти олии кишварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем бо роҳи таҳаммулпазирӣ ва сулҳхоҳона ба нооромӣ, мушкилоти дохилӣ ва нофаҳмиҳо дар ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба зудӣ анҷом бахшем. Таҷриба ва амалияи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши ҷаҳонӣ дорад. Имрӯз аз он ифтихор дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намуна буда, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф гардидааст.
Мо мехоҳем бо истифода аз имкониятҳои васеи созмони шумо дар сатҳи байналмилалӣ бори дигар ҳамин таҷрибаи сулҳхоҳонаро аз тариқи Шӯрои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ ҳамаҷониба хубтару дурусттар ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, зеро таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон падидаи нодир дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст, — гуфт дар фарҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон