Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода 3 августи соли равон дар ноҳияи Спитамен бо фаъолони ноҳияҳои Спитамену Зафаробод ва Мастчоҳу ба номи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мулоқот доир намуд.
Зимни он оид ба вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакат дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар роҳи ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар, саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи душвори расидан ба ваҳдати миллӣ, беҳдошти рӯзгори мардум, болоравии иқтисодиёти ҷумҳурӣ, таҳкими давлату давлатдорӣ, волияти қонун гуфтугӯ сурат гирифт.
Маҳмадтоир Зокирзода, инчунин, роҷеъ ба қабули Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ, зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба он, фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, кумитаҳои он ва вакилони халқ ёдрас шуда, даъват кард, ки сокинон кору фаъолияташонро бояд бо назардошти вазъи воқеии ҷаҳон, пуршиддат гардидани вазъи сиёсии сайёра, таҳдиди норасоии озуқаворӣ дар солҳои наздик ба роҳ монанд.
Сипас, чанде аз иштирокчиёни вохӯрӣ бо арзи сипосу миннатдорӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани амнияту осоиштагии сокинон, болоравии рӯзгори мардум ва ба органи олии қонунгузори мамлакат ҷиҳати қабули қарору қонунҳои ба талаботи муосир ҷавобгӯй баромад карданд. Аз ҷониби баромадкунандагон дархосту пешниҳодҳои гуногун ироа гардид, ки вобаста ба онҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба вакилони Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Масчоҳ №18 Азиззода Ғайрат, ҳавзаи интихоботии Спитамен №25 Аҳмадзода Бахтиёр ва ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16 Қосимӣ Файзулло, ки дар вохӯрӣ иштирок доштанд, супоришҳои мушаххас дода, таъкид карданд, ки робитаро бо интихобкунандагон мустаҳкам намуда, аз қарору қонунҳое, ки қабул мегарданд, мардумро сари вақт огоҳ созанд, ба таври бояду шояд шарҳу тавзеҳ диҳанд ва барои ҳалли мушкилоташон чораҳои мушаххас андешанд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»