Меҳвари гуфтугӯи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва роҳбари намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ленни Монтиелро 28 июни соли равон таҳкиму тавсеаи ҳамкории судманди байни парлумони кишвар ва Барномаи рушди СММ ташкил дод.
Таъкид гардид, ки саҳми барномаи мазкур дар баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе, аз қабили Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Муқовимат бо терроризм ва радикализм» (3 — 4 майи соли 2018) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм, татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (20 — 22 июни 2018), инчунин Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (6 — 9 июни соли 2022), назаррас аст.
- Мо ёрии фаврии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳидро барои рафъи пандемияи COVID-19 дар кишвар тайи ду соли охир хеле хуб эҳсос карда, барои дастгирии ҳамоҳангсозии самарабахши миллӣ изҳори сипос менамоем, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд: — Бовар дорем, ки таҳти роҳбарии шумо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дастгирии кишварро дар татбиқи «Стратегияи миёнамуҳлат ва дарозмуддати миллии рушд барои солҳои 2020-2030», ташаббусҳо дар соҳаи захираҳои об ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», инчунин дар ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои рушди ҷаҳонии Тоҷикистон идома медиҳад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ