- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии парламентӣ, пеш аз ҳама, дар доираи Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи байнипарламентии СААД ҳамкории пурсамар доранд, — иброз дошт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода 13 майи соли 2022 зимни мулоқот бо раиси Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев.
Аз фаъолияти Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни парламентҳои ҳар ду кишвар ёдовар шуда, ҳамчунин, зикр гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиро барои иртиботи доимии намояндагони Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон изҳор медорад.
Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳиму манфиатбор шуморида шуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон