21-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон зимни мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо Раиси Сенати Қазоқистон Маулен Ашимбаев вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар самти густариши робитаҳои байнипарламентӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон шарикони стратегӣ буда, муносибатҳои байни ҳар ду кишвар ба эътимоду боварӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ асос ёфтааст.
Дар мулоқот аз ҳолати кунунии муносибатҳои ҳар ду кишвар дар ҳама соҳаҳои ҳамкорӣ қаноатмандӣ карда шуда, ҷиҳати таҳкими бештари робитаҳо, бахусус муколамаи байнипарламентӣ, ҳавасмандии ҷонибҳо иброз гардид.
www.majmilli.tj