17 марти соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафири навтаъини Франсияро бо оғози фаъолияти намояндагӣ дар Тоҷикистон муборакбод гуфта, барояш дар масири таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар комёбиҳо таманно намуд. Ҳамчунин, бо дарназардошти таърихи бисёрсолаи муносибатҳои ҳасанаи кишварҳо таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Франсия ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавсеаи муносибатҳоро аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷиаш меҳисобад.
Ҷонибҳо мавқеъ ва назари муштаракро дар таъмини рушди устувор, пешбурду амалисозии ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин, дар баррасии масоили тағйирёбии иқлим изҳор доштанд.
Зикр шуд, ки солҳои охир баъди баргузории нахустин бизнес-форуми соҳибкорони ҳар ду кишвар дар соли 2015 ва таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Франсия дар самти тақвияти ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ қадамҳои назаррас гузошта шуданд.
Инчунин, дар баробари дигар соҳаҳо, рушди робитаҳои байнипарламентии ҷавобгӯи талаботи муосир ҳамчун яке аз василаҳои самараноки рушди ҳамкории дуҷониба арзёбӣ ва зарурати фаъолгардонии робитаҳо миёни гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Франсия таъкид карда шуд.