Вохӯрии Саидмурод Фаттоҳзода бо Томас Данестад

№146 (4566) 23.11.2022

DSC_93582Бисту якуми ноябри соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва мухтори Подшоҳии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Томас Данестад мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба муносибатҳои байнипарлумонии ҳар ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки ҳамкории байни кишварҳо дар соҳаи гуманитарӣ, хусусан лоиҳаҳо барои дастгирии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, барои эҷоди имкониятҳои худтаъминсозии аҳолӣ, барои инкишофи сектори кишоварзӣ ва барои амалӣ гардонидани стратегияи миллии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, назаррас аст.

Пояи қарордодиву ҳамкорӣ байни кишварҳо дар ҳоли густариш қарор дошта, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Шветсия барои дастгирӣ кардани инкишофи соҳаи тухмипарварӣ аз 6 — уми октябри соли 2004 ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шветсия дар бораи шарт ва ҳолатҳои умумии ҳамкорӣ баҳри рушд аз 12-уми феврали соли 2005 байни Тоҷикистон ва Шветсия баста шудааст.