Чоруми январи соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо кормандон ва устодону донишҷӯён доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.
- Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи Давлату Ҳукумати кишварро барои соли оянда мушаххас менамояд, — иброз дошт Гулбаҳор Назирӣ ва афзуд, ки дар низоми муосири давлатдории кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии мамлакат мебошад.
Сипас, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба вакили Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба фаъолияти мақоми олии қонунгузори мамлакат ва самтҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ савол дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Ҳамчунин, панҷуми январи соли равон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Шодизода ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо фаъолон ва сокинони деҳоти «Саразм», «Хурмӣ» ва «Сӯҷина»-и шаҳри Панҷакент мулоқот ороста, нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро тавзеҳ доданд.
Аз ҷумла, бо такя ба Паём зикр карданд, ки танҳо тайи бист соли охир дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш ёфтааст.
Мулоқоту вохӯриҳои вакили Маҷлиси намояндагон, тибқи нақша, бо интихобкунандагон дар дигар деҳоти шаҳри Панҷакент низ доир хоҳанд гашт.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Муҳаммад Шодиён, Раънохон Бобоҷониён ва Машраб Файзулло низ чоруми январи соли ҷорӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ноҳияи Кӯшониён бо интихобкунандагон мулоқот доир намуданд.
Муҳаммад Шодиён дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳраки Бохтариёни ноҳия, зикр кард, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва асосии Паёми имсолаи Сарвари давлат масъалаи рушди саноат ба ҳисоб рафта, бояд ба ин соҳаи афзалиятнок диққати ҷиддӣ дода, корхонаҳо бунёд карда шаванд, то ки дар онҳо сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд. Барои бо ашёи хоми ватанӣ таъмин кардани корхонаҳо заминҳои корам самаранок истифода гарданд.
Вакилон Раънохон Бобоҷониён ва Машраб Файзулло низ масъалаҳои ҳуқуқи занон дар ҷомеа ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакатро мавриди таҳлил қарор доданд.
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Сарвиноз Маҷидзода бо интихобкунандагон ва фаъолон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбӣ — саноатии кимиёвӣ»-и шаҳри Левакант баргузор шуд.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»,
Турдибой СОЛЕҲЗОДА,
Рӯзноманигор