Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли ҷорӣ давоми панҷ рӯз барои мулоқот бо интихобкунандагони худ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари корӣ баромада, ба онҳо нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишварро низ шарҳу тавзеҳ доданд.
Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Ҳисор муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода бо сокинони деҳоти «Деҳқонобод» вохӯрӣ намуданд.
Вакилон оид ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки 9 марти соли равон доир гардид, изҳори андеша карда, аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ёдовар шуданд.
Яке аз нуктаҳои муҳими таъкиднамудаи вакилон зарурати ҳифз намудани анъана ва арзишу анъанаҳои неки ниёгон дар баробари чолишҳои ҷаҳонӣ буд. Дар ҷамъбасти вохӯрӣ вакилон изҳори умед карданд, ки чунин вохӯриҳо ҳам аз ҷониби шаҳрвандон ва ҳам дар доираи қонунгузорӣ дастгирӣ ёфта, ба ҳифзи ҳувияти миллӣ ва некуаҳволии наслҳои оянда мусоидат мекунанд.
Дар толори Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода бо сокинони маҳаллаҳои ба номи Қорираҳмат Қурбонов, Раззоқ ва Масҷиди Савр баргузор гардид.
- Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумати мамлакат, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бақайдгирии 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд, — таъкид дошт Мавсума Муинӣ зимни вохӯрӣ.
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Ғайрат Азиззода бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, аҳли ҷамоатчигӣ, фаъолону имом-хатибон баргузор гардид.
Ғайрат Азиззода дар вохӯрӣ доир ба нуктаҳои мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таълимоти ғайрирасмии динӣ, хурофоту зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ суханронӣ намуд. Номбурда дар робита ба дастуру тавсияҳои Президенти мамлакат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ҷалб намуданд. Пешниҳод карда шуд, ки шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаю мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин, барои кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, сазовори аҷру савоби беандоза гарданд.
Бо мақсади сазовор истиқбол намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён шуда, сокинон дар моҳи шарифи Рамазон ба анҷом додани амалҳои хайру савоб даъват гардиданд.
Дар фарҷом имом-хатибон ва сокинону фаъолони ноҳия дар атрофи мавзуъҳои вохӯрӣ мубодилаи афкор намуда, ҳамчунин, ба суолу муроҷиатҳои худ посухҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд.
Дар ноҳияи Панҷ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода бо интихобкунандагон доир гардид.
Зоир Раҳмонзода Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони динро шарҳу тавзеҳ дода, дар баробари посух гуфтан ба суолу дархости интихобкунандагон онҳоро ба корҳои созандагию ободонӣ ташвиқ намуданд.
Дар ноҳияи Хуросон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон Гулбаҳор Ашурзода ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода бо интихобкунандагон ҷиҳати ташвиқи муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар доир гардид.
Дар рафти суҳбат намояндагони мардумӣ оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат, мушкилиҳои сиёсии сайёра, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи марзу буми кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ибрози андеша намуданд.
Дар шаҳри Бохтар вобаста ба расондани нуктаҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон Сарвиноз Маҷидзода ва Фазлиддин Икромӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр шуд, ки дар ҷаҳони муосир равандҳое, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаю низоъҳои динию мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, зуҳур карда, василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, ки ба ҷомеа ва давлати мо низ таъсир мерасонад.
Бинобар ин, фаъолон ва аҳли ҷомеаро лозим аст, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор намуда, дар пешрафту ободии Ватан саҳмгузор бошанд ва бо амалҳои номатлуби хурофотпарастӣ мубориза баранд.
Бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон Рустам Раҳматзода, Саидҷаъфар Усмонзода ва Бибиосия Аюбӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо интихобкунандагон мулоқот баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ омӯзиши нуктаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, тарбияи дурусти насли ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандони мамлакат, риояи ҳатмии талаботи қонунҳои амалкунанда ва роҳнамоии сокинон дар самти пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ заруру саривақтӣ шуморида шуд. Вакилон аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар кору пайкори худ истифода намуда, дар такомули ҳисси баланди миллӣ ва худшиносии худ инчунин, решакан намудани зуҳуроти номатлуб саҳмгузор бошанд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода ва Раънохон Бобоҷониён бо интихобкунандагон роҷеъ ба муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар доир гардид.
Вакилон фикру андешаҳои худро вобаста ба муҳтавои мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён намуда, даъват ба амал оварданд, ки сокинон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат софдилона ва содиқона меҳнат намуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи мамлакат тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар робита ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон Мавзуна Шамсиддинзода ва Муҷиба Ҷавҳарӣ дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо фаъолони деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти он вакилони мардумӣ оид ба муҳтавои Паёми Сарвари давлат вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вобаста ба нуктаҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз мулоқоти вакилон бо сокинони маҳаллаҳои ноҳия доир гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Қосимӣ зимни вохӯрӣ зарурияти ҳифзи Ватан, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, моҳияти дин, диндорӣ ва дини мубини ислом, терроризму экстремизм, ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнӯъ, пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирон ва ҷавонони дар хориҷ таҳсилдошта, ба ҳизбу гурӯҳҳои ғайриқонунӣ суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагон Баҳриддин Зиёӣ бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва сокинони деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» андешаҳои муфид баён карда шуд.
Чунин вохӯрии судманди вакили Маҷлиси намояндагон Толибхон Азимзода бо сокинон ва фаъолони ноҳияи Ёвон баргузор гардид. Дар мулоқот оид ба ҳолатҳои вайрон намудани қонун дар бобати гузаронидани маъракаҳо, зоҳирпарастию исрофкорӣ, риоя накардани анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ, сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра, тарбияи фарзандон дар роҳи илмомӯзӣ, дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону оилаҳои камбизоат, таъмини волоияти қонун, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ изҳори назар карда шуд. Инчунин, вобаста ба вусъат ёфтани корҳои созандагӣ Толибхон Азимзода изҳор дошт, ки баҳри расидан ба зиндагии шоиста моро месазад насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ, сарфаю сариштакорӣ, илмомӯзию забондонӣ, дӯст доштани Ватан ва ҳимояи марзу буми кишвар тарбия намоем.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода ва Раънохон Бобоҷониён бо интихобкунандагон доир гардид, ки
зимни он вакилон оид ба муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Мансур Усмонзода дар шаҳри Конибодом зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон паҳлуҳои гуногуни мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишварро шарҳу тавзеҳ дода,
онҳоро ба ободкорию созандагӣ, тарбияи дурусти насли оянда, аз даст надодани зиракии сиёсӣ даъват намуд.
Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бо сокинони маҳаллаи Чиноро 1-и ноҳияи Шоҳмансур вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси намояндагон Фозил Обидов зикр кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат вобаста ба анҷом додани амалҳои хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат ва танзими маъракаю маросимҳо ибрози назар намуда, доир ба зоҳирпарастию исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон, дар идомаи вохӯрӣ ҷиҳати риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ибрози назар гардид.
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода бо интихобкунандагон аз ноҳияи Айнӣ доир гардид.
Ғиёсиддин Шарифзода зимни вохӯрӣ нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишварро шарҳу тавзеҳ дода, ба саволҳои интихобкунандагон посух гуфт.
Дар шаҳри Панҷакент мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуҳалим Ғаффоров ва Парвиз Шодизода бо интихобкунандагон доир гардид.
Вакилон таваҷҷуҳи иштирокчиёни мулоқотро ба нуктаҳои фарогири масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, ҷойгоҳи дини мубини ислом ва нақши ходимони дин дар ҷомеа, пешгирии гароиш ба ақидаҳои ифротии ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, тарбияи насли худогоҳу ватандӯст ҷалб намуданд.
Дар толори Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода бо сокинони маҳаллаҳои Мевағул, Тиллокон ва Темурмалик баргузор гардид.
Мавсума Муинӣ ва Файзалӣ Идизода таъкид намуданд, ки дар ҷараёни мулоқоташон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.
Изҳор гардид, ки зоҳирпарастию исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ садди роҳи беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад. Бо ёдоварӣ аз фармудаҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ бори дигар таъкид гардид, ки исрофкоронро Худои таъоло ҳам дӯст намедорад.
Вакилон ёдовар шуданд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) худашон ҳам танҳо як бор ҳаҷ намудаанд.
Ҳамзамон, дар доираи ин вохӯриҳо дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Шарифзода бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, омӯзгорон, фаъолон ва имом-хатибон баргузор шуд.
Ғиёсиддин Шарифзода иброз дошт, ки ҳикмати парҳезгорию рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан, босабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб мешавад.
Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар вохӯрии вакилон бо сокинони маҳаллаи «Заҳматобод»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардид.
Вакили Маҷлиси намояндагон Парвина Маликзод зимни баромади хеш ҷиҳати дар тафаккури мардум тарбия намудани фаҳмиши дурусти сиёсӣ, фаъол гардондани мардум дар самти амалии корҳои созандагию бунёдкорӣ, таблиғу ташвиқи моҳияти ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ва эҳсоси масъулият доштан дар раванди ҳимояи Ватан ва бо ҳамин роҳ саҳм гузоштан дар раванди давлатдории миллӣ суханронӣ намуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Комрони АСЛОН, Сайидо НАЗАРОВ, Мухтори АБДУЛЛО, Сулаймон СУЛТОНОВ, Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»