Вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон

№ 30.04.2024

438127806_3293213524317781_6564352942675174797_n27-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намояндагон Мунаввар Абдусаломзода, Гулчеҳра Расулова, Ғиёсиддин Ашурзода, Фозил Обидзода, Ҷамшед Муртазозода, Сурайё Дӯстмуродзода, Азиз Гиёзода ва ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Файзулло Машраб иштирок ва бобати муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон, қарору қонунҳои қабулшуда, ҳодисаҳои нангини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва гирифтани пеши роҳи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти ифротгароидошта андешаронӣ намуданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»