Вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир мегардад

№126 (4866) 23.10.2024

Тибқи дастури Маҷлиси намояндагон аз 22 то 27 октябри  соли  ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон, фаъолон ва меҳнаткашон вохӯрӣ намуда, роҷеъ ба бандҳои алоҳида ва моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мулоқот анҷом медиҳанд.

Дар ин вохӯрию мулоқотҳо тамоми дархосту хоҳишҳои интихобкунандагон аз ҷониби вакилони мардумӣ пазируфта шуда, зимни таҳия ва қабули қонунҳо ба назар гирифта мешаванд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ