Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон

№6 (3800) 13.01.2018

SONY DSCЯк гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат дар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо интихобкунандагон суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд.

Аз ҷумла, чанде пеш бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраки Исмоили Сомонӣ ва Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ чунин вохӯрӣ баргузор гардид. Дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Акрамшо Фелалиев ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амрихудои Дамдор иштирок намуданд.

SONY DSCМуовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев зимни суханронӣ, аз ҷумла, иброз дошт, ки дар Паёми Пешвои миллат сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо таҳлили амиқи вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда, пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгаройӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пеш бурдани сиёсати «дарҳои кушода», дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», пешрафти соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ дар соли сипаригардида, рушди устувори иқтисодӣ ва тараққӣ додани соҳаи саноат, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ дар мамлакат, тақвияти ҳамкориҳои муштарак дар самти содироти молу маҳсулоти дохилӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳими вобаста ба пешрафту шукуфоии кишвар бозтоби амиқ ёфтанд.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Дар алоқамандӣ ба ин нуктаҳои Паём Акрамшо Фелалиев гуфт, ки кишвари мо захираҳои зиёди обӣ дошта, таҷдиди силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар солҳои минбаъда Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ба кишвари рушдкардаи тавлидкунандаи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва содиркунандаи он ба хориҷи мамлакат табдил медиҳад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амрихудои Дамдор изҳор дошт, ки дар замони ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддуни башар, баланд бардоштани сатҳи маънавиёти халқ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ аз масоили умда мебошад. Бо мақсади ноил гардидан ба ин ҳадафҳо Пешвои миллат дар Паём рушди неруи инсониро дар се самти асосӣ-дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагӣ зикр намуданд.

Мувофиқи назарсанҷии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф, соли 2017 Тоҷикис­тон аз рӯи дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-ум ва дар байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол намуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри дастовардҳои соҳаи маориф дар соли сипаригардида Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Амрихудои Дамдор, инчунин доир ба рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ, таҷдиди инфрасохтори замонавӣ барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани сифати хизмат­расонии тиббӣ ба аҳолӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар андешаронӣ кард.

Дар идома миёни ҳозирин вобаста ба мушкилоти ҷойдоштаи маҳал табодули афкор сурат гирифт.

 Ш. Шоҳқосимов,

«Садои мардум»

***

8 январ дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров оид ба шарҳу эзоҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон Олим Бобоев ва Гулбаҳор Назирӣ бо устодону донишҷӯён баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода иштирок ва суханронӣ намуд.

- Паёми 22 декабри соли 2017 ироанамудаи Роҳбари давлат бо хусусиятҳои хос, аз ҷумла пешниҳодоти мавзӯъ ва вазифагузорӣ аз дигар Паёмҳо фарқ мекунад, — гуфт Маҳмадалӣ Ватанзода. — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти вазъи ҳассоси сайёра, ҷаҳонишавии шадид таъкид доштанд, ки: «мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем. Бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгаройӣ ва дигар таҳдид­ҳои замони муосир мо омодаем, ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».

Маҳмадалӣ Ватанзода, ҳамчунин зикр кард, ки дар Паём масоили амнияти озуқаворӣ ва дастури таъсиси Кумитаи бехатарии озуқавории наз­ди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи се хадамоти Вазорати тандурус­тӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нақши муҳим дорад, зеро ворид гардидани молҳои пастсифати хориҷӣ ва таъсири он ба саломатии миллат Давлату Ҳукуматро бетараф гузошта наметавонад.

Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев ва Гулбаҳор Назирӣ оид ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар қайд карданд, ки соли 2017 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли гузашта 12% ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8% зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзудааст. Рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ — 7,2, маблағгузорӣ ба ­сармояи асосӣ — беш аз 6, савдои чакана — 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Дар мулоқот, ­ҳамчунин ректори ДДҳБСТ Мӯъмин Шарифзода ва
ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода доир ба нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ фикру мулоҳиза баён доштанд.

Мирзоаъзам Мақсудов,

«Садои мардум»