Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон

№8 (3802) 20.01.2018

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистону гурӯҳҳои тарғиботии Ҳукумати ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон ба мақсади шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 22 декабри соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома доранд.

Аз 8 то 17 январи соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ ва Аҳматҷон Қобилов дар ҷамоатҳои деҳот, корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳру навоҳии Истаравшан, Шаҳрис­тон ва Спитамен мулоқот ташкил намуда, нуктаҳои Паёми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу эзоҳ дода, онро ҳуҷҷати раҳнамо барои амалисозии ормонҳои миллат унвон карданд.

Аҳматҷон Қобилов зимни мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Спитамен таъкид намуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва оянда муайян сохта, пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқро таъмин менамояд.

Ӯ зикр кард, ки бо пешниҳоди Сарвари давлат соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид ва ин бори дигар таваҷҷуҳи Президенти кишварро нисбат ба эҳёи анъанаҳои миллӣ ва дастгирии ҳунармандӣ дар кишвар баён медорад.

Ғамхориҳои Сарвари давлат кормандони соҳаи маорифро вазифадор мекунад, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагон, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ чораю тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ ҳангоми вохӯрию мулоқот бо интихобкунандагон дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, коллеҷи тиббӣ, гимназияи ба номи академик Раҷаб Амонов, театри мардумӣ, коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, деҳоти «Гули Сурх»-у «Сабристон», «Қалъа­чаи Калон»-у «Нофароҷ»-и шаҳри Истаравшан, деҳоти «Шаҳристон»-у «Бунҷикат», литсейи касбию саноатӣ ва тандурустию маорифи ноҳияи Шаҳристон гуфт, ки Сарвари давлат Паёмашонро бо таҳлили амиқи сиёсати хориҷии мамлакат оғоз карда, иброз намуданд, ки вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯйӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, нишонаҳои марҳалаи нави «ҷанги сард» арзи вуҷуд намудааст, ки боиси нигаронист. Аз ин хотир, дар ҳамкорӣ бо СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конф­ронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгаройӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст ва гуфтаҳои Сарвари давлат ҳар як сокини кишварро ҳушдор медиҳад, ки зираку ҳушёр бошад, хоса ҷавонон худро аз шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ифротгаро эмин доранд.

- Ман ҳамчун вакили халқ ҳамеша бо интихобкунандагон иртиботи қавӣ дорам. Ҳар сол бо онҳо вохӯрию мулоқот мегузаронам. Бисёр хуб эҳсос мекунам, ки рӯҳияи интихобкунандагон давра ба давра болида ва боварашон ба фардои неки кишвар қавитар мешавад.

- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 — ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд, ки боиси хурсандии мардум гардид, зеро шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон дар доманаи кӯҳҳои сарсабзу чашмаҳои ҷонбахш қарор доранд, ки бо обу ҳавои мусоид барои сайру саёҳат ва истироҳату табобат хеле қулаю муфид мебошанд. Шаҳри бостонии Истаравшан дорои зиёда аз 150 ёдгории таърихӣ аст ва дар ин макони ҳунармандон тақрибан 110 навъи касбу ҳунари мардумӣ пойбарҷо буда, дар ҳоли рушд қарор доранд. Ободиҳои имрӯзаи шаҳри Истаравшан, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва ёдгориҳои таърихӣ бешубҳа Истаравшанро оянда ба макони дӯстдоштаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ мубаддал месозад. Рушду нумӯи ҳунарҳои халқӣ боиси ободиву шукуфоии ­дастурхони мардум мешавад ва ғамхориҳои Пешвои миллат дар бораи аз андоз озод намудани маҳсули корҳои хонагӣ, имтиёз ба соҳибкороне, ки бо рушду нумӯи сайёҳӣ ва ҳунарҳои халқӣ сарукор доранд ва бар замми ин, афзоиш ёфтани маошу нафақа ва идрорпулии донишҷӯён, ки аз моҳи сентябри соли равон сурат мегирад, боиси дастгириву некуаҳволии мардум мегардад, — гуфт Абдуллозода Иброҳим Ғоибназарӣ.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»

***

Зимни вохӯриҳо дар шаҳракҳои Исмоили Сомонӣ, Бохтариён, деҳоти «Меҳнатобод», «Сарвати Истиқлол», ­«Сомониён»-и ноҳияи Бохтар, деҳоти «Узун» ва «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон сурат гирифт, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҷобирзода Тоҳир Гул Паёми Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат шарҳу тавзеҳ дода, таъкид кард, ки соли 2017 нишондиҳандаҳои макро­иқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта шуд ва суръати рушди воқеии иқтисодиёт ба 7 фоиз, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 60 миллиард сомонӣ баробар гардид. Тибқи дурнамо дар се соли минбаъда ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёда аз 30 фоиз афзоиш ёфта, то ба 82 миллиард сомонӣ расонида хоҳад шуд.

Зикр шуд, ки соли 2017 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ нисбат ба соли қаблӣ 12 фоиз ва дар муқоиса бо нишондиҳандаи пешбинишудаи барномавӣ 8 фоиз зиёд гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш ёфт. Муҳимтар аз ҳама, рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат 21,5 фоиз, кишоварзӣ — 7,2, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ — беш аз 6, савдои чакана — 6,6 ва хизматрасонии пулакӣ 1,8 фоиз таъмин гардида, таваррум дар сатҳи 6,3 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Интихобкунандагон низ ба сухан баромада, изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷиши фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молия­вӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар ду соли минбаъда моратория эълон гардид.

Тоҳир ҷобирзода, инчунин бо мақсади шунидани арзу дархости интихобкунандагон 15 январи соли ҷорӣ дар ­ноҳияи Бохтар рӯзи қабул доир намуда, баъд аз шунидани арзу дархости интихобкунандагон ба онҳо ваъда дод, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда кӯшиш хоҳад кард.

 Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»