Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон

№114 (3908) 20.09.2018

Аз 10 то 18 сентябри соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ, Иброҳим Абдуллозода, Зуфар Исмоилзода, Аҳмадҷон Қобилов, Баҳодур Акрамзода, Хисрав Абдуназар, Миралӣ Достиев, Олим Салимзода, Нурулло Оқилзода, Мавзуна Шамсиддинзода, Ҷаббор Ахмедов, Мавлуда Мирзозода, Равшан Раҷабов ва Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо интихобкунандагон дидору мулоқот намуданд.

Аз ҷумла, вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Мирзозода ва Абдуғаффор Холиқзода дар Беморхонаи марказии ноҳияи ба номи Б. Ғафуров шавқовару хотирмон баргузор гардид.

Абдуғаффор Холиқзода роҷеъ ба сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кӯшишу заҳматҳояш ҷиҳати таъмини сулҳу суботи кишвар, баландбардории сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат сухан ронда, изҳор дошт, ки фаъолияти самараноки соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарофати оромӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвар аст. Сипас, ӯ ҳозиринро даъват намуд, ки сулҳу ваҳдати комилро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва баҳри таҳкими пояҳои соҳибис­тиқлолии кишвар кӯшиш кунанд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Бобоҷон Ғафуров, 14» Мавлуда Мирзозода оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуну қарорҳои наве, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат қабул шуданд, ҳарф зада, афзуд, ки онҳо ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудаанд.

Дар қисмати хотимавӣ интихобкунандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»

***

Чанде пеш дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки «Бохтариён»-и ноҳияи Кӯшониён, намояндагони синну сол ва касбу кори гуногун барои мулоқот бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Ҷобирзода ҷамъ омаданд.

Тоҳир Ҷобирзода ибтидо дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли як соли охир ва қонуну қарорҳои дар ин давра қабулшуда ба ҳозирин маълумот дод. Сипас, нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, дар ин замина аз ба тас­виб расидани Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон оид ба зиёд намудани музди меҳнат, идрорпулии донишҷӯён ва нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардид. Вакили Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, ба масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои характери тер­рористидошта, мус­таҳкам шудани равобити дӯстии байни давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки бо ташаббуси бевоситаи сарварони ҳар ду ҷумҳурӣ сурат гирифт, дахл намуд.

Инчунин, вохӯриҳо бо иштироки доираи васеи интихобкунандагон бо вакили Маҷлиси намояндагон Мирзодавлат Сабурзода дар деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳияи Дӯстӣ, ба номи Калинин ва Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, деҳоти «Панҷ», «Ваҳдати миллӣ», «Намуна», «Меҳвар», «Нури ваҳдат» ва Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун сурат гирифт.

М. Сабурзода баробари мавзӯъҳои дар боло ёдшуда, ҳамчунин, дар бораи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷараёни иҷрои онҳо аз ҷониби шаҳрвандон ва ғайра сухан ронда, ба саволҳои интихобкунандагон посух дод.

Дар шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон низ вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор гардиданд. Аз ҷумла, вакилони Маҷлиси намояндагон Лутфия Раҷаб­зода, Ҳокимҷон Холиқов дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Анвар Тағоймуродов дар шаҳрҳои Бохтару Левакант, Бадриддин Сад­риддинов, Орифҷон Ҳакимов, Ҳокимҷон Холиқов дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиён, Носири Хусрав, Бахтовар Сафарзода, Қиё­миддин Миралиён дар ноҳияи Вахш ва Толибхон  Азимзода дар ноҳияҳои Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон бо интихобкунандагон мулоқот карданд.

Зимни боздид аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, рӯзҳои қабули шаҳрвандонро ба роҳ монда, дар доираи салоҳият ба ҳаллу фасли мушкилоти онҳо мусоидат  намуданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

***

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Истаравшан, № 23» Иброҳим Абдуллозода нахустин мулоқотро бо интихобкунандагони ноҳияи Шаҳри­тон доир кард. Дар он теъдоди зиёди интихобкунандагон ҳузур доштанд.

Ҳамчунин, вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи маориф, беморхонаи марказӣ ва сокинони деҳоти «Сабристон», «Ниҷонӣ», «Гули Сурх»- и шаҳри Истаравшан вохӯрӣ намуд.

Мавзӯи асосӣ дар мулоқотҳо, тавзеҳи дастовардҳои беназири дар 27 соли соҳибистиқлолии кишвар бадастомада, шарҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи амалии ҳадафҳои эълон гардидани соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ошно намудани мардум бо вазъи буҳронии ҷаҳони имрӯза, даргириҳо дар як қатор давлатҳои исломӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, даъвати онҳо ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, инчунин шинос намудани интихобкунандагон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи нуҳ моҳи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

- Зимни вохӯриҳо интихобкунандагон низ ба сухан баромада, аз пешрафти кишвар, ободии Ватан ва фаровонии дастурхонашон мегуфтанду шукргузорӣ мекарданд. Пешниҳоду дархосташонро қабул намудем ва барои ҳаллу фасл ба идораю вазоратҳои зарурӣ мерасонем, — иброз намуд Иброҳим Абдуллозода.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»