Вохӯрии вакилони парлумони Тоҷикистону Туркманистон

№43 (4783) 07.04.2024

Панҷуми апрели соли 2024 дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман — Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода ва раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, раиси Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Туркманис­тон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ бо раиси Кумитаи Маҷлиси Туркманистон оид ба кор бо мақомоти намояндагии маҳаллӣ Мақсадбердӣ Қурбонов ва раиси Кумитаи Маҷлиси Туркманистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Гуванчмират Агаев баргузор гардид.

DSC_2497DSC_2501DSC_2551Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Туркманистон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ