Вокуниши саривақтӣ ба муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ

№ 07.07.2021

2618655_originalМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки муроҷиати дастаҷамъонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳти унвони «Мо ҷонибдори амнияти фарзандонамон» ба унвони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки 6 июли соли 2021 дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расидааст, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҳодисаи куштори ноболиғ Иноятова Руфайда, ки 4 июли соли равон дар ноҳияи Рӯдакӣ содир гардид, боис ба нигаронии амиқи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гардида, раванди тафтиши он зери назорати қатъӣ қарор дорад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба ҳодисаи зикршуда Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати анҷом додани чорабиниҳои таъхирнопазири тафтишотӣ ва муайянсозии сабабҳои ба содиршавии ҷинояти мудҳиш мусоидаткунанда тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешида, ҳар чӣ зудтар тибқи талаботи қонун шахсони ҷинояткор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки зимни ҷаласаи корӣ аз 11 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти давлатии масъул ҷиҳати такмили қонунгузорӣ вобаста ба пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбат ба ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон дастур дода буданд.

 

Айни замон лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки мутобиқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои дар боло зикршуда пурзӯр карда хоҳад шуд.

Дар ин бора 7 июли соли равон аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

“Садои мардум”