Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор, хусусан, палатаи болоии он, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи доираҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва мардуми одӣ қарор дорад. Зеро вазифаи роҳбарии он аз назари конститутсионӣ ҳамчун «мақоми дуюми сиёсии кишвар» эътироф гардидааст.
Таҳлили холисонаи фаъолияти мақомоти мазкур дар раванди кор ва баҳои воқеӣ ба он аз формулаҳои қабулшудаест, ки барои муайян намудани натиҷаҳои минбаъда хидмат мерасонад.
Тавре маълум аст, 17 апрели соли 2020 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он 31 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 25 нафар интихоб ва 6 нафар таъингардида иштирок намуданд.
Маҳз дар он иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ, аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд, ки ҳамчун муҳимтарин рӯйдоди сиёсии кишвар дар таърихи давлатдории навин нақш хоҳад баст.
Аз он давра як сол сипарӣ мегардад. Натиҷаи фаъолияти яксолаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум гувоҳи он аст, ки интихоби муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бамаврид ва шоистаи таҳсин аст. Зеро дар ин давра Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии бевоситаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ фаъолиятро дар асоси Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шоиста ба роҳ монда, натиҷаҳои назаррасро ба даст овард.
Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, дар доираи як соли фаъолияти муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин маълумоти таҳлилӣ — хронологиро пешниҳод созем.
26 июни соли 2020
Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он аъзои Маҷлиси миллӣ 30 масъаларо баррасӣ намуданд.
Тибқи рӯзномаи иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ як қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва як қатор қонунҳои дигарро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.
Тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазирзода Гулнора, Қуватзода Турон ва Ҷуразода Насиба аз вазифа бозхонд карда шуда, ба муҳлати нав судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз судяҳои навинтихобшуда даъват ба амал оварданд, ки баробари шарафёб гардидан ба боварии Сарвари давлат баҳри таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд содиқона хизмат намоянд.
Ҳамчунин, дар иҷлосия машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Дар иҷлосия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, дар назди кумитаҳо, комиссия ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Аз ҷумла, қайд намуданд: «Маҷлиси миллӣ ҳамчун палатаи болоии мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор иродаи олии мардуми шарифи Тоҷикистонро таҷассум менамояд. Дар марҳалаи нави ҷаҳонишавӣ ва мушкилоти вобаста ба он, инчунин, дар шароити буҳрони шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ нақшу мақоми Маҷлиси миллӣ ва рисолати ҳар як узви он бояд ҳамқадами замон ва ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад.».
5 августи соли 2020
Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Зимни он, ки рӯзномааш аз 10 масъала иборат буд, аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 4 қонуни мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ҳамаҷониба баррасӣ гардида, ҷонибдорӣ ёфтанд.
6 августи соли 2020
Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар он баробари тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Олимзода Насим ва дар бораи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдуллозода Ҷамолиддин, инчунин, бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳор доштанд, ки ин чорабинии муҳими сиёсӣ бояд дар доираи талаботи Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф, бо иштироки фаъолонаи халқи Тоҷикистон ва ҳизбҳои сиёсӣ сурат гирифта, ҳамчун омили муттаҳидкунандаи мардуми кишвар ва таҳкими ваҳдату субот дар ҷомеа хизмат намояд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ саҳмгузор бошанд.
11 сентябри соли 2020
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Шермуҳаммад, прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе, ҷаласаи корӣ доир намуданд.
Зимни он дар қатори дигар масъалаҳо санҷиши муроҷиати хешовандони духтари сесолаи таҷовузшуда аз шаҳри Турсунзода ва дигар ҳодисаҳои ба ин монанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, боиси ба вуҷуд омадани сару садои зиёд гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супориш доданд, ки таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятиро ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият, ахлоқ, озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбат ба хурдсолон ва ноболиғон, ки дар моддаҳои 138-142 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, мавриди таҳлил қарор дода, сабабу омилҳои содиршавии чунин ҷиноятҳоро муайян карда, ҷиҳати дар оянда пешгирӣ намудани содиршавии онҳо якҷо бо дигар мақомоти дахлдор чораҳои қатъӣ андешанд.
21 сентябри соли 2020
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати парламентии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таҳти сарварии муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси ин кишвар муҳтарам Улуғбек Иноятов ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ ба масъалаи рушду инкишофи ҳамкориҳо дар аксар соҳаҳо, бахусус парламентаризм, диққати хос зоҳир намуданд.
10 октябри соли 2020
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳти сарварии ҳамоҳангсози гурӯҳ, раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба сохторҳои федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои Шимолӣ Олег Мелниченко, ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакат ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.
24 ноябри соли 2020
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ озими шаҳри Москваи Федератсияи Россия шуданд.
Дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Илёс Умаханов ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
24 ноябри соли 2020
Нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Москва мулоқоти хосаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарама Валентина Ивановна Матвиенко, инчунин, ҳайатҳои расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар қолаби васеъ доир гардиданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ муҳимияти баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкории стратегии ҳар ду кишварро дар сатҳи роҳбарони мақомоти қонунгузор таъкид намуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Россия ҳоло дар ҳама самт муттасил рушд ёфта, робитаҳои байнипарламентӣ мунтазам ба сатҳи сифатан нав мегузаранд.
Аз рӯи натиҷаи мулоқот ҷонибҳо назари некбинонаро аз дурнамои ҳамкории стратегии ҳар ду кишвар таъкид карданд ва изҳори умед намуданд, ки боздиди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия ба муносибатҳои бисёрсоҳаи миёни Тоҷикистону Россия неруи тоза бахшида, масъалаҳои бамиёнгузошта мавриди таваҷҷуҳи Шӯрои Федератсия қарор хоҳанд гирифт.
25 ноябри соли 2020
Дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия, бахусус дар самти робитаҳои байнипарламентӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба масъалаи таҳкиму густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
25 ноябри соли 2020
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонашон, ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пояи Оромгоҳи «Сарбози номаълум» гулчанбар гузошта, бо лаҳзаи хомӯшӣ хотири шаҳидони ҷангро пос доштанд.
25 ноябри соли 2020
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия иштирок намуданд.
Раиси Маҷлиси миллӣ робитаҳои байнипарламентиро нек арзёбӣ намуда, нақши дипломатияи парламентиро яке аз унсурҳои калидӣ дар таъмиқи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои мутақобила маънидод карданд.
Тавсеаи муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия, на танҳо ифодаи иродаи роҳбарияти олии сиёсии ҳар ду давлат, инчунин, саҳми парламентҳо арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Россия, ки дорои иқтидорҳои ғанӣ буда, яке аз омилҳои муҳими нигоҳдорӣ ва таҳкими амнияту осоиш дар минтақа мебошад, баҳои баланд доданд.
25 ноябри соли 2020
Дар бинои Ҳукумати Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Алексей Оверчук мулоқот намуданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар шуданд, ки асосҳои қарордодиву ҳуқуқии тарафайнро наздики 300 созишномаи байнидавлативу байнисоҳавӣ ташкил медиҳад, ки иҷрои босифати онҳо беҳбудии ҷиддиро тақозо мекунад.
Вобаста ба саноатикунонии иқтисоди кишвар, ки афзалияти стратегӣ эълон шудааст, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, қобили қабул арзёбӣ гардид.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, манфиатдор будани ҷонибҳо ба масъалаи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва сабзавоту мева мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ аз тезонидани суръати сохтмони 5 муассисаи таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаи тарафайн изҳори назар карданд.
25 ноябри соли 2020
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия дар бинои Ҳукумати шаҳри Москва бо Раиси шаҳри Москва Сергей Собянин мулоқот карданд.
Маҳаки асосии вохӯриро баррасии маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Москва ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки робитаҳои минбаъда ташкил дод.
Бо ҳамин нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, дар таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Россия саҳифаи нав боз намуд.
27 ноябри соли 2020
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи 51-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шакли видеоконференсия сурат гирифт, ширкат варзиданд.
Дар он як силсила масъалаҳо, аз ҷумла интихоби Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, нақшаи кории Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, рушди парламентаризм, робитаҳои байнипарламентӣ, дастгирии қонунгузории тадбирҳо дар кишварҳои узви ИДМ дар робита бо пандемияи COVID-19 ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
30 ноябри соли 2020
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи 13-уми пленарии он, ки дар шакли видеоконференсия сурат гирифт, иштирок намуданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ суханронӣ намуда, бо дарназардошти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 пешниҳод карданд, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нимсолаи якуми соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шавад. Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодро якдилона қабул карданд.
9 декабри соли 2020
Нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Аъзои Маҷлиси миллӣ, тибқи рӯзнома, 38 масъала — қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳои дигарро ҷонибдорӣ намуданд.
Дар иҷлосия бо пешниҳодҳои Президенти мамлакат бо сабаби ба кори дигар гузаштан судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Даврон ва бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматуллозода Бахтулло ва Додихудозода Давлатмо аз вазифа бозхонд карда шуданд.
Инчунин, тибқи пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии аъзои Маҷлиси миллӣ номи деҳоти «Шитхарв»-и ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳоти «Вахон» иваз карда шуд.
Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллиро ба як қатор масъалаҳои ҳалталаб, ки боис ба муроҷиати зиёди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардиданд, ҷалб намуданд.
Хусусан, бо таваҷҷуҳ ба натиҷаи таҳлили вазъи бозори дохилӣ ибрози ақида намуданд, ки миёни ширкатҳои давлатӣ, хусусӣ ва хориҷӣ дар соҳаи истеҳсоли мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ рақобати солим ба назар намерасад ва яке аз омилҳои чунин ҳолат камфаъолиятии сохторҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои бозорӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти сохторҳои дахлдорро ҷиҳати пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҳолатҳои ғасби ғайриқонунии заминҳо ва сохтмони манзили истиқомативу дигар иншоот пурзӯр намоянд.
10 декабри соли 2020
Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи озод кардан ва таъин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки тавассути меҳнати содиқона ва софдилона сазовори боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида, ба мансабҳои олии давлатӣ ва пуршарафу масъулиятнок таъин гардиданд, самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо комёбӣ таманно намуданд.
25 январи соли 2021
Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Аъзои Маҷлиси миллӣ, тибқи рӯзнома, 23 масъала, аз ҷумла, қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ва дигар қонунҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.
Инчунин, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус» баррасӣ гардида, он аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ якдилона қабул гардид.
Тибқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Турахон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуд.
Ҳамчунин, ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» шунида шуд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бо дарназардошти корҳои анҷомдодаи мақомоти прокуратура ва таҳлили маълумоти омории вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар соли сипаришуда, аз прокурори генералӣ талаб намуданд, ки назорати прокурориро дар самти пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандони кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таъмини амнияти иттилоотии кишвар пурзӯр карда, ҷиҳати коҳиш додани содиршавии ҷиноятҳои авбошӣ, бахусус авбошии гурӯҳӣ аз ҷониби наврасону ноболиғон бо истифода аз силоҳи сард, ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартараф намудани ҳолатҳои сохтакорӣ ва изофанависии ҳисоботи оморӣ дар соҳаи кишоварзӣ чораҳои иловагии қатъӣ амалӣ намояд.
Дастур дода шуд, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти назорати риояи дақиқ, иҷрои бечунучаро ва якхелаи қонунҳо, ошкор ва бартараф намудани мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, огоҳонӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, аз байн бурдани шиканҷа, муносибатҳои бераҳмона ва дигар кирдорҳои таҳқиркунандаи шаъну шарафи инсон дар рафти таҳқиқу тафтиши пешакӣ, тавқифгоҳҳои нигоҳдории муваққатию тафтишотӣ ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, таъмини риояи қонунгузорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, бахусус ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, раванди муҳоҷират ва ҳифзи сиҳатии мардум, пешгирии ҷинояту дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, баррасии пурра ва ҳамаҷонибаи муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ тақвият бахшанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки дар баробари пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, шарҳу тавзеҳ ва амалигардонии қонунҳои қабулшуда, ҷиҳати амалисозии ташаббусҳои созанда ва нақшаҳои ватандӯстона дар роҳи ободу зебогардонии кишвар ба истиқболи ҷашни арзандаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талоши бештар равона намоянд.
17 марти соли 2021
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран мулоқот анҷом доданд.
Зимни он, бо дарназардошти таърихи бисёрсолаи муносибатҳои ҳасанаи ҳар ду кишвар, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Франсия ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тавсеаи муносибатҳоро бо ин кишвар аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷӣ меҳисобад.
Дар баробари дигар соҳаҳо, инчунин, рушди робитаҳои байнипарламентии ҷавобгӯи талаботи муосир ҳамчун яке аз василаҳои самараноки рушди ҳамкории дуҷониба арзёбӣ ва зарурати фаъолгардонии робитаҳо миёни гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Франсия таъкид карда шуд.
17 марти соли 2021
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Лякин-Фроловро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарламентиро баррасӣ карда, дар марҳилаи муосир нақши дипломатияи парламентиро ҳамчун унсури калидии ҳамкории байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ин ҷода аҳамияти муассири ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи сиғаҳои нодиру самараноки бисёрҷониба, пеш аз ҳама, Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва саҳми муҳими онҳо дар рушди фазои ҳуқуқӣ таъкид гардид.
1 апрели соли 2021
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея муҳтарам Пак Бён Сок, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуданд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ василаи самараноки рушди ҳамкории дуҷонибаи ҷавобгӯ ба манфиати миллии ҷонибҳо буда, дар марҳилаи кунунӣ фаъолгардонии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ба мақсад мувофиқ аст.
16 апрели соли 2021
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро даъват намудаанд, ки дар он баррасии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон, инчунин, масъалаҳои тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва иваз намудани номи баъзе аз маҳалҳои аҳолинишини кишвар дар назар дошта шудааст.
Тавре аз маълумоти хронологӣ бармеояд, дар як давраи кӯтоҳ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун роҳбари оқилу кордон тамоми иқтидор ва ҳастиро баҳри амалисозии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самти инкишоф, пеш аз ҳама, такмили қонунгузории мамлакат, татбиқи самараноки қонунҳои амалкунанда ва роҳандозӣ кардани ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ равона намуда, робитаҳои байнипарламентиро бо кишварҳои дуру наздик таҳкиму тавсеа бахшида, палатаи болоии парламенти мамлакатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд, ки аз ҷониби ҷомеа ҷонибдории амиқ ёфт.
Қурбонзода Наврӯз Шариф,
ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО ва созмонҳои ғайридавлатӣ