10 феврали соли равон дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» Анҷумани доираи иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкории Тоҷикистону Чехия баргузор шуд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода иброз дошт, ки робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, бахусус бо Ҷумҳурии Чехия дар асоси анъанаҳои неки дӯстӣ, эътимод ва эҳтироми мутақобила 25 сол муқаддам оғоз гардидааст.
- Дар муносибатҳои муосири байнидавлатии Тоҷикистону Чехия сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия муҳтарам Милош Земан ба Тоҷикистон, сафари расмии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чехия ва дар доираи онҳо баргузор шудани ҳамоиши соҳибкорону сармоягузорон падидаи нек маҳсуб ёфта, ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҳар ду ҷониб такони нав бахшид, — афзуд Файзиддин Қаҳҳорзода. — Инчунин, баргузории ҷаласаи якуми гурӯҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масоили ҳамкориҳои иқтисодию саноатӣ ва ҳамкориҳои соҳавии Тоҷикистону Чехия дар моҳи январи соли 2016 барои боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар самти сармоягузорӣ, тиҷорат, саноат, энергетика, маориф ва илм, туризм, кишоварзӣ ва нақлиёт заминаи устувор гузошт.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузории чорабиниро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба хеле муҳим арзёбӣ кард.
- Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузорон дар маҷмӯъ, зиёда аз 70 намуди имтиёзро кафолат додааст, ки барои фаъолияти самараноки иқтисодии онҳо шароити мусоид фароҳам месозанд, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров. — Бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои чорводорӣ, истеҳсолу содироти меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, занбӯриасалпарварӣ, содироти оби хушсифати нӯшокӣ бо мақсади баровардани маҳсулот ба бозорҳои Аврупо барои шарикон фоидаовар хоҳад буд.
Шукурҷон Зуҳуров дар бораи самтҳои пурманфиати ҳамкорӣ, аз қабили бунёди иншооти гидроэнергетикӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, коркарди нахи пахта ва алюминийи аввалия маълумот дода, қайд намуд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди ин соҳаҳо барномаҳои махсус қабул ва ба сармоягузорон имтиёзҳои иловагӣ пешниҳод шудааст.
Раиси Палатаи вакилони Парламенти Ҷумҳурии Чехия Ян Ҳамачек иброз дошт, ки робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Чехия рамзист. Дар ин ҷода танҳо қадамҳои нахустинро гузошта истодаем. Нишондиҳандаи аз ҳама зиёд соли 2004 ба қайд гирифта шудааст, ки ба 22 миллион доллар баробар аст, вале ин қуллаи баланди имкониятҳои ду кишвари дӯст буда наметавонад.
- Муносибатҳои қарордодиву ҳуқуқии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия, ба монанди пешгирии андозбандии дутарафа, дастгирию ҳимояи дуҷонибаи сармоягузорӣ ва ғайра моро эътимод мебахшанд, ки нишондиҳандаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ беҳтар мегардад, — гуфт Ян Ҳамачек. — Чорабинии имрӯза дар доираи ҳамкориҳои мақомоти олии қонунгузории кишварҳоямон баргузор шуд ва бубинед, ки дипломатияи парламентӣ дар баробари дигар самтҳо ба вусъати ҳаҷми тиҷорату иқтисод мусоидат мекунад. Яъне, дипломатияи парламентию иқтисодӣ метавонанд самарабахш муттаҳид шаванд. Ман чунин мепиндорам, ки имрӯз ба мо он муяссар шуд.
- Ман соли 2014 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан ба Тоҷикистон омада будам, — гуфт директори иҷроияи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Чехия оид ба давлатҳои ИДМ Франтишек Масопуст. — Хушҳолам, ки бори дигар омадам. Барои рушди тиҷорат мо омодаем, ки ҳамкорӣ кунем ва бо имконоти якдигар ошно гардем. Бигзор соҳибкорони Тоҷикистон низ ба Чехия сафар намуда, имкониятҳои худро муаррифӣ кунанд.
Директори генералии «Тоҷинвест» Некрӯй Забирзода барои меҳмонон имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Ӯ гуфт, ки дар Тоҷикистон барои рушди соҳибкории хусусӣ ва ҳимояи сармоя қонун қабул шудааст. Ҳамчунин, қонунгузорӣ як қатор имтиёзро дар ин самт пешбинӣ кардааст. Масалан, корхонаи нави истеҳсолӣ вобаста ба ҳаҷми сармоягузорӣ дар 1-5 сол аз пардохти андоз аз даромад озод мешавад. Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бошад, танҳо 2 намуди андоз месупоранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб соҳибкорони ҳар ду кишвар вобаста ба самтҳои мавриди таваҷҷуҳ бо ҳам вохӯрда, роҳҳои ҳамкориҳои минбаъдаро муайян карданд. Миёни як қатор муассисаву ширкатҳои Тоҷикистону Чехия санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ