4 марти соли 2019 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки дар ҳавзаи мазкур интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда баргузор шуд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва протоколи ҷамъбасти натиҷаи интихобот дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 интихоботи мазкурро баргузоргардида ҳисобида, Файзов Ёдгор Доёровичро бо гирифтани аксарияти овозҳои вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобгардида ҳисобида, ба қайд гирифт ва ваколати ӯро тасдиқ намуд.
ҚАРОРИ
КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ
ИНТИХОБОТ ВАРАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи натиҷаи интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати узви интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мувофиқи моддаҳои 12, 52 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси протоколи ҷамъбасти натиҷаи интихобот дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 аз 4 марти соли 2019, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, ки рӯзи 4 марти соли 2019 сурат гирифт, баргузоргардида ҳисобида шавад.
2. Файзов Ёдгор Доёрович бо гирифтани 293 овози вакилони интихобкунандаи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобгардида ҳисобида шуда, ба қайд гирифта, ваколаташ тасдиқ карда шавад.
3. Ба узви интихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи аъзои Маҷлиси миллӣ дода шавад.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода
Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Азизова
ш. Душанбе, 4 марти соли 2019, № 6