Чаро дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба он камтаваҷҷуҳанд?
7-уми декабри соли равон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд. Дар кори он иҷрои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки дар натиҷаи пурра амалӣ гаштани «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» масъалаи ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ба низоми ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ ворид гардид. Имкон шуд, ки қисми азбайнрафтаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тармиму барқарор ва барои наслҳои оянда дар шакли аслии таърихии худ пешниҳод шаванд. Омӯзиши илмии ёдгориҳо ҳамчун маҳсули санъату ҳунари волои ниёгон ва истифодаи он дар замони муосир барои дарки таъриху фарҳанг ва посдории анъанаҳои гузаштагон заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи ёдгориҳои таърихиро муҳим арзёбӣ намуда, аз ҷумла, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омӯзиш ва муаррифии таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва арсаи байналмилалӣ кори зиёдро ба анҷом расонида истодааст. Қабули «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошад.
- Аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфтани 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун яке аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ ва ба рӯйхати объектҳои нодири Шоҳроҳи бузурги абрешим ворид гардидани Панҷакенти қадим, Бунҷикати қадим, Ҳисор, дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад, шаҳраки Тахти Сангин, Ҳулбук, қалъаи Ямчун аз таърихи куҳанбунёд ва тамаддунсози тоҷикон шаҳодат медиҳад, — афзуд Дилрабо Мансурӣ.
Таъкид шуд, ки ҳанӯз дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мушкилиҳо ба назар мерасанд. Бештари онҳо дар ноҳияҳо ҷойгиранд ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо барои ҳифзи он бояд масъулият эҳсос намоянд, аммо на ҳамеша чунин аст. Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ғиёсиддин Шарифзода аз вазъи ногувори баъзе ёдгориҳои кишвар нигаронӣ намуда, аз ҷумла гуфт: «Аз беаҳамиятии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо баъзан замини ёдгориҳо барои сохтмон ё замини кишт истифода мешаванд. Ҳоло Вазорати фарҳанг 3413 ёдгории таърихию фарҳангиро ба рӯйхат гирифтааст, аммо дар аксари шаҳру ноҳияҳо дар харитаҳои заминсозӣ ин ёдгориҳо ва мавзеъҳои муҳофизатии онҳо қайд нагардидаанд».
Маълум гардид, ки барои иҷрои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» бисту шаш миллиону ҳаштсаду сенздаҳ ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ мебошад. Тибқи барномаи мазкур, солҳои 2021-2025 барқарорсозии 6 қалъа, 3 мақбара, шаҳрак, 2 масҷиди таърихӣ, мадраса, манора, дайри буддоӣ ва мавзеи тасвирҳои рӯисангӣ, ки дар маҷмӯъ 16 ёдгории меъморӣ-бостонӣ дар назар буд. Инчунин, корҳои лоиҳакашӣ ва бостоншиносӣ, сертификатсия, такмили ихтисоси мутахассисони соҳа, тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ ва анҷоми баъзе корҳои муҳими дигар пешбинӣ гардидааст.
Қисме аз маблағҳои дар барнома пешбинишуда бояд аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пардохт шаванд. Аммо аз гузориши муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода маълум гашт, ки аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ин мақсад умуман маблағ ҷудо нашудааст.
- Солҳои 2021-2023 ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 8745,0 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Бо сарфи маблағҳои зикршуда, аз ҷумла қалъаи Бешкент дар ноҳияи Носири Хусрав, масҷиди таърихии Шоҳи Хомӯш дар ноҳияи Муъминобод, шаҳраки Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиён, мақбараи Хоҷа Сангхок дар ноҳияи Варзоб, мақбараҳои Хоҷа Нақшрон 1 ва 2 дар шаҳри Турсунзода тармим гардиданд, — афзуд Манучеҳр Шарифзода.
Дар доираи барнома, ҳамчунин, ҳуҷраҳои мадрасаи Хоҷа Машҳад аз ҷониби олимону бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илсмҳои Тоҷикистон ҳафриёт ва барои аз нестшавӣ эмин нигоҳ доштан болопӯш гардид.
Солҳои 2022-2023 барои ҳифзи Қалъаи Данғара дар ноҳияи Данғара маблағ пешбинӣ гардида буд. Бо сабаби он ки иншооти мазкур дар ҳавлии истиқоматии сокинон ҷойгир мебошад, корҳо дар он оғоз нагардидаанд.
Лоиҳакашӣ ва бостоншиносӣ дар ёдгориҳои таърихии Золи Зар, Тахти Сангин, Қалъаи Ҳулбук, чашмаҳои Кӯлоб ва Хоҷа Нақшрон анҷом ёфта, иҳотаи қисми мавзеи Қалъаи Золи Зари ноҳияи Фархор идома дорад. Илова бар ин, дар масҷиди таърихии Дар-Дари ноҳияи Айнӣ барқарорсозии девори кандакорӣ ва наққошии шифти айвони он анҷом дода шуд.
Дар асоси банди 13-и барнома, барои иҷрои сертификатсия, банақшагирӣ, тайёр ва гузоштани нишонаҳо, таҳияи шиносномаи илмии ёдгориҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ вазифадоранд. Мутаассифона, ин банд то имрӯз аз ҷониби ягон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо иҷро нагардидааст. Ҳол он ки ба ин хотир масъулини Вазорати фарҳанг ба тамоми 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мактуб ирсол намуда буд.
Дар ҷаласа муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода, низ маърӯза намуд. Пас аз музокира ва саволу ҷавоб қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул шуд.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»