Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост

№120 (3757) 10.10.2017

DSC_4546Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли равон дар толори китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаббатшо Рӯзадор аз таърихи забони шевои тоҷикӣ ба ҳозирин маълумот дода, ёдрас шуд, ки забони тоҷикӣ на танҳо забони шеъру адаб, балки забони давлатдорӣ ва муоширати байни миллатҳо низ (алалхусус дар Ҳиндустон) буд. Ҳарчанд ғосибон ба сари мардуми мо борҳо лашкар кашида бошанд ҳам, забони миллати моро аз байн бурда натавонистанд. Бо вуҷуди аз байн рафтани давлати Сомониён, асрҳо забони давлатдорӣ дар Осиёи Марказӣ ва нимҷазираи Ҳинд форсии тоҷикӣ буд. Яъне, тоҷикон ҳокимияти сиёсиро аз даст доданд, аммо забони давлатдориро ҳифз намуданд.

Муҳаббатшо Рӯзадор хотиррасон намуд, ки аввалин шуда, дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ, соли 1989, маҳз дар Тоҷикистон бо талошу кӯшиши фарзандони миллат Қонуни забон ба тасвиб расид.

ӯ афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳомии асосии забони тоҷикӣ мебошанд, чунин фармудаанд: «Забони миллӣ симо ва пайкараи миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар бояд тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне бақои забон бақои миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост».

Муҳаббатшо Рӯзадор, инчунин ҳозиринро бо муҳтавои китоби Эмомалӣ Раҳмон — «Забони миллат — ҳастии миллат» ошно намуда, ин фармудаи Президенти мамлакатро хотиррасон кард: «Забони мо дар ҳама даврони таърихии ­гузашта аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоди мо буд. Ин иттиҳод бояд дар зеҳни мардум, бахусус насли ҷавон, ҳар чӣ бештар парвариш дода шавад».

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ