Панҷуми октябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Маҳмадтоир Зокирзода зимни сухани табрикӣ изҳор дошт, ки таҷлили ин санаи таърихӣ ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 иртибот дорад ва дар асоси ҳамин санади муҳим ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст.
- Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози истиқлолият барои рушди забони миллӣ ва таҳкими мақоми давлатии он пайваста тадбир андешида, ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ ҳама заминаро фароҳам овардааст, — зикр кард Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд, ки забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, дар ҳақиқат, оинаи рӯзгор, расму оин, суннату анъана ва донишу фарҳанги гузаштагон барои наслҳои имрӯза буда, беэҳтиромӣ нисбат ба он қотеътарин далели гум кардани ҳисси миллӣ аст.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ зимни баромадаш дар мавзӯи «Забон — ҳамчун муҳимтарин унсури бақои миллат» арҷгузорӣ ба забони модариро посдории рӯҳи гузаштагон ва амнияту суботи ояндаи миллат арзёбӣ намуд.
- Бунёдгузори илми тафсир Гадамер мегӯяд, ки абадияти миллат дар забони ӯст. Агар мардумшиносу забоншиноси машҳури рус Владимир Дал забонро ҳамчун меҳнати якасраи як насл шарҳ дода бошад, ман забони тоҷикиро заҳмати ҳазорсолаи чанд насл медонам, зеро забон таърихи миллат ва роҳи тайнамудаи тамаддуну фарҳанг ба ҳисоб меравад.
Бино ба гуфти Насиба Содиқӣ, забон ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ ва шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллатҳоро, пеш аз ҳама, ба воситаи он мешиносанд. Осори тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи мардуми мо ба воситаи ин забон ба ганҷинаи фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ дохил мешавад. Бинобар ин, забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мебошад, ки дар чунин маврид хавфи аз байн рафтани забонҳои миллӣ зиёд аст. Ҳифзу ҳимоя ва нигаҳдории он на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди он мебошад.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода доир ба паҳлуҳои ҳуқуқии забони давлатӣ маърӯза кард. Аз ҷумла, гуфт, ки мақоми забони давлатӣ, забони муоширати байни миллатҳо ва забони миллату халқҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ менамоянд, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Тибқи тағйиру иловаҳое, ки ба ин санади асосии давлатдорӣ 22 майи соли 2016 ворид гардид, ҳама миллатҳо ва халқҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд. Меъёри мазкур як навъи кафолати давлатӣ аст, ки мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мустаҳкам гардидааст. Таъминоти ҳуқуқии ташаккули забони модарӣ дар Тоҷикистон нахуст мисли аксари давлатҳои пасошӯравӣ замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ оғоз шудааст. Бо қарори якҷояи Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Шӯрои вазирони Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1988 таҳти № 127 «Дар бораи чорабиниҳо дар мавриди такмили омӯзиши забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ» қабул карда шуд, ки он аввалин санади расмӣ дар бораи густариши забони миллӣ дар давраи бозсозӣ дар Тоҷикистон буд, вале қабули ин санад дигар ба вазъи иҷтимоӣ таъсир расонида наметавонист ва таҳти таъсири боло рафтани худшиносии миллӣ ва муборизаи равшанфикрони тоҷик барои ба забони миллӣ додани мақоми давлатӣ 22 июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Қонуни мазкур барои гузаштани коргузории расмии идора ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ ба забони давлатӣ як давраи гузаришро муайян сохт ва муқаррар намуд, ки дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса, ташкилотҳо аз 1 январи соли 1996 коргузорӣ ба забони давлатӣ сурат мегирад.
- Пас аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2009) барои татбиқи самараноки он бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 таҳти № 604 дар назди Ҳукумати мамлакат Кумитаи забон ва истилоҳот таъсис дода шуд. Кумита вазифаи пешбурди сиёсати давлат ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқиро марбут ба забони давлатӣ амалӣ менамояд. Гузашта аз ин, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (таҳрири соли 1995) 21 июли соли 2010 таҳти № 615 иловаи дахлдор ворид гардид, ки тибқи он 5 октябр ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар гардид, ки ин рӯз ҳар сол дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо арҷгузории дахлдор ва ифтихор таҷлил карда мешавад, — афзуд Равшан Раҷабзода.
Зикр гардид, дар давраи соҳибистиқлолӣ ду «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 ва барои солҳои 2020-2030» таҳия ва қабул гардид. Бо амалисозии онҳо имконияти рушди забони давлатӣ фароҳам омада, чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ баргузор мешаванд, ки бевосита барои баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати забономӯзии ҳар як фарди ҷомеа хизмат менамоянд.
Ҳамчунин, Равшан Раҷабзода афзуд, ки тибқи маълумоти СММ дар ҷаҳон зиёда аз 6000 забон, мавҷуд аст, ки 43 дарсади он таҳти хатари нобудшавӣ қарор дорад. Танҳо садяки забонҳо дар ташаккули низоми байналмилалӣ таъсиргузор буда, дар сиёсати байналмилалӣ, давлатдорӣ, соҳаи маориф, технологияҳои рақамӣ ва ғайра нақши худро доранд. Маҳз, бо назардошти муҳимияти масъала ва мусоидат ба гуногунии фарҳангӣ моҳи ноябри соли 1999 аз ҷониби Конференсияи генералии ЮНЕСКО «Рӯзи байналмилалии забони модарӣ» эълон гардид, ки шурӯъ аз соли 2000 то инҷониб дар сартосари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мавзуна Шамсиддинзода дар мавзӯи «Забони мо — баёнгари сарнавишти мо» баромад кард.
Ӯ бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои Давлату Ҳукумат дар самти баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ гуфт, ки бо ғамхориҳои беназири Пешвои миллат забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ мавқеи умумимиллию давлатиро дубора устувор намуд ва шароити мусоиде дар ин даврон барои рушду камоли минбаъдаи он фароҳам омад.
Хусусан, масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва аз олудаҳои бегонаву унсурҳои маҳаллӣ пок сохтани забони адабӣ фарогири ҷузъи таркибии ҳамин марҳала мебошад.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, ташаккули вожагони он аз ҳисоби забони классикию халқӣ, ҳамчунин, ғанитару суфтатар намудани забони адабиро Пешвои миллат талқин намуда, ба аҳли зиё ва фарҳанг таъкид намуда буданд: «Покизаю беолоиш нигоҳ доштани забони матбуоти даврӣ вазифаи ҷонии зиёиёну аҳли фарҳанг ва ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯст мебошад».
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳим таҳия ва тарҷума мегарданд.
Ҷиҳати боз ҳам мустаҳкамтар намудани ҳисси ифтихор ва посдорӣ аз забони миллӣ Роҳбари давлат соли 2008-умро «Соли забони тоҷикӣ» эълон намуданд.
Инчунин, дар суханрониашон ба ифтихори ҷамъбасти «Соли забони тоҷикӣ» ба як масъалаи муҳими дигар таваҷҷуҳи соҳибзабононро ҷалб намуданд. Ин масъалаи тарзи андешаю баёни миллӣ буд, ки бисёр воқеӣ ва саривақтӣ садо дод. Раванди ҷаҳонишавӣ на танҳо ба забону фарҳанг, балки ба тарзи ифода ва ҷаҳони андешаи миллӣ бетаъсир намемонад.
Мавзӯи маърӯзаи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Файзулло Наҷмиддиниён «Забон — сарчашмаи асосии истиқлолияти миллӣ» буд.
- Дороии асосии ҳар як қавму миллат забони ӯст. Ин аст, ки забонро рукни муҳими давлатдорӣ ном мебаранд. Забон омили муҳими ташаккули миллат, баёнгари сарнавишт, мояи ифтихору сарфарозии соҳибзабонон мебошад. Таърихи ҳар халқу миллат дар забони ӯ таҷассум меёбад. Аз ин рӯ, тамоми миллату халқият ба забон эҳтироми шоиста доранд. Забон дар ҳаёти инсон нақши бисёр муҳим дошта, барои рушди маънавиёти ӯ хизмат менамояд.
Забон аз аломатҳои дигари миллат ҳам пештар ташаккул меёбад. Миллат бе умумияти забон ба вуҷуд намеояд. Забон бозёфти бебаҳову пурқимати ҷамъиятист, ки аз насл ба насл мегузарад, муносибатҳои наслу қавмҳои гуногунро барқарор мекунад, ганҷинаи илму фарҳангро ҳифз намуда, насиби наслҳои оянда мегардонад, — зикр кард номбурда ва афзуд, ки таърих гувоҳ аст, ки ҳар забоне аз саҳнаи сиёсат дур шавад, қудрату тавонро аз даст дода, заифу нотавон мегардад ва оқибат рӯ ба нестӣ меорад.
Файзулло Наҷмиддиниён таъкид намуд, ки маҳз забон равзанаи асосӣ ва ниҳоят муҳим барои раҳоӣ аз ҷаҳолат, нодониву кӯрдилӣ, гирифтани дониш, ғановати маънавӣ, худшиносиву худогоҳӣ, василаи муҳими таҳкими ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар саросари олам аст. Дар ин давраи ҳассос, давраи рушди босуръати техника ва технологияи навин ҳамаи мо бояд кӯшиш намоем, ки забони тоҷикӣ ба забони техника ва технологияи навин, яке аз забонҳои пешрафта ва мутараққии олам, ҷавобгӯи ҳама ниёзҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ табдил ёбад.
Хӯҷаназари АМИНИЁН,
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ