Ҳаштуми декабри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 56 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Ба рӯзномаи ҷаласа панҷ масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.
Хоҳиш мекунам, нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба таъсиси системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 27 апрели соли 2021
2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ»
4. Дар бораи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва давраи миёнамуҳлат
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба таъсиси системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 27 апрели соли 2021» сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад.
Шералӣ МИРЗО: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба таъсиси системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 27 апрели соли 2021» дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тасдиқи созишномаи мазкур, ҷиҳати эътибор пайдо намудани он манзури шумо мегардад.
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба таъсиси системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 27 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар раванди татбиқи минбаъдаи Созишнома оид ба таъсиси системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 10 феврали соли 1995 ба имзо расонида шуда, ҳамкории муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ ба танзим медарорад.
Иштирокчиёни созишномаи соли 1995 ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия буда, кишварҳои иштирокчӣ ва Федератсияи Россия чунин созишномаҳои дуҷонибаро ба имзо расониданд.
Тарафҳо, тибқи созишнома, бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳалли вазифаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоиро таъсис медиҳанд, ки қисми таркибии системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии давлатҳои иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
Вазифаҳои асосӣ, уҳдадориҳо, принсипҳои ташкил ва истифодаи қӯшунҳои системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар замони осоишта, давраи таҳдиди бевоситаи ҳуҷуми мусаллаҳона ва дар замони ҷанг бо низомномаи алоҳида муайян мегардад.
Тибқи созишнома, идоракунии амалҳои муштаракро дар сарҳадҳои маҳали алоҳидаи амнияти дастаҷамъӣ, яъне, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фармондеҳи Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Амалигардонии созишнома, аз нигоҳи иқтисодию молиявӣ манфиатовар буда, дар доираи маблағҳои буҷетии ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии кишвар пешбинигардида, ба роҳ монда мешавад.
Омӯзиш, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва пешбурди навбатдории ҷангӣ бо техникаҳои ҳозиразамони соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ хароҷоти маблағи зиёдро талаб менамояд.
Татбиқи созишнома имконият медиҳад, ки қувваю воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии Федератсияи Россия дар таъмини амнияти фазои ҳавоии кишвар иштирок намуда, инчунин, кадрҳои миллӣ самти пешбурди навбатдории ҷангиро бо истифода аз техникаҳои ҳозиразамони соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ бе хароҷоти маблағҳои иловагӣ аз худ намоянд.
Ин иқдом барои таҳкими минбаъдаи дурнамои соҳаи мудофиаи зиддиҳавоии кишвар аз лиҳози иқтисодию молиявӣ манфиатовар ҳисобида мешавад.
Тасдиқи созишнома ба қонунгузории ҷумҳурӣ мухолифат накарда, зарурияти ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба миён намеорад. Бо дарназардошти болоравии таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ба миён омадани шаклҳои нави пешбурди амалиётҳои ҷангӣ, аз ҷумла истифодаи васеи ҳавопаймоҳои бесарнишин, аз ҷониби гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, амалигардонии созишнома ба манфиати таъмини амнияти фазои ҳавоии кишвар арзёбӣ мегардад.
Аз ин лиҳоз, қабули қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси тасдиқи созишномаи зикршуда мувофиқи мақсад мешуморам.
Хоҳишмандам лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам дода мешавад. Марҳамат.
Шоҳмурод РУСТАМ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба таъсиси системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки 27 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани расмиёти дохилидавлатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Он бо мақсади дар доираи самтҳои асосии мутобиқсозии системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои ҳалли мудофиаи ҳавоии кайҳонӣ, инчунин, таъмини амнияти фазои ҳавоӣ дар минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа, ба имзо расидааст. Ва тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2021 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 2 декабри соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, сохторҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод. Иштирокчиён лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба таъсиси системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 27 апрели соли 2021» — ро ҷонибдорӣ намуданд.
Созишнома ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ аст.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба таъсиси системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 27 апрели соли 2021» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мирзоанвар Ахмедов дода мешавад. Марҳамат.
Мирзоанвар АХМЕДОВ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Ҳакимзода, Ф. Раҳимӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Р. Латифзода, М. Ахмедов, М. Юсуфӣ, З. Раҳмонзода ва М. Шамсидинзода таҳия гардидааст, пешниҳод карда мешавад.
Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар дастрасӣ, тақсимоти одилона ва баробари фоидаҳо аз истифодаи захираҳои генетикии рустаниҳо, ҳайвонот, микроорганизмҳо, донишҳои анъанавии мардуми кишвар оид ба захираҳои генетикӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ, истифодаи самараноки гуногунии биологӣ барои истеҳсоли хӯрокворӣ ва пешбурди соҳаи кишоварзӣ иборат мебошад.
Зимни таҳияи лоиҳаи қонун муқаррароти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот», «Дар бораи олами ҳайвонот» ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба инобат гирифта шуданд.
Лоиҳаи қонун се маротиба бо иштироки олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таклифу эродҳои онҳо пурра дар такмили он истифода гардиданд.
Лоиҳа аз 5 боб ва 27 модда иборат мебошад.
Дар боби 1 (моддаҳои 1-7) мафҳумҳо, доираи амали қонуни мазкур, объектҳои захираҳои генетикии ҳифзшаванда, принсипҳои истифода ва ҳифзи захираҳои генетикӣ, ҳуқуқи моликият ба онҳо, боби 2 (моддаҳои 8 -13) салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, Маркази миллии захираҳои генетикӣ, боби 3 (моддаҳои 14 — 21) дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ, донишҳои анъанавӣ оид ба онҳо ва тақсимоти фоида, таҳвилгарон ва истифодабарандагони намунаҳои захираҳои генетикӣ ва донишҳои анъанавӣ, маҳдудиятҳо, иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ, боби 4 (моддаҳои 22 – 24) дараҷаҳои коллексияҳо ва Феҳристи миллии захираҳои генетикӣ, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии намунаҳои онҳо, боби 5 (моддаҳои 25-27) муқаррароти хотимавӣ ифода ёфтаанд.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2021 таҳти № 786 лоиҳаи қонун барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Мутобиқи тартиби муқарраргардида, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонун хулоса пешниҳод намуда, дар маҷмӯъ, ҷонибдорӣ намуданд.
Барои такмили лоиҳа 69 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки аз онҳо 62 таклиф қабул, 2 — қисман қабул ва 5 таклифу пешниҳод қабул нашуд.
Дар асоси хулосаҳои воридгардида, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», муқаддима ва моддаи 1 такмил дода шуда, ду мафҳуми нав — «захираҳои генетикии ҳифзшаванда» ва «захираҳои генетикии аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта» ва як моддаи нав — «Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои генетикӣ» илова, моддаҳои 8, 14 ва 25 хориҷ ва моддаҳои 6, 7, 12, 15. 26 таҳрир карда шуданд.
Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаҳои 5, 12, 13 ва 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 40 – 43 ва 49-53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дода мешавад. Марҳамат.
Сулаймон ЗИЁЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» муносибатҳо вобаста ба захираҳои генетикии ҳифзшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишҳои анъанавӣ оид ба онҳо мавриди танзими меъёрӣ қарор гирифта, объектҳои захираҳои генетикии ҳифзшаванда, принсипҳои асосии ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ, ҳуқуқи моликият ба захираҳои генетикӣ, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ мушаххас карда шудааст.
Боиси зикр аст, ки айни замон тибқи қонунгузории амалкунанда, дар самти захираҳои генетикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам» аз 1 августи соли 2012 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад ва меъёрҳои он муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам танзим намудааст.
Меъёрҳои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» муносибатҳоро дар самти захираҳои генетикӣ фароху васеъ вобаста ба объектҳои захираҳои генетикии ҳифзшаванда, олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла намудҳои гуногунии биологии экосистемаҳои табиӣ, инчунин, фонди генетикии онҳо, намудҳои набототи корам ва зотҳои ҳайвонот, дар бар гирифтааст.
Дар моддаи 10 лоиҳаи қонун се мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ муайян гардида, мувофиқи қисми 2 моддаи мазкур ваколатҳои зерини мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба захираҳои генетикӣ пешбинӣ шудааст:
- ташаккули бонки захираҳои генетикӣ;
- ташкили Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ;
- ташкил ва гузаронидани мониторинги ҳолати истифодаи набототи корам ва ҳайвоноти кишоварзӣ;
- ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ҳангоми гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ ва тухмипарварӣ;
- татбиқи чорабиниҳо оид ба барқароркунии намунаҳои захираҳои генетикӣ ва васеъ кардани минтақаҳои паҳншавии онҳо дар кишвар;
- таҳияи механизми дастрасӣ ба навъҳои маҳаллии рустаниҳо ва зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ;
- андешидани тадбирҳо оид ба таъмини мутаносибии миқдор ва тақсимоти намудҳои рустаниҳо ва ҳайвонот дар минтақаҳои кишвар;
- таъмини шароит ҷиҳати дастрасии иттилоот оид ба донишҳои анъанавӣ дар бораи захираҳои генетикӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар гузаронидани таҳқиқоти илмӣ оид ба ҳифз ва истифодаи навъҳои рустании корам ва ҳайвоноти кишоварзӣ;
- дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) оид ба ҳифзи навъҳои маҳаллии рустаниҳо ва зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ.
Пас аз қабули қонун аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани ваколатҳои дар соҳаи кишоварзӣ вобаста ба захираҳои генетикӣ пешбининамудаи он корбарӣ ва чораандешӣ карда мешавад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дода мешавад. Марҳамат.
Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» дар асоси уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Котиботи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ ва протоколҳои он, аз ҷумла Протоколи Нагоя доир ба дастрасӣ ба захираҳои генетикӣ ва истифодаи муштарак дар асоси одилона ва баробар гирифтани фоида аз онҳо омода ва пешниҳод шудааст.
Он бо дарназардошти таъмини истифодаи оқилонаи сарватҳои генетикӣ ва ба танзим даровардани меъёрҳои истифодаи намудҳои гуногунии биологӣ ҷиҳати ҳамоҳанг сохтани асосҳои ҳуқуқии истифодабарии табиат ба меъёрҳои умумибашарии ҳуқуқӣ ва таҳкими қонунгузории амалкунандаи соҳа таҳия карда шудааст.
Бо қабули Протоколи Нагоя ва ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба он таҷдиди муносибатҳо вобаста ба истифодаи захираҳои генетикӣ, мутобиқ сохтани фаъолияти соҳа ба талаботи замони муосир ва дигаргуниҳои дар ҳаёти иқтисодию ҷамъиятӣ рухдода қабули қонун мувофиқи мақсад мебошад.
Ҳамчунин, лоиҳаи қонун бо дарназардошти тағйироту иловаҳо, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузории мамлакат, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ворид карда шуданд, таҳия шуда, навоварӣ ва талаботи замони муосир дар он ба назар гирифта шудаст.
Барои амалигардонии қонун айни замон системаи электронии қабул ва дида баромадани дархостҳо аз ҷониби истифодабарандагони захираҳои генетикӣ барои пешбурди тадқиқот ва савдо аз тариқи сомонаи расмии мақоми ваколатдори Протоколи Нагоя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Маркази миллии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ омода аст.
Қабули қонун ба ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки истифодабарии захираҳои генетикӣ ва муқаррар кардани меъёрҳои истифодаи намудҳои гуногунии биологӣ, иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бастани шартномаҳо байни дорандагон ва истифодабарандагони захираҳои генетикӣ ва истифодаи донишҳои анъанавие, ки байни мардум оид ба истифодаи захираҳои генетикӣ маълум аст, таҳти танзими қонунгузорӣ амалӣ карда шаванд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: – Боз кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.
Гулбаҳор АШӮРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод шудааст, бо дарназардошти омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, геополитикӣ, байналмилалӣ, мавҷудияти захираҳои биологии аз ҷиҳати иқтисодӣ муҳим ва пурарзиши мамлакат таҳия гардидааст.
Оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами наботот ва ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои соҳавӣ қабул ва татбиқ гардида истодаанд.
Ҳамчунин, аз давраи қабули қонунҳои соҳавӣ то ҳол таҷдиди муносибатҳо вобаста ба ҳифз ва истифодаи захираҳои генетикӣ идома дошта, фаъолият дар ин самт бояд ба талаботи замони муосир ва дигаргуниҳои дар ҳаёти иқтисодию ҷамъиятӣ рухдода мутобиқ карда шаванд.
Бо дарназардошти танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳифзи истифодаи гуногунии биологии кишвар дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва истифодаи устувори онҳо дар истеҳсолоти ватанӣ қабули лоиҳаи қонун саривақтӣ мебошад.
Дар ҷаҳони муосир на танҳо ба вуҷуд овардани навъҳои нави рустанӣ ва зотҳои ҳайвонот, балки нигоҳ доштани гуногунии биологӣ, ки табиати Тоҷикистон онро доро мебошад, муҳим аст. Зеро захираҳои генетикӣ хиштҳои сохтмонии ҳаёт дар рӯи замин мебошанд. Бо муайян намудани заминаи ҳуқуқии истифода ва ҳифзи онҳо мо метавонем барои наслҳои оянда табиати бойро ба мерос гузорем.
Дар лоиҳаи қонун заминаи ҳуқуқии танзими истифодаи захираҳои генетикӣ дар пешбурди самараноки соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ва тақсимоти одилонаи фоида, дастрасӣ ба донишҳои анъанавии аҳолии маҳал оид ба захираҳои генетикӣ, ҳифзи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боздоштани дастрасии бе иҷозат ба онҳо ифодаи ҳаматарафаро ёфтаанд.
Инчунин, дар лоиҳаи қонун вазифаҳои Маркази миллии захираҳои генетикӣ, дараҷаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ ва тартиби нигоҳдории онҳо, барқароркунии генофонди захираҳои генетикӣ муайян карда шудаанд.
Аз шумо, вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Боз кӣ дар ин хусус баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.
Фазлиддин ИКРОМӢ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарват ва арзишҳои миллии давлат ба ҳисоб мераванд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ, инчунин, таъсири тағйирёбии глобалии иқлим ба ҳаёти башар, масъалаи ҳифзу нигоҳдошти захираҳои ирсии олами набототу ҳайвонот, тавассути он таъмини беҳдошти экосистема масъалаи муҳими рӯз аст.
Имрӯз гуногунии биологии Тоҷикистон хеле бой ва рангин аст. Дар асоси маълумоти навтарин дар таркиби фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4500 намуди рустаниҳои гулдор муайян карда шудааст. Дар экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон 80 фоизи гуногунии биологии кишвар сукунат дошта, рушду инкишоф меёбанд. Теъдоди зиёди навъу намунаҳои рустаниҳо, намуд ва зотҳои нодири ҳайвонот парваришу афзоиш доранд. Аз ин лиҳоз, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои гуногунии биологӣ омили муҳимтарини беҳдошти некуаҳволии мардум ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бобати самти танзими муносибатҳо оид ба захираҳои ирсӣ дар соҳаи кишоварзӣ солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ як қатор қонунҳои соҳавӣ аз ҷумла, дар бораи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои генетикии набототи корам, дар бораи тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, зотпарварию парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва амсоли онҳо, ба тасвиб расидаанд. Онҳо танзими муносибатҳоро дар бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ ва муҳити зист муайян намуда, дар баробари ин, системаи захираҳои генетикии флора ва фаунаи ҷумҳуриро мутобиқ ба меъёрҳои институтҳои байналмилалӣ, дар маҷмӯъ, ба таври мукаммал фарогир нестанд.
Бинобар ин, лоиҳаи қонун, ки бо мақсади танзими муносибатҳо оид ба асосҳои ҳуқуқию иқтисодии фаъолият дар бахши захираҳои генетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ, истифодаи самараноки гуногунии биологӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва пешбурди истеҳсолоти ватании соҳаҳои саноату кишоварзӣ таҳия гардидааст, ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Ҳамчунин, қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» барои ҳалли яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар — таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи мусоид фароҳам меорад ва аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи қонун мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва ё яклухт қабул карда шавад?
Пешниҳод аст, ки яклухт ба овоз монда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи он сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.
Гулбаҳор НАЗИРӢ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ Ш. Ҷумъазода, М. Умарализода, Н. Қосим ва вакилони Маҷлиси намояндагон М. Файзулло ва К. Исмоилиён таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади лоиҳаи қонун бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда ва мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ҷудогона дар самти фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ мебошад.
Мутобиқи лоиҳа, дар моддаҳои 4 ва 8 қонуни амалкунанда калимаи «ташхиси» бо истилоҳи ҳуқуқии «экспертизаи» иваз ва дар қисми 2 моддаи 4 бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» мафҳумҳои «мол», «бозори мол», «субъекти хоҷагидор» ва «гурӯҳи шахсон» дар таҳрири нав ифода гардиданд.
Тағйирот ба моддаи 6 бо дарназардошти талабот нисбат ба мол ва кору хизматрасонӣ, ки яке аз унсури он бехатарӣ ба ҳисоб меравад, робита дошта, сархати шашуми иловашуда минбаъд татбиқи назорати истифодаи кумакпулиҳои давлатӣ ва дигар тадбирҳои дастгирии давлатиро низ пешбинӣ менамояд.
Ҷиҳати фаъолнокии иттилоотии субъектҳои инҳисороти табиӣ ба қисми дуюми моддаи 8 уҳдадорӣ доир ба дар сомона ҷойгир намудани иттилоот илова карда шуда, дар ин робита, ба моддаи 18 қисмҳои чорум ва панҷум илова карда шудаанд, ки субъектҳои инҳисороти табиӣ бо риояи талаботи марбут ба ифшо накардани маълумоти дорои сирри бо қонун ҳифзшаванда дар воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар шабакаи Интернет, дар бораи фаъолияти худ иттилоот нашр менамоянд, муқаррар намудааст.
Татбиқи қонун зарурати қабул намудани санадҳои зерқонуниро талаб надошта, ба маблағгузории иловагии буҷетӣ ниёз надорад.
Қабули лоиҳаи қонун ҷиҳати бартараф шудани камбудиву норасоиҳо ва татбиқи якхелаи қонун, васеъ шудани доираи фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ ва уҳдадории онҳо, инчунин дастрасии аҳли ҷомеа ба иттилооти марбут ба фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ мусоидат менамояд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 18 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 16 — тоаш қабул ва 2 — тоаш қабул нашуд.
Дар ҷаласаи васеи кумита 1 декабри соли равон лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ карда шуд.
Лоиҳаи қонун дар кумита бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуда, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод дода мешавад. Марҳамат.
Абдулмаҷид МУМИНЗОД: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ танзими давлатии фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, 5 марти соли 2007 таҳти №235 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» қабул гардидааст, ки татбиқи амали он ба зиммаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ вогузор гардидааст.
Қонуни мазкур аз 5 боб ва 25 модда иборат буда, мақсади асосии он муайянсозии асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатӣ оид ба инҳисороти табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта ва барои ба даст овардани мувозинаи манфиатҳои истеъмолкунандагон ва субъектҳои инҳисороти табиӣ, ки дастрасии молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) пешниҳодшавандаи ин субъектҳоро ба истеъмолкунандагон ва фаъолияти самараноки субъектҳои инҳисороти табииро таъмин менамояд, равона шудааст.
Аз давраи қабули қонун ба он якчанд маротиба, бо мақсади мукаммал ва мутобиқ гардонидан ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Мақсад аз таҳияи лоиҳаи навбатии қонуни мазкур бартараф намудани камбудию норасоиҳо дар меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда ва мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ҷудогона дар самти фаъолияти субъектҳои инҳисороти табиӣ мебошад.
Тибқи таҷриба, ҳар як тағйиру иловаҳое, ки дар қонун дароварда мешавад, механизми нави танзимкуниро ба амал меорад. Дар баробари ин, самти фаъолияти соҳа беҳтар гардида, самаранокии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор таъмин карда мешавад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» — ро, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия гардидааст, ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС:- Ба баррасии масъала «Дар бораи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва давраи миёнамуҳлат» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи он сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дода мешавад. Марҳамат.
Ҳоким ХОЛИҚЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Иқтисодиёти ҷаҳон тайи ду соли охир зери таъсири пандемияи коронавирус қарор дошта, тамоюли идомаёбии номуайяниҳо дар он ва вазъи ноустувории нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва минтақа ба назар мерасад.
Болоравии арзиши хизматрасониҳои логистикӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералии соҳаи кишоварзӣ аз ҷумлаи он номуайяниҳое мебошанд, ки ба истеҳсолу интиқоли молу маҳсулот ва мувозинати талаботу таклифот таъсири манфӣ расонида, боис ба болоравии нархҳо шудаанд.
Дар баробари ин, коҳишёбӣ ва дурнамои истеҳсоли баъзе аз маҳсулоти асосии хӯрокворӣ, аз қабили гандум, равғани рустанӣ ва шакар, дар кишварҳои асосии истеҳсол ва содиркунандаи онҳо низ ба болоравии нархи маҳсулоти мазкур дар бозорҳои ҷаҳонӣ замина гузоштааст. Тибқи маълумоти Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) нархи миёнаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ҷаҳон тамоюли афзоишёбӣ дошта, моҳи октябри соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,8 фоиз зиёд мебошад.
Тадбирҳои аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон бо мақсади бартараф намудани таъсири манфии коронавирус андешидашуда, то андозае имкон фароҳам оварданд, ки соли ҷорӣ рушди иқтисодиёти ҷаҳон тадриҷан рӯ ба афзоиш ниҳод.
Вобаста ба ин, тибқи ҳисоботи Хазинаи байналмилалии асъор (моҳи октябри соли ҷорӣ), рушди иқтисодиёти ҷаҳон барои соли 2021 дар сатҳи 5,9 фоиз пешгӯӣ мегардад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 9,0 банди фоизӣ зиёд мебошад (соли 2020 иқтисодиёти ҷаҳон 3,1 фоиз коҳишёбӣ дошт).
Бинобар барқарор шудани рушди иқтисодиёти ҷаҳон ва минтақа, тибқи баҳодиҳии Созмони умумиҷаҳонии савдо, тиҷорати байналмилалии ҷаҳонӣ низ тамоюли болоравии муътадил дошта, соли 2021 интизор меравад, ки афзоишёбии он 10,8 фоизро ташкил диҳад (соли 2020 нишондиҳандаи мазкур 5,3 фоиз коҳишёбӣ дошт).
Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тадриҷан барқарор шудани рушди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон ва минтақа пас аз давраи зуҳуроти пандемияи коронавирус, зиёд шудани даромаднокии аҳолӣ, афзоиш ёфтани талабот ба молу маҳсулоти ватанӣ ва воридотӣ, инчунин, васеъ шудани доираи истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ тамоюли рушди босуръатро касб намуд.
Моҳҳои январ — октябри соли ҷорӣ рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 9,0 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,8 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Рушди иқтисодиёт дар ин давра бештар аз ҳисоби афзоишёбӣ дар соҳаи сохтмон 28,0 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ — 22,9, соҳаи хизматрасонӣ — 11,6, гардиши савдои чакана — 12,8 ва кишоварзӣ 5,5 фоиз таъмин гардид.
Тибқи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва давраи миёнамуҳлат», дар назди низоми бонкӣ вазифаҳои муҳим ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, таъмини рушди муътадили ҳаҷми пул дар иқтисодиёт, коҳиш додани тағйирёбии қурбӣ ва таваррумӣ, беҳтар намудани вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани сатҳи хавфҳо ва қарзҳои ғайрифаъол дар низоми бонкӣ, такмили заминаи ҳуқуқӣ, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъмини суботи молиявӣ гузошта шуданд.
Новобаста ба номуайянӣ ва ноустувориҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати татбиқ намудани вазифаҳои зикргардида, баҳри пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, корҳои муайянро ба анҷом расонид.
Моҳҳои январ — октябри соли 2021 сатҳи таваррум ба 6,3 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 0,7 банди фоизӣ кам мебошад. Болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 5,3 фоиз, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ — 6,6 ва хизматрасониҳо 8,9 фоизро ташкил намуд.
Болоравии нисбии сатҳи нархҳо асосан моҳҳои феврал ва марти соли равон ба қайд гирифта шуда, дар маҷмӯъ, 2,4 фоизро ташкил дод. Ба ин раванд асосан афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввалия таъсири манфӣ расонид, ки асосан аз ҳисоби омилҳои дорои хусусияти мавсимӣ, таклифотӣ ва фишорҳои берунӣ ба амал омаданд.
Шурӯъ аз моҳи майи соли ҷорӣ сатҳи таварруми моҳона раванди муътадил дошта, моҳи июн, бинобар ҷамъоварии ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ сатҳи он бо нишондиҳандаи манфӣ (-0,5 фоиз) ҷамъбаст гардид. Моҳҳои июн — августи соли ҷорӣ мувозинати талабот ва пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои дохилии кишвар то андозае нигоҳ дошта шуд. Аз ҷумла, дар семоҳаи сеюм вобаста ба ҷамъоварии ҳосили хуб ва афзоиши пешниҳоди он нархи маҳсулоти хӯрокворӣ раванди муътадил дошт.
Дар асоси таҳлилу баҳодиҳӣ ва хавфҳои эҳтимолии ҷойдошта, пешбинӣ мегардад, ки дар ҷамъбасти соли 2021 сатҳи таваррум дар ҳудуди болоии нишондиҳандаи мақсаднок ҷамъбаст хоҳад шуд. Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги асосии пешбурди сиёсати фоизӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёт бо дарназардошти афзоиши фишорҳо, интизориҳои таваррумӣ тадриҷан 2,5 банди фоизӣ зиёд карда шуда, дар сатҳи 13,25 фоизи солона муқаррар гардид.
Меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд бо пули миллӣ 3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 9 фоизи солона муқаррар карда шудааст.
Баҳри танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ ва қурбӣ, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок тайи даҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши коғазҳои қиматнок дар ҳаҷми 6,2 млрд. сомонӣ амалӣ гардид. Инчунин, тавассути амалиёти амонатҳои шабонарӯзӣ (овернайт) аз ташкилотҳои қарзӣ ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1,0 млрд. сомонӣ маблағ ҷалб карда шуд.
Бо мақсади таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи сиёсати мутавозини сиёсати пулию қарзӣ дар ҳаҷми 683,0 млн. сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуҳлат ҷудо карда шуд.
Соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбии реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда»-ро татбиқ намуда, қурби пули миллиро дар асоси таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ муқаррар намуд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад, дар ҳолатҳои аз эътидол зиёди лаппишҳои қурбӣ, ба вазъи бозор дахолат намояд.
Моҳҳои январ — октябри соли 2021 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА муътадил арзёбӣ шуда, 0,5 фоиз устувор гардид. Дар ҳамин давраи соли гузашта қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 6,1 фоиз коҳиш ёфта буд.
То 31 октябри соли 2021 фарқ байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ дида намешавад. То 31 октябри соли 2020 фарқ ба 9,3 фоиз баробар буд.
Яке аз сабабҳои асосии дар ин давра муътадил будани қурби сомонӣ нисбат ба доллари нақди ИМА зиёд шудани ҳаҷми содироти кишвар (33,6 фоиз нисбат ба даҳ моҳи соли гузашта), зиёд шудани вуруди сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, бахусус, ба низоми бонкӣ (2,7 маротиба) ва вобаста ба ин афзоиш ёфтани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ба ҳисоб меравад.
Бонки миллии Тоҷикистон соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат ҷиҳати таъмини муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ, дар доираи ваколат механизму фишангҳои сиёсати самараноки пулию қарзиро роҳандозӣ хоҳад намуд.
Соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат (солҳои 2023 ва 2024) ҳадафи таваррум дар доираи 6,0 фоиз (±2 банди фоизӣ) пешбинӣ карда мешавад.
Сиёсати пешбинишавандаи пулию қарзӣ, бахусус дурнамои сатҳи таваррум ва мавқеи сиёсати пулию қарзӣ дар асоси таҳлилу тадқиқотҳо аз рӯи моделҳои макроиқтисодӣ баҳодиҳӣ ва ояндабинӣ мегардад. Иқдоми зикршуда барои зиёд намудани эътимоди аҳолӣ ва субъектҳои иқтисодӣ ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, рафтори минбаъдаи истеъмолкунандагону пасандозгузорон ва қабул намудани қарорҳои марбутаи сармоягузорон, таъсири мусбат мерасонад.
Дурнамои сатҳи таваррум дар асоси таҳлили сенарияҳои тағйирёбии эҳтимолии вазъи иқтисоди дохилию берунӣ, таъсири омилҳои мавсимӣ, маъмурӣ ва интизориҳои таваррумӣ пайваста ҳар семоҳа баҳогузорӣ карда мешавад.
Бо дарназардошти таъсири хавфҳои эҳтимолии ҷойдошта ва бетағйир мондани дигар омилҳо, дурнамои сатҳи таваррум барои соли 2022 аз рӯи сенарияҳои оптимистӣ ва базавӣ дар доираи ҳадафи муқарраршуда пешбинӣ мегардад. Меъёри бозтамвили воқеӣ соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат бо дарназардошти ба танзим даровардани интизориҳои таваррумӣ бознигарӣ мешавад.
Соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат сиёсати қурбӣ ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» асос ёфта, қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ, тибқи талабот ва пешниҳод дар бозори дохилии асъор, муқаррар карда мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон солҳои оянда низ тибқи реҷаи мазкур танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ метавонад ба бозори дохилии асъор дахолат намояд.
Бо мақсади таъмини фаъолияти муътадили бозори дохилии асъор ва маҳдуд сохтани лаппишҳои аз эътидол беруни қурби пули миллӣ, тафовути байни қурби расмӣ ва қурби бозории доллари ИМА дар ҳудуди то 2 фоиз нигоҳ дошта мешавад.
Инчунин, бо мақсади амалисозии гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум Бонки миллии Тоҷикистон соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат таъмини устувори пардохтпазирии кӯтоҳмуддати низоми бонкӣ, рушди боэътидоли ҳаҷми пул ва нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилиро пайгирӣ менамояд.
Дар реҷаи ҳадафгирии таваррум мавҷудияти механизми муосири таъсирбахши сиёсати пулию қарзӣ ба воситаи пешбурди сиёсати фоизӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Яке аз мақсадҳои асосии татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон маҳз тақвият додани самаранокии механизми зикршуда маҳсуб меёбад. Бо мақсади пурзӯр намудани механизми таъсирбахши сиёсати фоизӣ ва бартараф намудани мушкилиҳои дар он ҷойдошта, соли 2022 андешидани чораҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:
- ҷорӣ намудани механизми возеҳ ва муосири амалиётӣ ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ва дигар субъектҳои иқтисодӣ ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон;
- ҷоннок намудани бозори байнибонкии пул тавассути бунёди низоми махсуси амалиётӣ, зиёд намудани фаъолнокии ташкилотҳои қарзӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти онҳо;
- идома додани гузаронидани назарсанҷӣ дар байни аҳолӣ доир ба интизории таваррум ва ҷорӣ намудани назарсанҷии корхонаҳои истеҳсолӣ бо мақсади таҳияи ҳисобот оид ба фаъолияти иқтисодии онҳо;
- таҳкими механизми дурнамои пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ;
- такмили моделҳои макроиқтисодӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ барои беҳтар намудани таҳлилу тадқиқот ва баҳодиҳии нишондиҳандаҳои асосӣ;
- идома додани ислоҳоти низоми бонкӣ, идоракунии босамари дороӣ ва уҳдадориҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ, инчунин вусъат додани миёнаравии молиявӣ;
- идома додани раванди пешниҳоди ахбор ба омма ҳамчун сиёсати самараноки коммуникатсионии БМТ.
Бо дарназардошти нуктаҳои зикршуда аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандам, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.
Гулбаҳор НАЗИРӢ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
«Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва давраи миёнамуҳлат аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст. Он самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлатро барои соли 2022 муайян намуда, бо дарназардошти таҳлилу мушоҳидаҳо ва баҳогузории вазъи кунунии иқтисодиёти дохилӣ ва таъсири омилҳои берунӣ, бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ тарҳрезӣ шуда, барои таъмини муътадили сатҳи нархҳо дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок, ки омили муҳими пешрафти иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии мардум мебошад, инчунин, ба суботи низоми молиявӣ равона мегардад.
Таркиби ҳуҷҷати мазкур бахшҳои зеринро дар бар мегирад: вазъи иқтисоди берунӣ ва дохилии кишвар дар соли 2021, пешбурди сиёсати пулию қарзӣ ва иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосӣ барои соли 2021, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат.
Соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти хавфҳо ва фишорҳои эҳтимолии таваррумӣ дар доираи ваколат имкониятҳоро ҷиҳати ноил шудан ба мақсади асосӣ, яъне, нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат бо истифода аз механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ роҳандозӣ менамояд. Меъёри бозтамвили воқеӣ соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат бо дарназардошти интизориҳои таваррумӣ дар сатҳи мусбат нигоҳ дошта мешавад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуда, барои такмил 6 пешниҳод манзур намуданд, ки аз онҳо 3 — тоаш қабул, 1 — тоаш қисман қабул, 2 — тоаш қабул нашуд.
Дар ҷаласаи васеи кумита 25 ноябри соли равон дурнамои мазкур бо иштироки намояндагони кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, инчунин, Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ ёфт.
Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ ба моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки тасдиқи санади зикршударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Боз кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.
Рустам ЛАТИФЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, ҳамчунин, фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва давраи миёнамуҳлатро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар он вазъи иқтисодии берунӣ ва дохилии мамлакат мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор гирифта, барои пурзӯр кардани таъсирбахшии механизми фоизӣ ва бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдошта дар соли 2022 пешниҳодҳои мушаххас пешбинӣ гардидаанд.
Яке аз бартариҳои он дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ пешбинӣ гардидани моделҳои эмпирикӣ барои таҳкими раванди таҳлилу таҳқиқот ба баҳодиҳии нишондиҳандаҳои асосии пешбурди сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо ин мақсад истифодаи моделҳои кӯтоҳмуҳлати эконометрикӣ барои гузаронидани таҳлилҳои эмпирикӣ пешбинӣ шудааст, ки қобили дастгирӣ мебошад.
Бартарияти дигар, мунтазам амалӣ намудани чораи назарсанҷӣ байни аҳолии мамлакат ҷиҳати муайян кардани интизории таваррум мебошад, ки барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Возеҳу равшан дар амал татбиқ гардидани чораҳои мазкур барои нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.
Бо пешниҳоди «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва давраи миёнамуҳлат ба баррасии Маҷлиси намояндагон, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ дар ин хусус баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.
Комрон ИСМОИЛИЁН: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Воқеан ҳам, иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ ба тағйирёбии вазъи иқтисодиёти берунӣ алоқаманд буда, аз таҳаввулоти сиёсати кишварҳои хориҷа, номуайянӣ ва ноустувориҳои бозорҳои молиявӣ ва фазои иқтисодиёти ҷаҳон, болоравии сатҳи нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар робита ба номувозинатии таносуби талаботу таклифот ва таҳримҳои иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти дахлдори соҳавӣ тавонист сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи зарурӣ ва назаррас татбиқ намояд.
Таҳия ва амалишавии «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва давраи миёнамуҳлат» ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» равона шуда, ба беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум нигаронида шудааст, зеро ҳар як фарди кишвар сазовори зиндагии шоиста ва ҳаёти осудаву арзанда мебошад. Чораҳое, ки соли 2022 тибқи дурнамо, андешида мешаванд, мушаххасу саривақтӣ мебошанд.
Яке аз мисолҳои равшани самараноки татбиқи дурнамо ҳавасмандгардонӣ дар самти амалисозии хизматрасониҳои пардохтӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ, аз қабили кортҳои пардохти бонкӣ, пардохтҳо тавассути QR-рамзҳо ва маблағҳои электронӣ мебошад, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар ин самт навовариҳо, аз қабили сабукиҳои андозиву имтиёзҳои нав, пешбинӣ шуданд.
Кумитаи энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия дурнаморо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи санади мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ мехоҳад баромад кунад? Марҳамат.
Хайриддин УСМОНЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо аксар коршиносону муҳаққиқон вазъи ҳаёти ҷамъиятии кишварҳои оламро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду молия, хеле мураккабу барои соли зиёд қариб пешгӯинашаванда арзёбӣ мекунанд. Дар чунин шароит тарҳрезии барномаҳои рушд ва эҷоди фишангҳои эҳтимолии идоракунии равандҳои дар ин соҳаҳо баамалоянда арзиши беандоза касб менамояд ва инро метавон ҳамчун ҷасорати ҳирфаӣ номид. Зеро тавассути онҳо аз як тараф, агар дар ҷомеа умеду дилпурӣ ба устувории низоми хоҷагидории мамлакат ба вуҷуд ояд, аз ҷониби дигар, боварии истеҳсолкунандагону шарикони рушд ба устувории фаъолияти ниҳодҳои иқтисодию молиявӣ меафзояд. Аз ин рӯ, «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва давраи миёнамуҳлат, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон омода ва барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардидааст, ҳуҷҷати муҳим мебошад.
Дар он, пеш аз ҳама, иҷрои нишондиҳандаҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ дар соли 2021 вобаста ба вазъи иқтисоди берунӣ ва дохилии кишвар мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуда, бо диди воқеъбинона ҳадафҳо барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат (солҳои 2023 ва 2024) муайян гардидаанд. Баробари изҳори нигаронӣ аз таъсири хавфҳои эҳтимолие, ки бар асари паёмадҳои манфии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақа бармеоянд, дар дурнамо зарурати татбиқи чорабинии зиёд пешбинӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки дар ин маврид бештар зарурати татбиқи равишҳои нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ, муътадилии қурби асъори миллӣ ва ғайра номбар шудаанд, ки умеду бовариро ба беҳтар кардани вазъи зиндагии мардум меафзояд.
Ҷанбаи дигари мусбати дурнамо аз он иборат аст, ки зимни ҳадафгириҳо, дар баробари таҳлили омилҳои объективии ба фазои ҳаёти иқтисодию молиявӣ таъсиррасонанда, инчунин, зарурати назарсанҷиҳо дар байни аҳолӣ таъкид гардидааст. Интихоби чунин шеваи тарҳрезии барнома барои нигоҳдории боэътидоли сатҳи нархҳою хизматрасониҳо ва тақвияти эътимоднокӣ ба идоракунии босамари сиёсати пулию қарзиро фароҳам меорад.
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва давраи миёнамуҳлат ба талаботи имрӯза ва ҳадафҳои рушди давлат ҷавобгӯ мебошад. Бинобар ин, Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Боз кӣ дар ин хусус баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.
Файзалӣ Идизода: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Чӣ тавре ки аз лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва давраи миёнамуҳлат» бармеояд, ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда моҳҳои январ — сентябри соли равон 9977,0 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 51,3 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 67,7 фоиз ба қарзҳои хурд рост меояд, ки маблағи онҳо 6 758,2 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 58,6 фоиз зиёд гардидааст. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда якчанд пешниҳод карданиам:
1. Зимни таҳияи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда банди алоҳида вобаста ба занон ҷудо карда шуда, масъалаи шумораи маблағ ва фоизи қарзҳои додашуда ба занон (махсусан, дар шароити маҳал) дарҷ карда шавад. Зеро дастгирии занон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба ин масъала, инчунин, маҷмӯи чораҳои андешидашуда дар ин самт ба нуфузи байналмилалии давлат таъсири мусбат мерасонад.
2. Дар замони муосир дар пешрафти аксар соҳаҳои ҳаёт пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ аҳамияти калон дорад. Бонки миллӣ бояд ҷиҳати зиёд намудани ташкилотҳои қарзӣ (махсусан, дар маҳалҳо), шаффофият дар кори онҳо, кам кардани расмиёти маъмурии қарзгирӣ ва мамониатҳо дар ин ҷода чораҳои муассир андешад;
3. Ба тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон барои ташкилотҳои қарзӣ (махсусан дар маҳалҳо) аз ҷониби Бонки миллӣ боз ҳам таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, зеро рушди деҳот ва тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон яке аз самтҳои афзалиятдоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки санади мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва давраи миёнамуҳлат» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашӯрзода дода мешавад. Марҳамат.
Ғиёсиддин АШӮРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, Шариф Ҷумъазода, Раҳим Муқимӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Машраб ва Неъматулло Холбойзода пешниҳод гардидааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2021 таҳти №789 лоиҳаи қонун ба Кумита оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулоса супорида шуд.
Мақсади асосӣ бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда ва мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ҷудогона дар самти фаъолияти савдои хориҷӣ мебошад.
Мутобиқи лоиҳаи қонун дар муқаддима калимаи «танзим» ба калимаи «муайян» иваз карда шудааст, зеро қонун на муносибатҳои ҳуқуқӣ, балки муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамояд. Ҳамчунин, дар матни қонуни амалкунанда калимаи «қаламрав», «қаламрави» ва «қаламраве» мувофиқан ба калимаи «ҳудуд», «ҳудуди» ва «ҳудуде» иваз ва аз матни моддаи 3 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шудааст, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ гирифтааст.
Бо такмили моддаи 5 методҳои (усулҳои) танзими давлатии фаъолияти савдои хориҷӣ оварда шудаанд, ки онҳо танзими тарифию гумрукӣ ва ғайритарифӣ, муқаррарсозии мамнӯият ва маҳдудиятҳо нисбат ба навъҳои алоҳидаи мол ва хизматрасониро дар бар мегиранд.
Тибқи илова, ба моддаи 8 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда мешавад: — муқаррар кардани квотаҳо барои содирот ва (ё) воридоти навъҳои алоҳидаи мол.
Инчунин, ба моддаи 24 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шудааст:
«4. Аз болои қарор дар бораи рад кардани додани иҷозат барои воридот, содирот ё транзити мол ба мақоми болоӣ ё суд шикоят овардан мумкин аст».
Қабули лоиҳаи қонун ҷиҳати бартараф шудани камбудиву норасоиҳо ва осон гардидани татбиқи баъзе аз меъёрҳои қонуни амалкунанда, васеъ шудани ҳуқуқи субъектони савдои хориҷӣ ва дастгирии иттилоотии давлатӣ мусоидат менамояд ва аз буҷет маблағи иловагиро талаб намекунад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро дар хулосаҳо ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин, 27 пешниҳод манзур намуданд.
Дар ҷаласаи васеъ 1 декабри соли равон лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ карда шуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода дода мешавад. Марҳамат.
Ашӯрбой СОЛЕҲЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» аз 8 бобу 57 модда иборат буда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти савдои хориҷиро танзим намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба фаъолияти савдои хориҷӣ ва ҳамгироии самараноки он ба иқтисодиёти ҷаҳон равона гардидааст.
Мақсади лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» бартараф намудани норасоиву носаҳеҳии меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда ва мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани муносибатҳои ҷудогона дар самти фаъолияти савдои хориҷӣ мебошад.
Қабули лоиҳаи қонун ҷиҳати бартараф шудани камбудиву норасоиҳо ва осон гардидани татбиқи баъзе аз меъёрҳои қонуни амалкунанда, васеъ шудани ҳуқуқҳои субъектони савдои хориҷӣ ва дастгирии иттилоотии давлатӣ мусоидат менамояд ва ба уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо мухолифат намекунад, ҳамчунин, аз буҷет маблағи иловагиро талаб надорад.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, хулосаи расмиро аз 3 августи соли 2021 таҳти №789 ба Вазорати адлия ҷиҳати ҷамъбаст ва ба Ҳукумат ирсол намудан манзур намуд.
Хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонуни мазкур ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021 таҳти №400 пешниҳод гардида, пешниҳодҳо пурра ба инобат гирифта шудааст.
Ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» бисёр бамаврид буда, Вазорати рушди иқтисод ва савдо онро ҷонибдорӣ менамояд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд. Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ карда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Самариддин АСОЗОДА,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ