Солҳои охир амалҳои террористиву экстремистӣ даҳшатбору бераҳм гардида, хатари ҷиддиро ба мустақилият ва асосҳои сохтори конститутсионии кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд овардаанд.
Чунин хатарҳои мудҳишу даҳшатоварро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ҳар сол зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз оқибатҳои номусоиду даҳшатовари терроризм ва экстремизм, ки дар ин ё он гӯшаи ҷаҳон содир мегарданд, бо нигаронӣ ёдовар мешаванд ва баҳри мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок андешаҳои аз назари илмиву амалӣ асоснок баён месозанд ва баҳри ҳифзу таъмини амнияти давлату ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти давлатӣ, бахусус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Чунончӣ, Президенти кишвар дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳанӯз 22 апрели соли 2002 таъкид намуданд, ки «таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар давоми солҳои 70-уму 80-уми асри гузашта баъзе мамлакатҳо ба арсаи амалиёти ҷинояткоронаи дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ табдил ёфтанд. Дар амали чунин дастаҳо ва гурӯҳҳо самти дақиқи террористию даҳшатафканӣ ба назар мерасид. Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанӯз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем. Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд.
Созмон ёфтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бо вазъи буҳронии иҷтимоию иқтисодӣ, паст рафтани сатҳи зиндагии баъзе табақаҳои аҳолӣ, низоъҳои байналмилалӣ, динӣ, нажодӣ ва иқтисодӣ иртиботи наздик дорад».
Дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ аз 25 апрели соли 2008 омадааст: «Шумо хуб медонед, ки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт аз амнияту суботи сиёсии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобаста аст. Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори кишвар барои таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, пешгирӣ ва муборизаи қатъӣ бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, ҷиноятҳои хатарноки муосир – терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои трансмиллӣ нигаронида шудааст. Вобаста ба ин як қатор санадҳои меъёрӣ қабул карда шудаанд, ки дар онҳо татбиқи тадбирҳои мушаххас, инчунин, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва падидаҳои номатлуби ҷомеа пешбинӣ гардидааст».
Мусалламан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1997-2006 як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 апрели соли 1997 таҳти № 707 «Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (16 ноябри соли 1999 таҳти № 845), «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» (8 декабри соли 2003 таҳти № 69), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006 таҳти № 1717 «Дар бораи Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуда, дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм нақши муҳим гузоштанд.
Ҳамчунин, Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 24 апрели соли 2010 роҷеъ ба «Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 таҳти № 543 тасдиқ гардид, ёдрас намуда, мақсади қабули онро чунин шарҳ доданд: «Мақсад аз он пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ба вуҷуд овардани тағйироти куллӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷамъият мебошад».
Ҳоло терроризм ва экстремизм, на танҳо ба давлати алоҳида, балки ба ҳама мамлакати ҷаҳон, новобаста ба дараҷаи тараққиёти онҳо, таҳдиди бевосита мекунанд. Бинобар ин, кишварҳои ҷаҳонро лозим аст, ки дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, сулҳу субот, ягонагӣ ва амният, пешгирии сокинони сайёра ва безараргардонии экстремистону террористон чораҳои қатъӣ андешида, қонунгузориашонро ҷиҳати мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатовару манфур такмил диҳанд.
Бояд зикр кард, ки ба созмону ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ бештар ноболиғону ҷавонон, ки яке аз табақаҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, ҷалб карда мешаванд, ки хеле нигаронкунанда ва ташвишовар мебошад, зеро сабабҳои асосии ба ин гурӯҳҳо пайвастани шаҳрвандон, алалхусус ноболиғон ва ҷавонон, истифода аз шабакаи интернет, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки ташкилотҳои террористиву экстремистӣ бо истифода аз онҳо ба паҳн кардани ҳар гуна наворҳои таблиғотӣ шахсони алоҳида, хусусан, ноболиғон ва ҷавононро, ба ҷиҳод ва барҳам додани асосҳои сохтори конститутсионии давлатҳои гуногун даъват менамоянд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 23 апрели соли 2014 изҳор намуданд, ки «шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла интернет, аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша бо мақсади ҷиноятҳои киберӣ, яъне, барои паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундравона, бахусус, дар байни ҷавонон ва ноболиғон, ба таври васеъ истифода мегарданд. Вобаста ба ин, ҳамаи мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа, алалхусус, дар байни наврасону ҷавонон, бо дарназардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла пешгирӣ кардани таъсири манфии ҷаҳонишавии фарҳангӣ ва дар ин раванд таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд».
Бо мақсади пешгирӣ намудани чунин амалҳо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам такмил дода шуда, дар ин самт қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз 13 марти соли 2016 таҳти № 1294 ва № 1301 ба имзо расиданд.
Мувофиқи иловаҳое, ки ба моддаҳои 19 ва 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ворид гардид, ба падару модарон ҳуқуқ дода шуд, ки аз операторон ва провайдерон оид ба истифодабарии хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзандашон маълумоти дахлдорро ба таври ройгон гиранд. Ҳамчунин, операторон ва провайдерон вазифадор шуданд, ки ба падару модарон маълумотро дар бораи истифодаи хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзандашон ройгон пешниҳод кунанд.
Дар асоси сархати чордаҳуми моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», падару модарон уҳдадор карда мешаванд, ки аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ӯ истифода шудани интернетро назорат намоянд.
Ҳамчунин, 26 июли соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки мақсади он иборат аз тарғиби шаҳрвандони мамлакат, бахусус ҷавонон, ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирии онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ мебошад. Мувофиқи қонуни зикршуда ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав — моддаи 4011 илова карда шуд, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз дувоздаҳ то бист сол муқаррар мекунад.
Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ аз 20 январи соли 2016 дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин, шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам ироа гардид. Тавре Сарвари давлат дар он Паём зикр намуданд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад».
Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дар ҳамон Паём бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат зарур донистанд, ки «дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда, пурзӯр карда шавад».
Ҳамин тавр, дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмил дода мешавад. Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани ҷинояткорӣ, пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир кардани кирдорҳои ҷиноятӣ ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, шахсоне, ки ба терроризм ва экстремизм мусоидат мекунанд, инчунин, ҷорӣ намудани механизми босамари ҳифз ва таъмини амнияти миллӣ, пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуд.
Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016 таҳти № 776 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 -2020» тасдиқ карда шуд. Стратегияи зикршуда ҳамчун санади дорои хусусияти барномавӣ мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян менамояд.
Дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 Сарвари давлат аз хавфу хатари терроризм ва экстремизм сухан ронда, аз афзоиши ин зуҳуроти номатлуб изҳори нигаронӣ намуданд ва дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат вазифаҳои нав гузошта, аз ҷумла, зикр карданд, ки «аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд. Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад».
Дар ҳамон Паём Пешвои миллат ба Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм ва таҳияи тарзу усули муосири муқовимат ба ин зуҳурот лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар натиҷа, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми зикршуда таҳия гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019 таҳти № 318 барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Қобили зикр аст, ки Қонуни қаблии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» ҳанӯз 8 декабри соли 2003 қабул шуда, бо дарназардошти афзоиш ёфтани хавфу хатари экстремизм дар ҷаҳони муосир зарурати таҳияи тарзу усули нави муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб ба миён омад.
Ҳамин тавр, 28 ноябри соли 2019 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм»-ро дар таҳрири нав қабул намуд ва он, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи мамлакат, 2 январи соли 2020 аз ҷониби Президенти мамлакат имзо шуда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифт. Қонуни зикршуда ба пурзӯр намудани муқовимат ба экстремизм, баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26 декабри соли 2019 роҷеъ ба амалҳои мудҳиши террористӣ ва таҳдиди ҷиддии терроризм ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният сухан ронда, таъкид намуданд, ки шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад. Дар Паёми зикршуда Президенти мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро, ки ҳанӯз 16 ноябри соли 1999 қабул шуда буд, хотирнишон сохта, вобаста ба талаби замон масъалаи дар таҳрири нав таҳия кардани онро таъкид намуданд. Дар иртибот ба масъала, вазоратҳои адлия ва корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ вазифадор шуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро дар таҳрири нав таҳия карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳоло лоиҳаи қонуни зикршуда дар таҳрири нав таҳия гардида, дар баррасии гурӯҳи кории байниидоравӣ қарор дорад.
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷаддадан вобаста ба зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои хавфнок, ки башариятро ноором сохтааст, чунин иброз намуданд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем».
Роҳбари давлат дар Паёми зикршуда, бинобар ба охир расидани муҳлати «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 — 2020», ба Прокуратураи генералии мамлакат супориш доданд, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад.
Бояд гуфт, нақши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳо хеле муҳиманд, зеро дар онҳо аз ҷониби Сарвари давлат роҳу усули пешгирӣ намудани зуҳуроти манфуру зишт, аз қабили терроризм ва экстремизм, муайян карда мешаванд ва дар заминаи онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳо таҳияву қабул мегарданд, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти ҷомеа ва давлат, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ равона карда мешаванд.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон