Заминаи мукаммали қонунгузорӣ – асоси пешрафти соҳаи кишоварзӣ

№111-112 (4531-4532) 07.09.2022

12Вақт ҳамчун довари бузургу беназир ба раванди марҳилаҳои гуногуни ҷомеасозӣ дар ҳама давру замон баҳои холисона дода, собит намудааст, ки маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли масъалаҳои печидаву мураккаби сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ раҳнамоӣ карда, дар қалбу дидаи мардум умед ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро афрӯзанд.

16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ­вазъияти барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз баргузор шуда, дар он аз ҷониби вакилон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Ташаккули сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз аз ҳамон иҷлосияи таърихӣ ва пешниҳоду ташаббусҳои неки Сарвари давлати соҳибис­тиқлоли Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид.

Аз тарафи дигар, Истиқлолияти давлатӣ зарурати нав­созии низоми миллии ҳуқуқии мамлакат­ро ба миён овард. Бо ташаббуси Президенти мамлакат ҷиҳати пешбурди рушди кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Аз рӯзҳои аввали ба кор шурӯъ кардани Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба кишоварзӣ ва истифодаи захираҳои табиат масъалаҳои меҳварӣ буданд.

 Вакилони халқ тавассути омӯзиш ва таҳлили вазъи ­воқеии ҳаёт дар таҳия ва такмили қонунгузории соҳаи аграрӣ, ташкил ва баргузории муҳокима ва соатҳои парламентӣ, муҳокимаҳои ­ҷамъиятии лоиҳаи қонунҳо, қабули шаҳрвандон ва амалӣ намудани дигар ваколатҳои намояндагӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ роҷеъ ба аҳамияти соҳаи кишоварзӣ ва ҷойгоҳи хоси он дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат таъкид карданд, ки бояд ислоҳоти соҳа гузаронида шавад.

Соли 1992 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии муҳайё намудани шароит барои рушди баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни хоҷагидориро муҳайё сохт.

Тағйироти куллии баъдӣ дар муносибатҳои аграрӣ ва оғози раванди ислоҳоти аграрӣ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 таҳти №342 «Дар бораи ҷудо намудани 50 ҳазор гектар замин барои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон», аз 1 декаб­ри соли 1997 таҳти №874 «Дар бораи ҷудо намудани 25 ҳазор гектар замин барои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон» ва аз 25 июни соли 1996 таҳти №522 «Дар бораи таҷдиди корхона ва ташкилотҳои кишоварзӣ» оғоз ёфт.

Моҳи декабри соли 1996 қабул гардидани Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав барои танзими муносибатҳо вобаста ба истифодаи замин асосҳои ҳуқуқии гузаронидани ислоҳоти бомуваффақияти заминро ба миён овард.

Қабули Кодекси замин ба муайян кардани принсипҳои қонунгузории замин, асосҳои заминсозӣ, пешбурди кадастри давлатӣ, назорати истифода, пардохт ва уҳдадориҳои замин­истифодабарандагон, муносибатҳои ҳуқуқӣ дар идоракунӣ, ихтиёрдорӣ ва ҳифзи захираҳои замин барои манфиати тамоми шаҳрвандони мамлакат асос гузошт.

Соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» қабул гардид, ки барои хусусигардониии моликияти совхозҳо (хоҷагиҳои давлатӣ) заминаи ҳуқуқиро ба миён овард. Маҳз санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур самти асосии рушди кишоварзии Тоҷикистонро муайян сохтанд.

Ҳамчунин, дар асоси Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1998 таҳти №1021 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» содир шуд, ки дар асоси он барои гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам омад.

Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз давраи аввали фаъолият дар сохтори парлумони касбии мамлакат фаъолияти густурдаро ба роҳ мондааст. Дар ин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассосиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор, зарар расонидан ба зироатҳои кишоварзӣ, тутзор ва дигар дарахту буттазор», «Дар бораи  олами ҳайвонот», «Дар бораи ҳифзи хок», «Дар бораи  парандапарварӣ»,  «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» бо тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ қабул карда шуданд. Аз ҷониби аъзои кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ» дар таҳрири нав таҳия шуданд.

Соли 2010 барои муайян кардани заминаи ҳуқуқии сиёсати давлатӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» мавриди амал қарор дода шуда, бо назардошти аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидани Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растанӣ  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ» қабул гардид.

Таҷрибаи давлатҳои рушдкардаи ҷаҳон собит месозанд, ки маҳз бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, ташкили марказҳои логистикӣ ва тибқи талаботи бозор ва стандартҳои байналмилалии сифат ба роҳ мондани коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ рушди устувори комплекси агросаноатӣ таъмин мешаванд. Ин самтҳо дар сиёсати давлатии аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфта, ба ҷорӣ намудани дастовардҳои нави илмию техникӣ ҷиҳати мунтазам таҷдиду такмил додани истеҳсолот равона гардидааст. Маҳз ташаккули низоми ҳуқуқии идоракунии захираҳои замину об, пешбинӣ намудани имтиёзҳо барои рушди соҳаҳои алоҳида, таҷдиди пешбурди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ ва ташаккули сохтори институтсионалӣ дар ҳар чӣ бештар тақвият бахшидан ба рушди устувор имконияти хубро ба миён меоранд.

Якчанд қонунеро қайд кардан зарур аст, ки дар давоми даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (солҳои 2015 — 2020) қабул ва ба ин мақсад равона шудаанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав) «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ва «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо», «Дар бораи ниҳолпарварӣ», «Дар бораи чарогоҳ» ва тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаи соҳа аз ҳамон ҷумлаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббус­кори фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи самараноки захираҳои об эътироф шудаанд. Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ соли 2003 «Соли оби тоза», солҳои 2005 — 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» эълон гардиданд.

3 марти соли 2021 нишасти аввалини Панели сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои об ва иқлим доир гашт. Зимни суханронӣ дар он, бо таъкиди моҳияти баланди пиряхҳо дар раванди иқлимофарӣ, ташаккули захираҳои об ва рушди илми обшиносӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси нави сатҳи глобалиро дар хусуси эълон доштани соли 2025 «Соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» ва муқаррар намудани «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» барои ҷаҳониён пешниҳод намуданд. Аз ин лиҳоз, истифодаи оқилонаи об ҳамеша дар мадди назари мақоми олии намояндагӣ ва  қонунгузори кишвар  қарор дошта, барои муайян кардани заминаи ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи об як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд. Чунки соҳаи кишоварзӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат мавқеи хоса дошта, 20 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби он ба даст оварда мешавад ва наздик ба 65 дарсади аҳолии мамлакат маҳз дар бахшҳои марбут ба кишоварзӣ шуғл меварзанд.

12.Ҳамчунин, таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва зиёд шудани талабот ба захираҳои об, ки сабабҳояш афзоиши аҳолӣ, коҳиши захираҳои об дар натиҷаи таъсири тағйирёбии иқлим, афзоиши офатҳои табиӣ, буҳрони молиявӣ, шаҳрсозӣ ва дигар мушкилот дар соҳаи об мебошанд, заруратро барои гузаронидани ислоҳот дар соҳа ба миён овард.

Ислоҳоти соҳаи оби Тоҷикис­тон бо қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006 таҳти №1713 «Стратегияи ислоҳоти системаи идоракунии давлатии захираҳои об» оғоз гардид. Дар стратегияи мазкур ҳамчун қисми таркибии ислоҳоти кишоварзӣ ба инобат гирифта шуда, он ба принсипҳои умумии танзими идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёҳо асос меёбад. Дар он масъалаҳои ба эътибор гирифтани манфиатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва муҳити зист тавассути идоракунии босубот ва рушди захираҳои об таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст.

Ҳалли масъалаҳои мазкур дар раванди гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи об, аз ҷумла гузариш ба принсипи идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, такмили ҷиддиро дар қонунгузории ҷории соҳаи об низ ба миён овард. Биноан, соли 2020 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид. Дар он вазифа ва принсипҳои қонунгузории соҳаи об, ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, идоракунии ҳавзавии захираҳои об, саҳми ташкилотҳои дахлдор дар идоракунии ҳавзавии захираҳои об ва дигар масъалаҳои муҳими муносибатҳо дар соҳа мушаххас гардонида шуданд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ беш аз 50 қонуни соҳавӣ қабул гардида, барои фаъолияти устувори соҳа заминаи ҳуқуқии мукаммал фароҳам шуд.

Бунёд ва такмили заминаи ҳуқуқии рушди устувори соҳа имкон дод, ки ислоҳоти ботадриҷи бахшҳои гуногуни он таъмин гардида, натиҷаҳои пешбинишуда дар ташкили муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва дар маҷмӯъ таъмини амнияти озуқаворӣ ба даст оварда шаванд.

Тибқи таҳлилҳо, рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои 1997 — 2021-ум 7,5 фоизро ташкил додааст.

Дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад.  Яъне, дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардид.

Бо дастури Пешвои миллат аз андозу пардохтҳо озод кардани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои рушди соҳаи парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки чорвою паранда имкониятҳои васеъро фароҳам овард.

Соли 2021 шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ба 212 расида, нисбат ба соли 2017-ум 3,2 баробар зиёд гардид. Ин имкон дод, ки соли 2021 нисбат ба соли 2017 истеҳсоли гӯшти паранда дар ҷумҳурӣ 4,6 баробар ва истеҳсоли тухм 5,6 баробар зиёд гардад. Ҳамчунин, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда соли 2021 нисбат ба соли 2017 шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 374 адад расида, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,4 баробар афзуд.

Тибқи таҳлилҳо кишоварзони мамлакат дар дигар самтҳо низ ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд. Масалан, соли 2021 нисбат ба соли 1991 ғалладонагиҳо қариб 5,4 баробар, картошка -  2, сабзавот — 7,4, зироатҳои полезӣ — 3,8, меваҷот — 7, ангур — 4, гӯшт — 2 ва тухм 2,3 баробар зиёд истеҳсол карда шуд.

Тадбирҳои амалигардида имконияти сол аз сол беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳолиро ба миён овард. Танҳо солҳои 2011-2021 истифодаи даромади аҳолӣ барои хариди хӯрокворӣ аз 67,3 дарсади соли 2011 то ба 49,2 дарсад соли 2021  кам гардида, мутаносибан барои хариди маҳсулоти ғайриозуқа 4,5 дарсад ва пардохти хизмати шахсӣ ва истеҳсолӣ 1,7 дарсад равона шудааст.

Бо мақсади дастгирии бештари давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ аз ҷониби Пешвои миллат кишоварзони мамлакат соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шуданд. Ҳамаи ин таваҷҷуҳу ғамхориҳо ба рушди соҳа ва ҳавасманд гардонидани кишоварзони мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд.

Амалӣ гаштани сиёсати иқтисодии давлат дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини боэътимоди аҳолии мамлакат бо маҳсулоти озуқа, рушди комплекси агросаноатӣ ва таъҷилан эътино кардан ба хатарҳои беруна ва дохилии бозори озуқа, ҳамкории самарабахши байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва зарурати таҳия ва қабули лоиҳаҳои қонунҳои нави соҳавиро талаб менамояд. Аз ин хотир аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин бо сармашқи кор қарор додани дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишу ғайрат ва донишу малака­ро ба он равона месозанд, ки зимни таҳия ва қабули қонунҳо ба сифат ва самаранокии онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.

Рустам Латифзода,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 оид ба  масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин