Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Заминаи қонунгузорӣ барои рушди пардохти ғайринақдӣ тақвият меёбад

№151 (4734) 14.12.2023

DSC_4957Сенздаҳуми декабри соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 50 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа се масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар АШӮРИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имлои забони тоҷикӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия гардид. Тибқи лоиҳа, дар боби 1 Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҳуқуқэҷодкунанда илова гардида, номи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи расмии он мутобиқ карда шуд. Дар иртибот бо тағйироти мазкур дар тамоми матн тағйироти дахлдор ворид карда шуд.

Барои бартараф намудани зиддият ва гуногунфаҳмӣ дар боби 2 меъёрҳои дахлдор такмил ва мушаххас карда шуданд. Аз ҷумла, шакли санади меъёрии ҳуқуқии қабулкунандаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба таври мушаххас муайян карда шуд.

Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон ва сармоягузорӣ мақоми ваколатдори таҳлили таъсири танзимкунӣ бояд мақоми марказии ҳокимияти иҷроияе бошад, ки дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи сармоягузорӣ, тадбирҳои мақсаднок оид ба ҷалб, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна, фаъолият оид ба иҷрои барномаҳои дастгирии соҳибкориро анҷом диҳад. Вобаста ба ин, дар боби 4 тағйироти дахлдор ворид карда шуд.

Дар бобҳои 5, 10 ва 11 бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта ва механизми амалишавии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид гардиданд. Мувофиқи тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида шакли навишти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, кодекс, қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии тасдиқшавандаи мушаххас ҳангоми дар шакли мухтасар ифода ёфтан дақиқ гардида, дар мавриди истинод намудан ба ин санадҳои қонунгузорӣ нишонаҳои зикршаванда ихтисор ва ба таври сода пешбинӣ карда шуданд. Ҳамзамон, асосҳои зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ васеъ гардида, тибқи лоиҳа тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин метавонанд бо мақсади бартараф намудани ихтилофоти байни санади меъёрии ҳуқуқӣ, норасоӣ дар санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳалли дигар масъалаҳои дахлдор ворид карда шаванд.

Дар боби 6 тартиби мувофиқа кардани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар мушаххас гардида, бинобар қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» гузарондани экспертизаи зиддитабъизӣ пешбинӣ шуд.

Дар боби 7 сарчашмаи интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мушаххас гардида, бинобар нашр нашудани Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тайи солҳои охир моддаи 68 хориҷ карда шуд. Ҳамзамон, тибқи иловаи ба моддаи 69-и қонуни мазкур манзургардида шакли электронии «Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз соли 2011 эътибори интишори расмӣ дорад, дар сомонаи расмии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷойгир карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мутобиқ мебошад ва аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар маҷмӯъ зиёда аз 30 тағйиру иловаҳои дахлдор пешбинӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, қисми 5 моддаи 48, моддаи 68 ва қисми 3 моддаи 66 хориҷ карда шуда, қисми 2 моддаи 24, қисми 5 моддаи 39, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 48 ва қисми 4 моддаи 89 дар таҳрири нав пешниҳод карда шудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур мувофиқ ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баррасӣ гардида, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санади зикргардидаро мавриди омӯзиш қарор дода, дар хулосаҳояшон онро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни зикршуда ба талаботи бобҳои якум ва дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода дода мешавад. Марҳамат.

Карим ГУЛМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 – юми декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида ва таъмини иҷрои талаботи банди 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 – юми июни соли 2023 таҳти №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 — юми июни соли 2023 таҳти №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, аз ҷумла ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ аз 1-уми августи соли 2023 тариқи ғайринақдӣ муайян карда шудааст. Бинобар ин, дар доираи лоиҳаи қонуни мазкур ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи 5411 илова гардида, барои риоя накардани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ ҷавобгарии маъмурӣ муқаррар шудааст. Тибқи меъёри иловашаванда барои аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ гирифтани пули нақд, ки таъиноти минбаъдаи он ба таври ғайринақдӣ супоридани маблағ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намуди дигари хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, инчунин истифодаи кортҳои бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии шахсии пардохт бо ин мақсад, ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст. Масъалаи мазкур метавонад минбаъд ба таъмини риояи талаботи фармони зикршуда таъсири мусбат расонад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ кунед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мансур Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Мансур УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур аз масъалаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар суръатбахшии ҷараёни гардиши воситаҳои пулӣ, шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, кам намудани ҳаҷми пули нақд дар муомилот ва хароҷот вобаста ба эмиссияи он, инчунин содагардонии раванди пардохтҳои давлатиро, ки бо дарназардошти аҳамияти муҳими молиявӣ-иқтисодии он ба танзим медарорад, иборат мебошад. Тибқи лоиҳа, қисми 6 моддаи 39-и кодекси амалкунанда дар таҳрири зерин ифода карда мешавад: «6. Маблағи ҷаримаи маъмурӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.».

Ҳамзамон, ба кодекси амалкунанда «Моддаи 5411. Риоя накардани талабот дар бораи тариқи ғайринақдӣ пардохт намудани хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳои дигари ҳатмии давлатӣ» илова мегардад, ки минбаъд дар асоси он ба субъекти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки кормандони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ мебошанд, ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ шудааст.

 Лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тамоми расмиёти дохилиро гузаштааст. Аз ҷониби кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибдорӣ гардид ва ҳамзамон ҷиҳати такмили он 3 таклиф пешниҳод шуд, ки бо назардошти онҳо лоиҳа қобили қабул дониста шуд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо — вакилони арҷманд, хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунем. Сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Карим Гулмуродзода дода мешавад. Марҳамат.

Карим ГУЛМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида ва таъмини иҷрои талаботи банди 6 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023 таҳти №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар иртибот ба лоиҳаи тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моддаи нав илова гардида истодааст, таҳия шуда, баррасии моддаи 5411 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба ваколати мақомоти судӣ муайян менамояд. Инчунин, ба моддаи 87 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (ҳолатҳое, ки протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад) тағйирот пешбинӣ гардида, тибқи он, дар сурати аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дар маҳали содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардидани маблағи ҷарима протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар бланки ҳисоботдиҳии қатъӣ, ки намунаи он аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ба расмият дароварда мешавад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ ва қабул намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъмини иҷрои талаботи банди 6-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023 таҳти №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва ҳамзамон, ҷиҳати танзими муносибатҳо вобаста ба тартиби пардохтҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ таҳия ва пешниҳод карда шудааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида қисмҳои 2 ва 4 моддаи 87 дар таҳрири нав ифода карда мешаванд, ки дар асоси он шахсоне, ки кирдори ҳуқуқвайронкунии маъмуриро, ки дар моддаҳои 324, 333 қисми 2, 340 қисми 1 ва 2951 пешбинӣ гардидааст, содир менамоянд, бе тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маблағи ҷаримаро ба таври ғайринақдӣ дар маҳали содиршавии кирдор пардохт менамоянд. Инчунин, ба қисми 5 моддаи мазкур ҷумлаи дуюм илова карда мешавад, ки минбаъд ҳангоми аз тарафи ронандаи воситаи нақлиёт содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳуҷҷати ронандагии онҳо гирифта намешавад ва протоколи тартибдодашуда ба махзани ягонаи электронии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад.

Иловаҳои ба қисми 1 моддаи 93 ва қисмҳои 1 ва 3 моддаи 229 пешбинигардида ба тобеияти баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии моддаи 5411 ва масъалаҳои пардохти ғайринақдӣ вобастагӣ доранд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми расмиётро тибқи Дастури Маҷлиси намояндагон гузашта, кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон онро ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи бобҳои якум ва дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ