Понздаҳуми декабри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 54 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Солеҳзода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳотамшоҳ Латифзода, муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласа нуҳ масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он пешниҳоди дигар доред? Нест.
Хоҳиш мекунам, нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. «Дар бораи Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани молу мулки ғайриманқули аз ҷониби воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Россия озодгардида аз 28 июни соли 2021»
2. «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ»
3. «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон»
4. «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии араб барои маблағгузории таҳияи асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ ва тарҳрезии муфассал барои лоиҳаи роҳи Ховалинг — Тавилдара»
5. «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. «Дар хусуси Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд оид ба пешниҳоди грант аз маблағҳои Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Ташхиси мобилии COVID — 19 (Ҷумҳурии Тоҷикистон)»
7. «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода аз 2 июни соли 2021»
8. «Дар хусуси Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон дар бораи супоридани маҳкумшудагон аз 7 апрели соли 2021»
9. «Дар хусуси Шартномаи истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон аз 7 апрели соли 2021».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъала «Дар бораи Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани молу мулки ғайриманқули аз ҷониби воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Россия озодгардида аз 28 июни соли 2021» сухан ба муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дода мешавад. Марҳамат.
Эмомалӣ СОБИРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани молу мулки ғайриманқули аз ҷониби воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Россия озодгардида аз 28 июни соли 2021» дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тасдиқи Протокол ва ҷиҳати эътибор пайдо намудани он пешниҳод мешавад.
Протоколи зикршуда 28 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо мақсади ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани молу мулки ғайриманқули аз ҷониби воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Россия дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминобод озодгардида ба имзо расидааст.
Молу мулки ғайриманқул аз биною иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла, хобгоҳҳои афсарону сарбозон, хонаҳои истиқоматӣ, анборҳои нигоҳдории маводи ақибгоҳӣ, нуқтаи тиббӣ, зеристгоҳи барқӣ, қитъаҳои замин ва дигар инфрасохтори дахлдори ҳарбӣ, иборат мебошад. Як қисми иншооти зикргардида аз ҷониби воҳидҳои ҳарбии Федератсияи Россия дар давраи будубоши онҳо сохта шуда, ба ҷониби Тоҷикистон тибқи ҳолати воқеӣ супорида мешаванд.
Қисми дигари амвол моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, қаблан дар истифодаи воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Россия қарор дошт ва бо дарназардошти аз шаҳри Кӯлоб баровардани воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи мазкур ба ҷониби Тоҷикистон баргардонида мешаванд.
Барои ташкили қабул ва супоридани молу мулки ғайриманқул комиссияи муштарак таъсис дода мешавад. Татбиқи протокол аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб накарда, ба қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мухолифат намекунад.
Молу мулки ғайриманқули озодгардида ҷиҳати ҷойгирнамоии қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам дода мешавад. Марҳамат.
Шоҳмурод РУСТАМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани молу мулки ғайриманқули аз ҷониби воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Россия озодгардида аз 28 июни соли 2021 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақсади асосии он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани молу мулки ғайриманқули аз ҷониби воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Россия озодгардида мебошад.
Он тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2021 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 9 декабри соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва сохторҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуданд.
Протокол ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилон, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани молу мулки ғайриманқули аз ҷониби воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Россия озодгардида аз 28 июни соли 2021» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ» шурӯъ менамоем.
Аз рӯи он сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.
Азим ИБРОҲИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҷиҳати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирону бор байни Тоҷикистону Покистон равона гардида, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилиро тавассути ҳудуди кишварҳо таъмин менамояд.
Мақсади асосии он пайдо намудани роҳҳои баромад ба бандарҳои баҳрӣ маҳсуб ёфта, аз тарафи дигар, ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои интиқолдиҳандагони ватанӣ мусоидат хоҳад кард. Аз ин рӯ, қабули созишнома ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фароҳам овардани имконияти баромад ба бандарҳои баҳрӣ, аз ҷумла, бандарҳои Карочӣ ва Гвадари Ҷумҳурии Исломии Покистон, барои амалӣ намудани ҳамлу нақли мултимодалӣ ва пайвастшавӣ ба Долони иқтисодии Чину Покистон мусоидат хоҳад кард. Пайвастан ба Долони иқтисодии Чину Покистон (CPEC) мувофиқи мақсад буда, имкониятҳои хубро барои рушди тиҷорат, транзит ва ҳамлу нақли бор фароҳам хоҳад овард.
Аз тарафи дигар, дастрасӣ ба бандарҳои баҳрии зикршуда барои интиқоли техника, таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётию равғанҳои молиданӣ, ки асосан аз давлатҳои Япония, Малайзия, Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ ворид мегарданд, тавассути Ҷумҳурии Исломии Покистон бо роҳи нақлиёти автомобилӣ мусоид ва басо муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҳамин тавр, истифода аз бандарҳои баҳрӣ ва пайвастан ба долонҳои нақлиётӣ имконияти роҳ ёфтан ба кишварҳои дигари минтақа, инчунин, бо истифода аз усули интиқоли мултимодалӣ зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти ватаниро имконпазир менамояд.
Созишномаи пешниҳодгардида имконияти пайдошавии роҳҳои алтернативии интиқоли борро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам меорад, ки дар шароити ҳозира муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Паёмадҳои иқтисодию сиёсии созишнома танҳо бо натиҷаҳои хуб, алалхусус, таҳкими ҳамкории дуҷониба, барқарор шудани муносибатҳои дӯстонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар, рушди сайёҳӣ ва зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот барои рушди иқтисодиёти ҳар ду кишвар арзёбӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар самти ҳамлу нақли автомобилӣ бо Покистон то ҳол заминаи ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида нашудааст ва созишномаи баррасишаванда хусусияти соҳавиро касб намуда, зарурати ба дигар санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии кишвар ворид намудани тағйиру иловаҳоро тақозо наменамояд.
Аз шумо, вакилони арҷманд, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло дода мешавад. Марҳамат.
Амонулло ХАЙРУЛЛО: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ 2 июни соли 2021 дар шаҳри Исломобод ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2021 таҳти №933 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулоса супорида шуд.
Қабул гардидани созишнома ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Покистон, таҳкими ҳамкории дуҷониба равона гардида, барои расидан ба ҳадафи стратегӣ — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат мусоидат намуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти баромадан ба бандарҳои обии Ҷумҳурии Исломии Покистонро фароҳам меорад ва барои рушди тиҷорат, транзит ва ҳамлу нақли бор шароит фароҳам хоҳад овард.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.
Аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия дар ҷаласаи васеъ, намояндагони ҳамаи кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ намудани онро мувофиқи мақсад шумориданд.
Созишнома расмиёти дохилиро гузашта ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 11 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дода мешавад. Марҳамат.
Азим ИБРОҲИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон бо мақсади барқарор намудани ҳамлу нақл ва транзит тавассути ҳудуди кишварҳо, таҳкими муносибатҳои дӯстонаю ҳамкориҳои дуҷониба, таъмини интиқоли мунтазам ва бехатари борҳо ва мусофирон таҳия гардида, ба транзити борҳо, инчунин, кам кардани хароҷоти нақлиётӣ ҳангоми интиқоли борҳо ба субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Моддаи 6 — уми созишнома тарафҳоро уҳдадор менамояд, ки бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзит, барои беҳтар намудани роҳҳо ва шоҳроҳҳо, таъмини марказҳои хизматрасонӣ ва бехатарии ҳамлу нақл чораҳои зарурӣ андешанд.
Интиқолдиҳандагони ватанию хориҷӣ тавассути ҳудуди Туркманистон интиқоли борро асосан ба самтҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон анҷом медиҳанд. Бо қабули созишномаи мазкур имконияти бештари баромадан ба кишварҳои дигари қитъаи Аврупо бо истифода аз бандари обии Туркманбошӣ тавассути баҳри Каспий пайдо мешавад. Аз тарафи дигар, масири нақлиётӣ тавассути ҳудуди Туркманистон барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмилалӣ ва интиқоли мултимодалӣ кӯтоҳтар ва мусоид маҳсуб меёбад.
Вобаста ба ташкили интиқоли мултимодалӣ мехоҳам қайд намоям, ки байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Туркманистон кушодани долони нақлиётии Туркманистон — Ӯзбекистон — Тоҷикистон — Хитой ва баръакс мавриди коркард қарор гирифта, дар ин самт вохӯрӣ ба тариқи фосилавӣ байни коршиносони ҳар ду ҷониб доир гардид. Инчунин, вохӯрии ҳузурии ҷонибҳо рӯзҳои наздик дар Душанбе дар назар аст. Ташкили интиқоли мултимодалии борҳо тавассути нақлиёти роҳи оҳан аз Туркманистон то ба истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб ва сипас, тавассути нақлиёти автомобилӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой пешбинӣ гардидааст.
Иқтидори боркунӣ ва борфарории истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб ва пойгоҳи боркашонии он дар як шабонарӯз тахминан 3600 тоннаро ташкил намуда, бо мавҷудияти майдончаи боркунию борфарорӣ дар масоҳати 7 га, 5 хатти роҳи оҳан ва дидбонгоҳи гумрукӣ, шароити мусоидро барои амалисозии ҳадафҳо доро мебошад.
Аз лиҳози паёмадҳои иқтисодию сиёсии баимзорасонии созишномаи мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкории дуҷониба, барқарор шудани муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт ва дар умум, барои мусоидат ба рушди иқтисодиёти ҳар ду кишвар мусбат арзёбӣ мегардад.
Қабули созишнома маблағгузориро аз буҷети мамлакат талаб наменамояд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Бахтиёр Аҳмадзода дода мешавад. Марҳамат.
Бахтиёр АҲМАДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон 4 августи соли 2021 дар шаҳри Ашқобод ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2021 таҳти №935 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулоса супорида шуд.
Тасдиқ гардидани созишнома ба баланд бардоштани иқтидори боркашониҳои байналмилалии автомобилӣ ва транзитӣ, таҳкими ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркманистон, зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот байни ҳар ду кишвар ва бо истифода аз бандари обии Туркманбошии Туркманистон тавассути баҳри Каспий барои баромадан ба кишварҳои дигари қитъаи Аврупо мусоидат менамояд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул 9 декабри соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ намудани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 11 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Хоҳиш менамоям, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофиронро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди қувайтии рушди иқтисодии Араб барои маблағгузории таҳияи асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ ва тарҳрезии муфассал барои лоиҳаи роҳи Ховалинг — Тавилдара» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад. Марҳамат.
Юсуф МАҶИДӢ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб барои маблағгузории таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳрезии муфассал барои лоиҳаи роҳи Ховалинг-Тавилдара 3 сентябри соли 2021 дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.
Арзиши умумии кумаки техникии он 300 000,00 динори кувайтӣ, баробар ба 997 554,3 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ ва таҳияи тарҳрезии муфассали лоиҳаи зикршуда аз тарафи ширкати кувайтӣ ва ширкати маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иҷрокунандаи он Маркази татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Чанок» мебошад.
Роҳи лоиҳавӣ бо дарозии 70 км, дар қисми ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ ҷойгир буда, роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумбро бо роҳи Лабиҷар-Сангвор-Қалъаихумб пайваст менамояд.
Азнавсозии роҳи автомобилгарди Ховалинг-Тавилдара имкон медиҳад, ки ҳаракати бехатар ва доимии воситаҳои нақлиёт байни деҳаҳои минтақаҳои кӯҳӣ, марказҳои ноҳияҳо, вилоятҳо ва пойтахти ҷумҳурӣ амалӣ шавад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод доред? Марҳамат.
Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: - Дар замони соҳибистиқлолӣ якчанд лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди роҳҳо амалӣ шуда, дар ҳалли мушкилоти коммуникатсионӣ нақши муҳим доштанд. Роҳи мошингарди Ховалинг — Тавилдара низ ба густариши робитаҳо миёни минтақаҳои гуногуни мамлакат мусоидат хоҳад кард. Аммо як масъала боиси ташвиш аст. Чун роҳ сохта шуд, ба хотири ба чарогоҳ бурдану овардани чорво аз он истифода мешавад. Вақте чорво аз роҳи мумфарш гузар кунад, аз худ пору боқӣ мегузорад, ки туршии он боиси вайроншавии мум мегардад. Дар он сурат роҳ ба ҷои 40 сол хизмат кардан дар 10 сол вайрон мешавад. Хуб мешуд, ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ механизми идоракунии роҳро дуруст танзим намояд, то муҳлати истифодаи он бештар гардад.
РАИС: - Барои интиқоли чорво ба чарогоҳҳои тобистонаю зимистона корхонаи махсус ҳаст, ки албатта, ин нуктаро ба назар мегирад.
Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидзода дода мешавад. Марҳамат.
Фозил ОБИДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Қувайтии рушди иқтисодии Араб барои маблағгузории таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳрезии муфассал барои лоиҳаи роҳи Ховалинг — Тавилдара аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Роҳи лоиҳавӣ дар қисмати ҷанубу шарқии кишвар ҷойгир буда, тавассути амалшавии он хизматрасонии нақлиётро беҳтар намуда, рушди соҳаи сайёҳӣ дар минтақа, инчунин, кӯтоҳ шудани масофаи роҳ дар самтҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назар аст.
Созишнома бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки тасдиқи онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии Араб барои маблағгузории таҳияи асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ ва тарҳрезии муфассал барои лоиҳаи роҳи Ховалинг – Тавилдара» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Абдуҷаббор Умарзода дода мешавад. Марҳамат.
Абдуҷаббор УМАРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода таҳия гардидааст.
Мақсад аз таҳияи он мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ бо дарназардошти рушди мунтазами муносибатҳои ҷамъиятӣ ва зарурати мутобиқ гардондани қонунгузории амалкунанда ба он ва раванди муносибатҳои муосири иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар иборат мебошад.
Дар он самтҳои афзалиятноки дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ тавассути ҷудо намудани кумаки молиявӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҷалби сармоя ва кумакҳои бебозгашти ватанӣ ва хориҷӣ, рушди қарздиҳӣ, таҷҳизонидан бо техника ва технологияи замонавӣ, таъминоти илмӣ ва иттилоотӣ-маркетингӣ, сармоягузории рушди инфрасохтори муҳандисӣ, таъмини бехатарии байторию санитарӣ, мониторинг, арзёбии ҳолати заминҳои обёришаванда ва чораҳои дигари дастгирӣ ифода гардидаанд.
Лоиҳаи қонун аз 6 боб ва 22 модда иборат мебошад.
Дар боби 1 (моддаҳои 1-3) мафҳумҳо, дастгирӣ ва принсипҳои дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, боби 2 (моддаҳои 4-6) салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, боби 3 (моддаҳои 7-13) чораҳои танзими давлатии дастгирии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, боби 4 (моддаҳои 14-16) самтҳои афзалиятноки дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, боби 5 (моддаҳои 17-19) тартиби муроҷиат, баҳисобгирӣ ва назорати истифодаи кумаки молиявӣ ва боби 6 (моддаҳои 20-22) муқаррароти хотимавӣ муқаррар гардидааст.
Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2021 таҳти № 785 барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 9 декабри соли 2021 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндаҳои кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ баррасӣ намуд.
Дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 90 таклифи пешниҳодшудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аз онҳо 83 таклиф қабул, 4 — то қисман қабул ва 3 таклиф қабул карда нашуд.
Дар асоси хулосаҳои воридгардида, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», муқаддима, моддаҳои 1, 3, 9, 12 ва 14 такмил дода шуда, моддаҳои 17, 18 ва 20 хориҷ ва моддаи 5 дар таҳрири нав ифода шуданд.
Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаҳои 5, 12, 13 ва 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 40-43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Хоҳиш менамоям, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.
(Идома дорад)
Самариддин АСОЗОДА,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ