Якуми октябри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи якуми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи якуми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)
РАИС: - Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар кори ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Бобозода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода, раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони муҳтарам!
Тибқи талаботи банди 134-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарур аст, ки котиботи ҷаласаи якуми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем. Пешниҳод аст, ки он иборат аз 3 нафар ва дар ҳайати зерин ташкил карда шавад:
Раиси котибот:
Вакил аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ, №9 Хайриддин Усмонзода
Аъзои котибот:
Вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афруз Қурбонзода;
Вакил аз ҳавзаи интихоботии Фархор, №34 Зоир Раҳмонзода.
Доир ба ҳайати пешниҳодгардида таклифи дигар доред? Нест.
Лоиҳаи қарор дар хусуси котиботи ҷаласа ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Тибқи талаботи банди 134-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарур аст, ки Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилонро низ интихоб намоем. Пешниҳод аст, ки ҳайати он иборат аз 3 нафар интихоб карда шавад:
Ба ҳайси раиси комиссия номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ, №41 Азиз Гиёзода.
Ба ҳайати аъзои комиссия:
Номзадии вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ранохон Бобоҷониён ва вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Зайнудин Сафарзода пешниҳод карда мешавад.
Доир ба шумора ва ҳайати комиссия андешаи дигар доред? Нест.
Лоиҳаи қарор дар хусуси Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Вакилони муҳтарам!
Тибқи талаботи бандҳои 246 ва 247-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарур аст, ки Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳиро дар ҷаласаҳои Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум интихоб намоем.
Пешниҳод аст, ки гурӯҳ иборат аз 3 нафар ва дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:
Роҳбари гурӯҳ:
Номзадии вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Мансур Усмонов.
Ба ҳайати аъзои гурӯҳ:
Номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ, №30 Ҳуснигул Одиназода ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Файзобод, №11 Файзулло Наҷмиддиниён пешниҳод карда мешавад.
Доир ба шумора ва ҳайати гурӯҳ андешаи дигар доред? Нест.
Лоиҳаи қарор дар хусуси Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Аз вакилоне, ки ба ҳайати котибот, Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шуданд, хоҳиш карда мешавад, ки ба иҷрои вазифа шурӯъ намоянд.
Вакилони муҳтарам!
Зимнан, лозим аст, ки тартиби инъикоси кори ҷаласаҳои Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро аз тариқи воситаҳои ахбори омма муайян намоем.
Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дода мешавад. Марҳамат.
Саидмурод ФАТТОҲЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба тариқи зайл пешниҳод мегардад.
Мутобиқи банди 137-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Рафти кори Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба таври фишурда пахш карда шавад.
Маводи кори Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» муфассал нашр карда шавад.
Маводи кори Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», инчунин дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.
РАИС: - Доир ба ин масъала лоиҳаи қарор дар дасти шумо ҳаст.
Чӣ гуна пешниҳод доред? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз монда, хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласа 7 масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.
Хоҳиш мекунам, нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо»
2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Қосимзода Идигул Тағо»
3. Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ
4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.
Масъалаи якум «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо».
Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатӣ «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Қосимзода Идигул Тағо» мебошад.
Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз мемонам. Хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Қосимзода Идигул Тағо» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини якуми вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Бобозода дода мешавад. Марҳамат.
Раҳим БОБОЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон «Оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ» барои рушди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирону бор байни Тоҷикистону Гурҷистон мусоидат намуда, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти автомобилиро дар кишварҳо таъмин менамояд.
Инчунин, тасдиқи он имконияти пайдо намудани роҳҳои алтернативӣ ба Ҷумҳурии Туркияро таъмин намуда, ҷиҳати васеъ кардани ҷуғрофияи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ барои интиқолдиҳандагони ватанӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, бо истифода аз бандарҳои обии Батуми ва Потаи Гурҷистон тавассути Баҳри Сиёҳ имконияти баромадан ба кишварҳои дигари қитъаи Аврупо пайдо гардида, дар ин масир бо истифода аз усули интиқоли мултимодалӣ имконияти содироти маҳсулоти ватанӣ имконпазир мегардад. Аз лиҳози оқибатҳои иқтисодию сиёсӣ, танҳо паёмадҳои хуб, алалхусус, таҳкими ҳамкории дуҷониба, барқарор шудани муносибатҳои дӯстонаи шаҳрвандони ҳар ду кишвар, рушди сайёҳӣ ва зиёд гардидани гардиши молу маҳсулот, барои рушди иқтисодиёти ҳар ду кишвар мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бо Гурҷистон то ҳол заминаи ҳуқуқӣ ба тасвиб расонида нашудааст ва созишномаи баррасишаванда хусусияти соҳавиро касб намуда, зарурати ба дигар санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии кишвар ворид намудани тағйиру иловаҳоро тақозо наменамояд. Ҳамчунин, қабул гардидани он аз буҷети мамлакат маблағгузориро талаб намекунад ва аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, лоиҳаи созишномаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Бахтиёр Аҳмадзода дода мешавад. Марҳамат.
Бахтиёр АҲМАДЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ 14 апрели соли 2021 дар шаҳри Тифлис ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2021 таҳти №810 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулоса супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул 22 сентябри соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт лоиҳаи созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ намудани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Он ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи қарор вобаста ба масъала бо овоз монда мешавад. Хоҳиш мекунам мавқеатонро муайян намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Гурҷистон оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода дода мешавад. Марҳамат.
Дилмурод ДАВЛАТЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Қобили зикр аст, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳким бахшидани заминаҳои ҳуқуқию моддии низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ ва баланд бардоштани андозаи нафақа ва кумакпулиҳо дар доираи стратегия ва барномаҳои давлатӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақаи касбӣ» соли 2011 қабул шуда, аз 1 январи соли 2013 эътибор пайдо кардааст. Он ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқи таъин ва пардохти нафақаи имтиёзноки касбиро муқаррар менамояд. То қабули қонуни мазкур тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», яъне то 1 январи соли 2013 чунин намудҳои нафақаро ба монанди нафақаи имтиёзноки пиронсолӣ вобаста бо шароити махсуси меҳнат ва нафақаи аз рӯи хизмати дарозмуддат ҳисобида мешуданд.
Бо вуҷуди ин, мавриди амал қарор гирифтани қонуни нав аз 1 январи соли 2017 мушкилоти асосии марбут ба андозаи нафақаи таъиншудаи касбӣ ва сарчашмаи маблағгузории он, инчунин, муайян кардани санаи оғози пардохти онҳо махсус шарҳ дода шудааст. Мутобиқи муқаррароти ин қонун, ҳуқуқи гирифтани нафақаи касбӣ аз 1 январи соли 2017 муайян шудааст. Ҳамчунин, шаҳрвандоне, ки аз 1 январи соли 2013 то 1 январи соли 2017 синнашон ба таъини нафақаи касбӣ расидааст, дар натиҷа, аз истифодаи ҳуқуқи қонунии гирифтани он маҳрум гардиданд.
Илова бар ин, нопурра ва номукаммал будани муқаррароти қонун сабаби он гардид, ки дар натиҷаи татбиқи меъёрҳои ин қонун, ҳаҷми миёнаи нафақаҳои ҳисобшудаи шаҳрвандон аз нафақаи муқарраршудаи базавӣ 4 — 5 маротиба камтар буда, дар ҳолатҳои алоҳида андозааш баробари 40-50 сомонӣ ташкил медод, ки ба норозигии шаҳрвандон оварда расонид. Масалан, нафақаи заминавӣ аз 1 сентябри соли 2020 — ум 207 сомониро ташкил медиҳад. Бо дарназардошти фаъолияти кории шаҳрвандон дар шароити кори зарарнок ва махсус андозаи нафақаи таъиншуда, албатта, қобили қабул ҳисобида намешавад.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандоне, ки аз соли 2013 ба синни мувофиқ расидаанд, то ба ҳол тибқи шартҳои қонун барои гирифтани нафақаи касбӣ ҳуқуқ ба даст овардаанд, пешниҳод карда шуд, ки принсипи қувваи бозгашти қонун тақвият дода шавад. Тибқи ин муқаррарот, ба суғуртакунандагон ҳуқуқ дода мешавад, ки ба нафақаи суғуртавии кормандони собиқ, аз ҳисоби маблағҳои худ (корфармо) иловапулӣ муқаррар кунанд, ки ин имкон медиҳад андозаи нафақаҳои таъиншударо (бо дарназардошти собиқаи корӣ дар шароити зараровар ва махсус) танзим карда шавад. Ин муқаррарот дар қисми 3 моддаи 6 лоиҳаи қонун инъикос ёфтааст.
Камбудии дигари ҷиддӣ, ки дар қонунгузории амалкунанда инъикос ёфтааст, татбиқи принсипҳои ҷамъоварӣ ва ташаккули андӯхти нафақавии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии касбӣ ба ҳисоб меравад. Принсипи мазкур маънои онро дорад, ки суғуртакунанда барои ҳар як корманд шахсан саҳмҳои суғуртавӣ бояд супорад. Ҳоло, андозаи нафақаи касбӣ дар асоси маблағи умумии захираҳои ҷамъшуда ҳисоб карда мешавад.
Аён аст, ки барои ҷуброни даромади аз даст додашуда андозаи нафақаи минбаъда (ҷуброни даромад) ақаллан дар сатҳи 40 фоизи музди меҳнат, бояд давраи собиқаи суғуртавӣ тахминан зиёда аз 20 солро ташкил намуда, меъёри саҳмҳои суғуртавӣ на кам аз 20 фоизи даромадро ташкил диҳад. Аз ин рӯ, истифодаи принсипҳои ҷамъоварии инфиродӣ дар низоми суғуртаи ҳатмии касбӣ ҳамчун як намуди алоҳидаи суғурта ғайриимкон мебошад.
Лоиҳаи қонун истифодаи принсипҳои суғуртаи ҳамбастагиро пешбинӣ мекунад: васеъ намудани заминаи ҳисоб кардани саҳмҳои суғуртавӣ (аз суғуртаи инфиродӣ ба суғуртаи дастаҷамъона) ва муқаррар кардани меъёри саҳми суғуртавӣ барои ҳама кормандон, ки дар истеҳсолот дар шароити зарарнок ва вазнин кор мекунанд, аз 10 фоиз (амалкунанда) то 5 фоиз ва барои шахсоне, ки дар истеҳсолот бо шароити душвор ва махсуси меҳнат — аз 5 фоиз то 2,5 фоиз, тибқи қонуни пешниҳодгардида, пешбинӣ гардидааст.
Мувофиқи ҳисобҳои пешакии агентӣ, пас аз қабули қонуни мазкур, андозаи миёнаи нафақаи касбӣ барои шахсоне, ки дар истеҳсолоти шароити вазнин ва махсуси корӣ кор мекунанд, бояд 620 сомонӣ ва барои категорияҳои дигар 360 сомониро ташкил намояд. Қисми боқимондаи тағйироти пешниҳодшуда хусусияти ислоҳи техникӣ доранд ва ба мушаххас ва мутобиқ кардани қоидаҳо бо тағйироти асосие, ки дар боло қайд карданд, равона карда шудаанд. Татбиқи қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағҳои иловагӣ талаб наменамояд.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст? Марҳамат.
Зайниддин САФАРЗОДА:
- Зимни мулоқот дар маҳалҳо мардум вобаста ба нафақа саволҳои зиёд медиҳанд, зеро дар ин масъала нофаҳмиҳо зиёданд. Дар гузашта пешниҳод намуда будем, ки ҳангоми тақсим намудани маҷмӯи маош нишондиҳандаи он иваз карда шавад. Мутаассифона, то ҳол тағйир наёфтааст.
Дилмурод ДАВЛАТЗОДА: - Тибқи қонуни зикршуда, ки амалишавиаш аз соли 2017 оғоз ёфт, ҳар кас чӣ қадаре маош гирифта бошад, аз рӯи он барояш нафақа муайян карда мешавад. Қаблан ҳангоми муайян кардани нафақа ду соли охирро ба назар мегирифтанд, ки хушбахтона, ин тартиб аз байн рафт. Дар тамоми кишварҳо ҳаҷми нафақа аз маош вобастагӣ дорад. Агар шахс ҳар қадар бештар андози иҷтимоӣ супурда бошад, мувофиқи он нафақа мегирад. Ҳоло дар ҳаҷми нафақа маҳдудият нест. Алҳол шахсоне ҳастанд, ки то 40 000 сомонӣ нафақа мегиранд. Андози пардохтшуда дар суратҳисоби махсус ба таври электронӣ ҷамъ мешавад, ки аз рӯи он ҳаҷми нафақа ба осонӣ муайян мегардад.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода дода мешавад. Марҳамат.
Сумангул ТАҒОЙЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» бо мақсади такмили низоми таъминоти нафақаҳои касбӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои нафақавии шахсоне, ки дар ҷойҳои кории дорои шароити махсуси меҳнат фаъолият менамоянд, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, дар лоиҳа мукаммалгардонии моддаҳои 1, 3, 6, 7, 8, 12, 14, 20, 22 ва 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ва дар таҳрири нав ифода намудани модда, сархатҳо ва қисмҳои моддаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳо ва раёсатҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон пурра гузашта, ҷиҳати такмили он, дар маҷмӯъ, 34 таклиф пешниҳод гардид, ки аз онҳо 17 таклиф қабул, 6 таклиф қисман қабул ва 11 таклифи дигар қабул нашуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба талаботи моддаҳои 14, 35, 37 ва 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ) мутобиқ мебошад.
Аз ин рӯ, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» шурӯъ мекунем. Аз рӯи он сухан ба директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода дода мешавад. Марҳамат.
Дилмурод ДАВЛАТЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохти қисми маблағгузории нафақаи суғуртаро, ки аз ҳисоби пасандозҳои нафақавии шахсони суғурташуда ташаккул меёбад, пешбинӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки қабл аз қабул ва эътибор пайдо кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» андӯхти нафақавӣ дар шакли иловапулӣ ба нафақаҳои меҳнатӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 таҳти №665 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои пардохти маблағҳои андӯхти нафақавӣ аз суратҳисобҳои инфиродии шахсони суғурташуда» муайян карда мешуд.
Аммо бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» намудҳои нафақа ва шартҳои таъини онҳо тағйир ёфт. Илова бар ин, бо дарназардошти дар қонун мавҷуд будани муқаррарот оид ба ташаккули андӯхти нафақавӣ, дар қонуни амалкунанда тартиби муайян кардани маблағи қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ мавҷуд набуд, ки аз як тараф, ҳолати холигии ҳуқуқӣ мушоҳида намуда, аз тарафи дигар, ба ихтилофи ҳуқуқӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар боло қайд шудааст, ба назар мерасид.
Вобаста ба ин, бо мақсади рафъи номувофиқатии ҳуқуқӣ ва бартараф намудани номуайянӣ мавриди ҳисоб кардани маблағи қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ пешниҳод карда шуд, ки ба моддаи 54 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» тағйирот ворид карда шавад.
Дигар тағйиротҳо нисбат ба ислоҳи техникӣ, ба мутобиқати қонун, меъёрҳои техникаи қонунгузорӣ нигаронида шудаанд. Барои амалӣ намудани қонун маблағҳои иловагии буҷети давлатӣ талаб карда намешаванд. Аз ин рӯ, аз шумо, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашӯрзода дода мешавад. Марҳамат.
Гулбаҳор АШӮРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» бо мақсади бартараф намудани хатоии имлоӣ дар матни қонуни амалкунанда ва номукаммал будани меъёрҳои алоҳида, ки дар давраи пас аз мавриди амал қарор додани қонуни мазкур (аз 1 январи соли 2017) ба мушоҳида мерасад ва мушаххас намудани заминаҳои ҳуқуқӣ барои баланд намудани самаранокии низоми нав дар самти ба роҳ мондани таъин, ҳисоб ва бозҳисобӣ, ташкили пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, ҷиҳати таъмини шаффофият ва омори дақиқ дар соҳаи таъминоти нафақа, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, дар лоиҳа мукаммалгардонии моддаҳои 18, 48 ва 54 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва дар таҳрири нав ифода намудани сархатҳо ва қисмҳои моддаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳо ва раёсатҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон ба пуррагӣ гузашт, ки ҷиҳати такмили он, дар маҷмӯъ, 12 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо 7 таклиф қабул, 1 таклиф қисман қабул ва 4 таклифи дигар қабул нашуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба талаботи қисми 3 моддаи 1, қисмҳои 1-2 моддаи 14 ва моддаҳои 35 ва 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» (Техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ) мутобиқ мебошад.
Аз ин рӯ, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» мегузарем. Аз рӯи он сухан ба директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода дода мешавад. Марҳамат.
Дилмурод ДАВЛАТЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» асосан масъалаҳои фарогирии шаҳрвандон ба суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва таъмини онҳо ба кумакпулиҳои иҷтимоиро ба танзим медарорад. Дар шароити пандемияи COVID-19, ки охири соли 2019 cap зад, системаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар муътадилсозии иқтисодии вазъи иҷтимоӣ ва моддии шаҳрвандон нақши муҳим дорад.
Бо мақсади таъмини индексатсияи ҳарсолаи маблағҳои захиравии нафақа аз рӯи натиҷаҳои гирифтани даромад аз сармоягузории онҳо дар сатҳи на камтар аз сатҳи таваррум пешниҳод гардидааст, ки ба моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» тағйирот ворид карда шавад. Барои мушаххас кардани шартҳо ва тартиби таъин ва пардохти андӯхти нафақавӣ дар лоиҳаи қонун меъёри истинод ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» пешбинӣ гардидааст.
Муайян намудани манбаи маблағгузории хароҷоти солимгардонӣ ва табобати санаторӣ — курортӣ шахсони суғурташуда ва аъзои оилаи онҳо дар моддаи 23-и қонун дар сохтори андози иҷтимоӣ пешниҳод гардидааст, ки хароҷоти мазкур дар доираи саҳмияҳои суғуртаи иҷтимоӣ инъикос ёбанд. Бояд қайд кард, ки ин моддаи хароҷот бевосита ба таркиби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ тааллуқ дорад.
Бо мақсади тақвияти дастгирии иҷтимоӣ ва пешгирии бемориҳои суғурташавандагон ва аъзои оилаи онҳо дар шароити эпидемияи коронавирус, пешниҳод карда мешавад, ки ҳаҷми кумакпулиҳои иҷтимоӣ барои корношоямии муваққатӣ аз 70 фоизи музди меҳнати шахсони суғурташуда ба 75 фоиз зиёд карда шавад, ба шарте ки собиқаи кории зиёда аз 8 сол ва аз 60 фоиз то 65 фоиз ба шарте ки собиқаи кор то 8 сол дошта бошад.
Соли гузашта шумораи шахсони суғурташуда, ки барои корношоямии муваққатӣ кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба онҳо таъин ва пардохт гардидааст, 68 938 нафарро ташкил намуд. Ҳаҷми умумии пардохти кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ барои соли 2020-ум 46,3 млн. сомониро ташкил намудааст, ки андозаи миёнаи он баробари 671 сомонӣ мебошад. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, пас аз қабули қонуни мазкур андозаи миёнаи ин намуди кумакпулӣ то 718 сомонӣ меафзояд.
Маблағгузории кумакпулиҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ сурат мегирад. Маблағҳо барои иҷрои қонун аз буҷети ҷумҳуриявӣ талаб карда намешаванд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Парвиз Шодизода дода мешавад. Марҳамат.
Парвиз ШОДИЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Мақсади асосии ворид намудани тағйирот ба он фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва мукаммал гардонидани шартҳои ҳисоб ва пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандон буда, дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2020 ва 26 январи соли 2021 ироа гардида, дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 24 октябри соли 2019 баён доштанд, таҳия гардидааст.
Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, дар лоиҳа мукаммалгардонии моддаҳои 2, 10, 12, 23 ва 231 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ва дар таҳрири нав ифода намудани сархатҳо ва қисмҳои моддаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 2021 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Он расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳо ва раёсатҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон пурра гузашта, ҷиҳати такмилаш, 10 таклиф пешниҳод гардид, ки аз онҳо 8 таклиф қабул, 1 таклиф қисман қабул ва 1 таклиф қабул нагардид.
Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаи 35, 38, 39 ва 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ буда, амалишавии он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз ин лиҳоз, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд, онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ менамоем.Аз рӯи он сухан ба раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дода мешавад. Марҳамат.
Маликшо НЕЪМАТЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Дар таърихи фаъолияти Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бори аввал вохӯрии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат бо намояндагони Иттифоқҳои касаба, ки 24 октябри соли 2019 баргузор гардид, нишонаи таваҷҷуҳ, қадршиносӣ ва эҳтироми Пешвои миллат арзёбӣ мегардад.
Роҳнамоии судманд ва дастуру супоришҳое, ки дар мулоқот иброз гардиданд, сармашқи кори Иттифоқҳои касаба гардида, дар ин замина мо кӯшиш менамоем, ки дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди иҷтимоӣ ва мақоми қонунгузори кишвар — Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳоро бо роҳи баргузор намудани муколамаи иҷтимоӣ баррасӣ намоем.
Бо дарназардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат ва дархости аҳли заҳмати ҷумҳурӣ Иттифоқҳои касаба пешниҳод намуд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 24 октябр, ки ба вохӯрии Пешвои миллат бо фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон рост меояд, ҳамчун «Рӯзи иттифоқҳои касаба» таҷлил карда шавад.
Дар ҳамин асос, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон 25 майи соли 2021 рӯзи 24 октябрро ҳамчун рӯзи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, ки ба рӯзи вохӯрии Пешвои миллат бо фаъолони Иттифоқҳои касаба рост меояд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дархост муроҷиат намуданд, ки он ҷонибдорӣ гардид.
Дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 июни соли 2021 таҳти №48205 зарурати ворид кардани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба миён омадааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баъди таҳия бо вазоратҳои адлия, молия, иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мувофиқа карда шуд ва онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуд. Қабул ва татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур маблағи иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад ва хоҳишмандем он ҷонибдорӣ карда шавад.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидзода дода мешавад. Марҳамат.
Сарвиноз МАҶИДЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Он 24 октябрро ҳамчун рӯзи Иттифоқҳои касаба, ки ба рӯзи вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Иттифоқҳои касаба рост меояд, муайян менамояд.
Лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2021 таҳти № 814 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда, расмиёти дохилиро мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст.Ва ба моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба овоз мемонам.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.
РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд. Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ изҳор мекунам.
Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Самариддин АСОЕВ,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ