4 апрели соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.
РАИС: - Вакилони муҳтарам!
Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 62 нафар вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рузадор Муҳаббатшо»
2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Рузадор Муҳаббатшо»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ»
4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди баррасии масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рузадор Муҳаббатшо» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Рузадор Муҳаббатшо» қарор қабул карданд.
РАИС: — Ба баррасии масъала – «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур дода мешавад.
РАҲИМЗОДА Султон Нурмаҳмадпур: — Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» бо мақсади сабукӣ овардан ба молик ё истифодабарандагони иншооти гирдотехникӣ дар самти омода намудани эъломияи бехатарии иншооти гидротехникӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» моҳи декабри соли 2010 қабул гардида, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ моҳи августи соли 2014 таъсис шудааст. Бояд зикр кард, ки соҳаи мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбатан нав ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти ин, дар асоси таҷрибаи андӯхтаи хадамоти зикршуда ва таҷрибаи дигар давлатҳо, лозим аст, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил дода шаванд.
Тибқи қонуни амалкунанда, молик ё истифодабарандаи иншооти гидротехникӣ бояд эъломияи бехатарии иншооти гидротехникиро таҳия ва ба мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ пешниҳод намояд. Бо дарназардошти соҳаи нав будан ва нарасидани мутахассисони таҷрибанок, имконияти моликон ва истифодабарандагони иншооти гидротехникӣ барои мустақилона омода кардани эъломияи бехатарии иншооти гидротехникӣ маҳдуд аст.
Тағйироти воридгардида (қисми 1, моддаи 10) ба онҳо имкон медиҳад, ки барои анҷоми ин кор ташкилоту пажӯҳишгоҳҳои дорои иқтидорҳои зарурии техникиву зеҳниро ҷалб намоянд. Ҷиҳати кам кардани эҳтимоли ҷалби ташкилотҳое, ки иқтидори лозимии техникиву зеҳниро барои анҷоми ин кор надоранд, пешниҳод мешавад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ талаботи махсус барои онҳо муқаррар карда шавад.
Доштани ҳуқуқ аз ҷониби ташкилот дар самти фаъолият дар соҳаи иншооти гидротехникӣ, ба монанди ташкилотҳои лоиҳакашӣ, пажӯҳишгоҳҳои дахлдор, ба назар гирифтани собиқаи кории мутахассисони ташкилот, мавҷуд будани базаи моддию техникӣ, мавҷудияти лабораторияҳои дахлдор аз ҷумлаи муқаррароти ин талабот хоҳанд буд.
Тағйироти дигар ба қисми 4 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» пешбинӣ гаштааст, ки тибқи он калимаҳои «муҳлати муқарраргардида» ба калимаҳои «тибқи тартиби муқарраргардида» иваз карда мешаванд. Ин тағйирот бо сабаби он пешниҳод гардидааст, ки муҳлати пешниҳоди эъломияи бехатарӣ бо якчанд тартибу қоидаи аллакай тасдиқгардида муайян шудааст ва тибқи он муҳлати пешниҳоди эъломия вобаста аз давраи лоиҳакашӣ, сохтмон, баистифодадиҳӣ, барқарорсозӣ, маҳфуз гузоштани иншооти гидротехникӣ гуногун мебошад.
Вакилони муҳтарам, хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.
Баҳром Абдуалимов: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, масъалаи таъмини бехатарӣ дар лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифодабарӣ қарор додан, таҷдид, барқарорсозӣ ва маҳфуз доштани иншоотҳои гидротехникиро ба танзим даровардааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» самтҳои таъмини фаъолияти иншоотҳои гидротехникиро бо ҳуқуқу уҳдадориҳои моликони иншоотҳои гидротехникӣ, истифодабарандагони онҳо ва ваколатҳои мақоми назоратӣ муайян карда, намудҳои ҳуқуқвайронкуниро оид ба таъмини бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ муқаррар намудааст.
Дар сурати қабул гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», фаъолияти назоратии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ васеъ гардида, барои боз ҳам пурзӯр шудани сифати назорат дар ин самт заминаи ҳуқуқӣ муҳайё менамояд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Ҷиҳати такмил аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 4 пешниҳод ворид гашт ва онҳо дар лоиҳаи қонун истифода шуданд.
Кумитаи масъул 29 марти соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуд.
Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Дар ҷаласаи имрӯза сардори Хадамоти давлатӣ дар соҳаи иншооти гидротехникии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадамин Замонзода ҳузур доранд.
Муҳтарам Замонзода, ба иншооти гидротехникӣ чиҳо дохил мешаванд?
Мадамин ЗАМОНЗОДА: - Сарбандҳо, трубинаҳои обкашӣ, каналҳо, тунелҳои обгузар ва монанд ба онҳо.
РАИС: — Ман инро барои он аниқ кардан мехостам, ки иншооти гидротехникӣ дар шароити Тоҷикистон ҷузъи хеле муҳим мебошанд, зеро, агар аз як ҷониб, ҳодисаҳои омадани селу обхезӣ дар ҷумҳурӣ хеле зиёд ба вуҷуд оянд, аз тарафи дигар, кишвар асосан аграрӣ буда, қисмати зиёди заминҳо ба воситаи насосҳо обёрӣ мешаванд. Бинобар ин, амнияту бехатарии иншооти гидротехникӣ масъалаи басо муҳим аст.
Аз ин рӯ, моликони ин иншоот масъулияти хеле ҷиддӣ бар дӯш доранд. Онҳоро лозим меояд ин иншоотро зери назорат ва муроқибати доимӣ нигоҳ доранд, сари вақт аз таъмир бароранд ва дар ҳолати ҳамешагии омодабош қарор диҳанд. Масалан, ҳамин шабу рӯз, ки вақти обёрии зироатҳост, дар вилояти Хатлон, аниқтараш дар дарёи Панҷ, дамбаҳо бунёд карда истодаанд, то ин ки аз дарёи ҳоло камоб майдонҳои киштро обшор намоянд. Шояд баъди ду — се ҳафта сатҳи оби дарё баланд шавад, вале ҳоло бунёди дамбаҳо ва ба ин восита равон кардани об ба киштзор илоҷи ягона аст. Бояд гуфт, ки каналҳои обрасонӣ дар он ҷо ва умуман дар ҷумҳурӣ, мутаассифона, ба қабули об омода карда нашудаанд. Ба ин кор ҳоло идораҳои соҳа ва мардум ҷалб нашудаанд. Баъди чанд рӯз обёрии пахтазор шурӯъ мешавад. Дар чунин ҳолати имрӯзаи иншооти гидротехникӣ обёрии киштзор душвор мегардад. Бинобар ин, чораҳои саривақтӣ андешидан зарур аст.
Кӣ ба маърӯзачиён савол дорад? Марҳамат, сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Олимҷон Сафаров дода мешавад.
Олимҷон САФАРОВ: - Ман ба муҳтарам Замонзода савол дорам. Ҳолати имрӯзаи иншооти гидротехникӣ ва корҳои соҳилмустаҳкамкуниро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Мадамин ЗАМОНЗОДА: — Мутахассисон ҳолати ҳама иншооти гидротехникиро қабл аз оғози мавсими обрасонӣ ва ҳам дар ҷараёни он мавриди арзёбӣ қарор дода, ба моликони онҳо барои бартараф кардани норасоию камбудиҳо пешниҳодот манзур менамоянд.
Воқеан ҳам, қисмати бештари иншооти гидротехникӣ ба таъмиру таҷдид ниёз доранд, вале аксари соҳибони онҳо, бинобар набудани маблағ, таъмиру азнавсозии онҳоро ба таъхир меандозанд.
РАИС: - Онҳо дар тавозуни кадом идораанд?
Мадамин ЗАМОНЗОДА: - Дар тавозуни Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
РАИС: - Шумо бояд ҳоло дар бораи ҳамаи иншооти гидротехникии ҷумҳурӣ маълумотнома таҳия карда, ба масъулини соҳа пешниҳод намоед. Худо накарда, агар ҳодисае сар занад, кӣ ба ин масъул мешавад, офатро кӣ бартараф менамояд?
Дур наравем. Ҳодисаи сӯхтори даҳшатноки чанде пеш дар шаҳри Кемеровои Россия рӯйдодаро мисол гирем. Бубинед, ҳоло чӣ қадар тафтишот оғоз шудааст вобаста ба он. Чанд масъаларо аниқ карда, омилҳои ба сӯхтор боисшударо мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд.
Мо набояд ба чунин ҳолат роҳ диҳем. Барои ин дақиқ бояд донист, ки кадом иншоот чӣ ҳол дорад?
Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.
Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Имрӯз беш аз 80 фоизи оби дарёҳои кишварро ҷумҳуриҳои фаромарзӣ истифода мебаранд. Оё ҳоло миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ бо вазоратҳои ҳамсони кишварҳои фаромарзии минтақа шартнома ба имзо расидааст, ки тибқи он ҷумҳуриҳои поёноб барои пешгирии обхезиҳо кумак расонанд?
РАҲИМЗОДА Султон Нурмаҳмадпур:
- Масъалаҳои истифодаи захираҳои об миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ тавассути Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об ба танзим дароварда мешаванд. Он дар як сол ду маротиба лимити обгирии кишварҳои аъзоро муайян менамояд. То соли 2008 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар масъалаи истифодаи оби обанбори «Баҳри Тоҷик» шартнома амал мекард. Дар доираи он Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо дар асоси протоколҳои мавҷуда кумаки молиявӣ мерасонд ё дар иҷрои корҳо саҳм мегирифт. Мутаассифона, 10 сол аст, ки ин гуна созишномаҳо вуҷуд надоранд. Бо дарназардошти беҳтар шудани муносибатҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, имкон дорад, ки минбаъд шартномаҳо баста шаванд.
РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам дода мешавад.
Рустам ҚУДРАТОВ: - Баъд аз ислоҳоти хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки дар натиҷа даҳҳо ҳазор хоҷагии хурди деҳқонӣ ба вуҷуд омаданд, метавон гуфт, ки иншооти гидротехникӣ бесоҳиб монданд. Дар чунин вазъият Хадамот аз болои ин иншоот чӣ гуна назорат мебарад?
Мадамин Замонзода: - Хадамоти давлатӣ дар соҳаи иншооти гидротехникӣ беш аз се сол аст, ки фаъолият менамояд. Дар ҷумҳурӣ ҳама иншооти гидротехникӣ соҳиб доранд. Камбудиҳои ошкорнамудаи мо, ба роҳбарони соҳа расонида мешаванд, то ин ки онҳо барои бартараф кардан чора андешанд. Корхонаҳои хоҷагии оби шаҳру ноҳияҳо масъули иншооти гидротехникӣ буда, нигоҳубини онҳоро бар уҳда доранд. Бинобар ин, ақидаи он ки иншооти гидротехникӣ дар ҷумҳурӣ бесоҳиб мондаанд, ба ҳақиқат дуруст намеояд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур дода мешавад.
РАҲИМЗОДА Султон Нурмаҳмадпур: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқнамоӣ ва ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» самтҳои таъмини фаъолияти иншооти гидротехникиро бо ҳуқуқу уҳдадориҳои моликони иншооти гидротехникӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақомоти назоратӣ муайян карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниро оид ба бехатарии иншооти гидротехникӣ (моддаи 18) муқаррар намудааст. Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳо доир ба ҳуқуқвайронкуниҳои соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ пешбинӣ нашудааст.
Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ се сол пеш таъсис шудааст, аммо ягон чораи таъсиррасониро ҳангоми ошкор намудани қонунвайронкунӣ дар самти таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ ба иҷро расонида наметавонад. Аз ин рӯ, тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 2 моддаи 33 илова кардани сархати ҳаштум бо мазмуни «- дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ва дар фасли 3 илова кардани боби 231 бо мазмуни «Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» пешниҳод карда мешавад. Вобаста ба ин, баъди моддаи 404, ворид намудани моддаҳои 4041, 4042, 4043 ва 4044 дар назар дошта шудааст, ки ҷазои маъмуриро барои риоя накардани меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарии иншооти гидротехникӣ пешбинӣ менамояд.
Қобили зикр мебошад, ки лоиҳаи моддаи 4041 дар асоси сархати 4 моддаи 18, лоиҳаи моддаи 4042 дар асоси сархати 2 қисми 2 моддаи 12, лоиҳаи моддаи 4043 дар асоси қисми 4 моддаи 10 ва лоиҳаи 4044 дар асоси сархати 6 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» таҳия ва пешниҳод гардидаанд.
Ҳадафи асосии таҳияи лоиҳаи қонун иҷрои ҳаракатҳои аввалиндараҷа ҷиҳати татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ мебошад.
Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.
САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур, ки ба масъалаҳои таъмини бехатарӣ дар лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмири асосӣ, мавриди истифодабарӣ қарор додан, таҷдид, барқарорсозӣ ва барҳам додани иншооти гидротехникӣ бахшида шудааст, барои риоя накардани қоидаҳои дахлдор дар ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ менамояд. Мувофиқи лоиҳа, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон боби 231 бо номи «Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» бо чор модда илова гардид.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур 14 таклифу пешниҳод манзур гардид, ки 10-тои он ба лоиҳа ворид карда шуд.
Кумитаи масъул 29 марти соли 2018 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ ҷаласаи васеъ баргузор намуда, таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуд.
Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур дода мешавад.
РАҲИМЗОДА Султон Нурмаҳмадпур: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқнамоӣ ва ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои боз ҳам беҳтар гардидани сифати назорат дар самти бехатарии иншооти гирдотехникӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Дар амал татбиқ шудани лоиҳаи қонуни мазкур имконият медиҳад, ки таъмини бехатарии иншооти гидротехникӣ ва назорати онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ва Низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ ба роҳ монда шуда, ҳаракатҳои муайяни асосноки қонунӣ аз тарафи шахсони масъул анҷом дода шавад, ки мувофиқ ба талаботи қонунгузорӣ хоҳад буд.
Воқеияти имрӯза тақозо дорад, ки ҷиҳати батанзимдарории ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони масъул ва ҳаракатҳои минбаъдаи онҳо, ки санад ва қарорҳои дахлдор аз тарафи онҳо тартиб дода, қабул карда мешаванд, барои дуруст бандубаст шудан ва баррасии минбаъдаи онҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид карда шавад. Бинобар ин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Кодекси мазкур илова кардани моддаи 1151-ро бо мазмуни «Мақоми назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», ки аз ду қисм иборат буда, салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ ва шахсони масъули мақомоти мазкурро оид ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва таъмини ҷазо муқаррар мекунад, пешбинӣ менамояд.
Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад.
Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ: - Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонун бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Дар кодексҳои амалкунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ меъёрҳои ҳуқуқӣ доир ба ҳуқуқвайронкуниҳои соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ пешбинӣ нашудааст. Дар ҳолати ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти назоратии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ асоснок ва доираи ваколатҳо вобаста ба баррасӣ ва таъин намудани ҷазоҳо бо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар моддаҳои 4041 - 4044 пешбинӣ шудааст, аз ҷониби шахсони масъул муайян карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 16 марти соли 2018 №1633 барои баррасӣ ва пешниҳоди хулосаҳо ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон супорида шуд.
Кумитаи масъул 29 марти соли равон бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ намуд. Субъектони номбурда онро ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ кунед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.
Самариддин АСОЕВ,
Абдумаҷид МУРОДОВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ