Бистуми феврали соли 2024 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИСИКУНАНДА: — Вакилони арҷманд!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 56 вакил ҳузур доранд. Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем. Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.
Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
РАИСИКУНАНДА: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Ба рӯзномаи ҷаласа як масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.
Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.
Хоҳишмандам, нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаи зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф».
РАИСИКУНАНДА: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Дар асоси лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 6, 16, 17, 18, 36 ва 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйирот пешниҳод карда шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фарогирии шаҳрвандон ба таълими миёнаи умумӣ таҳия гардидааст.
Тибқи тағйироти пешниҳодшуда шаҳрвандон уҳдадоранд баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд.
Ҳамзамон, тибқи тағйироти пешниҳодшуда дар баробари кафолати конститутсионии таълими умумии асосии ҳатмии ройгон давлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими миёнаи умумии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Дар маҷмӯъ, мақсадҳое, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод шудаанд, ба манфиати ҷомеа, хусусан ҷавонон, мебошанд. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории қабули он овоз диҳед.
РАИСИКУНАНДА: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухани навбатӣ ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дода мешавад. Марҳамат.
Раҳим САИДЗОДА: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бемайлони соҳаи маориф ва илм изҳори сипос ва миннатдорӣ менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки чун ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, барои боз ҳам тақвият бахшидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ибрози андеша намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа диққати ҷиддӣ медиҳад. Аз ҷумла, дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад». Ташаббуси Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, бунёди таҳкурсии мустаҳками маориф тадбирҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти пешниҳоди Сарвари давлат ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ барои баланд бардоштани имкониятҳои низоми маориф мусоидат менамояд. Ин ҳадаф шароит фароҳам меорад, ки раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон таъмин гардида, яке аз проблемаҳои мавҷуда дар ин самт ҳаллу фасл карда шавад.
Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» хонандагон уҳдадор мешаванд, ки баъд аз хатми зинаи таҳсилоти умумии асосӣ таҳсилро дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома диҳанд. Бо ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани 34 200 нафар хонанда ҳалли худро меёбад. Инчунин, давраи худмуайянкунии касбии хонандагон дар асоси ҷамъбасти масъалаҳои назариявӣ ва банизомдарории малакаю донишҳои азхудкарда ва дарки асосҳои илми муосир дар ҷараёни таълиму тарбия ва ҷаҳонбинии шахс ба роҳ монда мешавад. Самти афзалиятноки зинаи мазкур омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ, гуманитарию ҷамъиятӣ ва технологӣ амалӣ карда мешавад.
Дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бошад, аз рӯи майлу рағбат ва қобилияташон таҳсилро дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ идома медиҳанд. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои ҷалби хонандагон ихтисосҳои барои рушди иқтисодиёти миллӣ зарурро пешниҳод менамоянд.
Инчунин, яке аз Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 кафолат додани он, ки ҳамаи духтарон ва писарон таҳсилоти ройгон, баробар ва босифати ибтидоӣ ва миёнаро ба даст оварда, ба натиҷаҳои мувофиқ ва самараноки омӯзиш оварда мерасонад, амалӣ гардонда мешавад. Дар натиҷа, масъалаи аз таҳсил дур мондани ноболиғон ҳалли худро ёфта, пеши роҳи болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, ки дар ҷумҳурӣ соли 2023-юм 474 ададро ташкил медиҳад, гирифта мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 551 нафар ноболиғи дар ҳолати содирнамоии ҷиноят иштирокдошта 436 нафари онҳо (79,1 фоиз) ноболиғоне мебошанд, ки ба кор ва таҳсил машғул нестанд.
Ҳамаи ин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар, ки боиси рушди соҳаи маорифи мамлакат мегардад, аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Ин талошҳо муайянкунандаи он аст, ки соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ рушд карда, нақши Пешвои миллат дар пешрафти он назаррас мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИСИКУНАНДА: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дода мешавад. Марҳамат.
Насиба СОДИҚӢ: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ оид ба танзими ҳуқуқии низоми таҳсилот таҳия ва пешниҳод шудааст.
Дар асоси тағйироти пешниҳодшуда, минбаъд шаҳрвандон уҳдадоранд таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ давом диҳанд ва ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ таҳсил намоянд.
Тағйироти қисми 10 моддаи 16, ки аз муассисаи таълимӣ хориҷ кардани хонандагонро бартараф менамояд, мантиқан тибқи сархати сеюми қисми 2 қисмҳои 11 — 13 ҳамин модда хориҷ мешаванд, ки ин ҳам барои зиёд намудани масъулияти муассисаҳои таълимӣ ва волидайн баҳри дур нашудани хонандагон аз таҳсил равона карда шудааст.
Мутобиқи қисми 4-уми лоиҳаи қонуни мазкур шаҳрвандоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд, дар ин муассисаҳо баробари таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳсилоти миёнаи умумӣ мегиранд.
Ҳамин тариқ, бо ворид намудани тағйирот уҳдадориҳои давлат барои ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон боз ҳам зиёд мешавад. Лозим ба ёдоварист, ки муқаррароти сархати якуми қисми 2 моддаи 1 — уми лоиҳаи қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он таҳсили умумии асосиро гирифтаанд, татбиқ намегардад.
Бо Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми феврали соли 2024, таҳти №2050, лоиҳаи қонуни мазкур барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, 19-уми феврали соли 2024 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. Бинобар ин, аз шумо – вакилони арҷманд бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории қабули он овоз диҳед.
РАИСИКУНАНДА: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?
Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дода мешавад. Марҳамат.
Файзулло БАРОТЗОДА: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ оид ба танзими ҳуқуқии низоми таҳсилот дар мамлакат таҳия гардидааст, ҳамчун идомаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат ҷиҳати такомули бахши маориф барои татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии муваффақ муаррифӣ мегардад. Ба андешаи мо, зарурати ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур аз ду ҷиҳат муҳим аст:
Якум, дар шароити кунунии рушди бесобиқаи техникаю технология ва табодули маълумот фарогири танҳо таълими умумии асосӣ будан барои ҷавондухтарону ҷавонписарон басанда нест. Ин ҳолат метавонад боиси рукуди зеҳнии онҳо дар муҳити ҷомеапазирӣ гардад ва рушди сармояи инсонии онҳоро маҳдуд бисозад. Аз ин рӯ, уҳдадор намудани онҳо барои идомаи таълим дар муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ё муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ ба манфиати шаҳрванду ҷомеа хоҳад буд, ки дар натиҷа ба кору фаъолиятҳои зиёди судовар машғул шудани онҳоро осон мегардонад.
Дуюм, вазъияти зудтағйирёбандаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ осебпазирии қишру табақаҳои гуногуни кишварҳоро башиддат афзун гардонидааст. То ҳанӯз сатҳи пасти донишҳои дунявию эътиқодӣ ва аз рӯи пастмаърифатию беэҳтиётӣ паёмак додани ҷавонони ноогоҳ ба сомонаҳои ташкилотҳои мамнӯи террористию экстремистӣ боиси гирифторию саргардонӣ, зиндону маҳбас шудан ва гоҳо ба ҳалокат расидани онҳо мегардад. Бегумон, таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба таълиму тарбия ва маърифату касбомӯзии ин гурӯҳи шаҳрвандон барои ташаккули мафкураи созгори ҷамъиятӣ мусоидат намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар байни онҳо тақвият мебахшад ва сатҳи содир кардани ҷиноятҳоро коҳиш медиҳад.
Дар асоси андешаҳои баёншуда, аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИСИКУНАНДА: - Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода дода мешавад. Марҳамат.
Мавзуна ШАМСИДДИНЗОДА: - Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ҳар як қонуне, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегардад, пурра ба рушди маҷмӯии кишвар ва беҳтар гаштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона карда шудааст. Лоиҳаи қонуне, ки имрӯз баррасӣ дорем, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст. Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур баланд бардоштани сифати таҳсилот дар раванди таълими миёнаи умумӣ, гирифтани касбҳои гуногун дар шароити имрӯза барои ҷавонон, хусусан духтарони кишвар, ниҳоят муҳим буда, барои дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ таъсис додани ҷойҳои нави корӣ имкониятҳои васеъро фароҳам меорад. Таълим гирифтан, касб омӯхтан, ҳунарманд шудан замина ба зиндагии ояндаи ҷавонон мебошад. Бузургон барҳақ гуфтаанд: «Ҳунар чашмаи зоянда ҳасту давлати поянда».
Қабул ва татбиқи тағйироти мазкур ба қонуни амалкунанда сохторҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан падару модаронро дар пешбурди сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ карда, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани фарҳанги миллати сарбаланди тоҷик барои соҳибкасбу соҳибихтисос шудани ҷавонон мусоидат менамояд. Гирифтани таълим ва соҳиби касб шудани фарзандони мо ин худ тарбия аст. Боварии комил дорам, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина дар самти фаҳмондадиҳӣ, омода намудани дастурҳои методӣ барои азхудкунии касбҳо, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, хусусан баҳри баланд бардоштани омодагии омӯзгорон дар таълими касбии хонандагон, ки аз тағйиру иловаҳои мазкур бармеоянд, тадбирҳои самарабахшро амалӣ хоҳанд кард.
Муҳтарам вакилон, аз шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
РАИСИКУНАНДА: - Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода дода мешавад. Марҳамат.
Сумангул ТАҒОЙЗОДА: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Маориф соҳаи калидӣ ва афзалиятноки ҷомеа буда, устувории давлату миллат ва пешрафти он аз ин соҳаи муҳим вобастагии зиёд дорад. Таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи муҳим нигаронда шудааст, зеро ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоса ба маориф сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан аст. Лоиҳаи қонуне, ки имрӯз аз ҷониби Президенти кишварамон пешниҳод шудааст, далели ин ғамхориҳо мебошад.
Вобаста ба масъалаи баррасишаванда гуфтаниам, ки тағйирот ба қонун саривақтист. Баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ уҳдадорӣ оид ба таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ беҳбудӣ меорад. Аз ҷумла, доштани маълумоти миёнаи махсус ва таълимоти касбӣ баъд аз хатми синфи 9 нақши муҳимро дар масири таълимӣ ва касбии шаҳрвандони Тоҷикистон бозӣ мекунад. Ба хонандагон имкон медиҳад, ки зуд самти касбии худро муайян кунанд. Инчунин, таълим дар муассисаҳои ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар омода намудани мутахассисони соҳибмалака мусоидат мекунад, ки ин барои рушди иқтисодии кишвар ва рақобатпазирии он дар сатҳи байналмилалӣ муҳим аст. Ҳамчунин, ба ҷавонон малакаҳо ва донишҳои заруриро барои муваффақ шудан дар ҷои кор фароҳам меорад, ки ин сатҳи бекории ҷавононро паст мекунад. Гирифтани касб сатҳи даромад ва мақоми иҷтимоии шахсро баланд мебардорад, ки ин ба сифати зиндагии ӯ ва фаровонии оилааш таъсири мусбат мерасонад.
Имрӯз як қисми шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои фаъолияти меҳнатӣ берун аз кишвар сафар мекунанд. Аз ин рӯ, лоиҳаи қонуни мазкур барои муҳоҷирони меҳнатӣ низ беҳбудӣ меорад. Шаҳодатнома оид ба доштани малакаҳои касбӣ ва донишҳоро тасдиқ мекунад, ки муҳоҷирро барои корфармоён бештар ҷалбкунанда мегардонад, махсусан, дар соҳаҳое, ки ниёз ба малакаҳои ихтисосӣ доранд. Вуҷуди шаҳодатнома дарҳоро ба касбҳое, ки таълиму тарбияи махсусро талаб мекунанд ва одатан маоши баландро пешниҳод мекунанд, мекушояд. Малакаҳо ва донишҳои касбӣ, ки бо шаҳодатнома тасдиқ шудаанд, ба мутобиқшавӣ осонтар дар муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии нав мусоидат мекунанд, зеро муҳоҷир метавонад осонтар бо ҳамкорон муошират кунад ва дар ҷомеаи касбӣ интегратсия шавад. Инчунин, доштани шаҳодатномаи касбӣ худбоварии муҳоҷир ва боварии ӯро ба тавонмандиҳои худ баланд мебардорад.
Мехоҳам вобаста ба амалӣ шудани тағйироте, ки ворид мешавад, пешниҳоду дархости интихобкунандагонро манзур намоям. Ба фоидаи кор мешуд, агар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор намудани фаъолияти комбинатҳои таълими истеҳсолиро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад, зеро ин иқдом барои соҳибкасб гаштани ҳар як шаҳрванд, ки аз дастуру супоришҳои Президенти мамлакат бармеоянд, мусоидат хоҳад намуд.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» — ро дастгирӣ менамояд ва аз шумо – вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули он овоз диҳед.
РАИСИКУНАНДА: - Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.
Равшан РАҶАБЗОДА: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур такмили қонунгузорӣ оид ба танзими ҳуқуқии низоми таҳсилот ба шумор меравад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар асоси қисми 2 моддаи 16-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳсилоти умумӣ тавассути муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад. Инчунин, тибқи қисми 7 моддаи 16-уми қонуни мазкур, қабули хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқи майлу хоҳиш ва қобилияту завқи онҳо сурат мегирад.
Минбаъд пас аз қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ шаҳрвандон уҳдадоранд, ки таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд. Ҳамчунин, ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифтани хонандагон, хусусан духтарон, яъне ба тариқи ҳатмӣ гирифтани таълими миёнаи умумӣ, нобаробарии гендериро низ аз байн хоҳад бурд. Лозим ба ёдоварист, ки тибқи ҷумлаи дуюми моддаи 2 лоиҳаи қонуни баррасишаванда гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он таҳсили умумии асосиро гирифтаанд, татбиқ намегардад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро бо хулоса ҷонибдорӣ намуда, аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИСИКУНАНДА: - Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев дода мешавад. Марҳамат.
Ҳаёт ОДИНАЕВ: — Муҳтарам Раисикунанда, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба шумор меравад. Ба шаклҳо ва зинаҳои гуногуни таҳсилот фаро гирифтани шаҳрвандони кишвар, баланд бардоштани сатҳи дониш, малака ва маҳорати касбии онҳо яке аз рукнҳои давлатдории миллӣ, омили муҳимтарини таъмини истиқлолияти давлатӣ, амнияти таҳсилотӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон эътироф шудаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дастгирии ҳамаҷонибаи онро тавассути афзун намудани маблағгузориҳои буҷетӣ, таъмиру бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, равнақи низоми миллии омодасозии мутахассисони соҳибкасб, стипендияҳо ва пешниҳоди грантҳо ва баргузории озмунҳо пайваста тақвият мебахшанд.
Хотиррасон бояд кард, ки тибқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» давлат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, новобаста аз миллат, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, ҳуқуқ ба таҳсилро кафолат додааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ҷиҳати такмили минбаъдаи низоми маорифи кишвар, таъмини заминаҳои зарурӣ барои дарёфти ҳамагонии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва омода кардани мутахассисони касбӣ барои таъмини эҳтиёҷоти бозори миллии меҳнат, умуман рушди устувори кишвар, шароити зарурӣ фароҳам меоварад.
Тибқи тағйироти мазкур, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон минбаъд ба таҳсилоти миёнаи умумӣ фаро гирифта шуда, уҳдадор мешаванд, ки баъди хатми муассисаҳои таълимии умумии асосӣ таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ идома диҳанд. Инчунин, тибқи тағйироти воридшаванда, бо воситаҳои нақлиётии механикӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ омадан манъ карда мешавад, ки ҷанбаҳои тарбиявӣ ва амниятии қонуни мазкурро хеле пурзӯр менамояд.
Дар маҷмӯъ, бо қабули қонуни мазкур таҳсилоти миёнаи умумии ройгон дар муассисаҳои таҳсилотии давлатӣ кафолат дода шуда, барои васеъ кардани доираи бозори миллии мутахассисони сатҳи миёнаи касбӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешаванд. Инчунин, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон дар соҳаи таҳсилот дақиқ ва пурра риоя шуда, ягонагии бештари низоми миллии таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои он мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот таъмин карда мешавад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло аз шумо – вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» овоз диҳед.
РАИСИКУНАНДА: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИСИКУНАНДА: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.
Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ