Зиндагӣ бо Наврӯз оғоз гаштааст

№36 - 37 (3880-3881) 20.03.2018

DSC_763315 марти соли равон дар толори китобхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Ҷашни Наврӯз ва иқдоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҷаҳонӣ шудани он» баргузор гардид. Дар он кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Мудири шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Камол Абдураҳимов дар робита ба мавзӯи зикршуда маърӯза кард. Зикр шуд, ки Наврӯз ба забони аксар мардуми дунё чун рӯзи нав тарҷума шудааст, ки маънои онро ифода карда наметавонад. Наврӯз дар Авасто ба маънои оғози зиндагӣ омадааст. Абӯрайҳони Берунӣ дар асари «Осор-ул-боқия» менависад: «Худованд нуру гармиро офарид ва зиндагиро оғоз бахшид, ки ҳамон рӯзро Наврӯз меноманд».

- Мувофиқи сарчашмаҳо, — гуфт Камол Абдураҳимов, — рӯзе, ки замин ба чархиш даромад, Наврӯзро ҷашн мегиранд.

Бо соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ҷашни Наврӯз дубора эҳё гашт ва таҷлили он дар мамлакат бошукӯҳ таҷлил мегардад. Ҳамчунин, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи дубораи ҷашни Наврӯз бо далелҳо бозгӯйӣ шуд.

Аз ҷониби Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор гардидани ҳамоиш нишондиҳандаи он аст, ки бояд дар шинохт ва таблиғи Наврӯз корҳои мушаххасро анҷом дод, то ниёзҳои маърифатӣ ва ҷаҳоншинохтии миллӣ бароварда гарданд.

Ҳамоиш хеле омӯзанда ва ҷолибу хотирмон сурат гирифт.

ВОРИС,

«Садои мардум»