Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Зиёда аз 500 ҳазор сокини пойтахт зимистон бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд

№75 (4337) 10.06.2021

DSC_1788Нуҳуми июни соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҷоат Сироҷзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа 9 масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Хоҳиш мекунам, нисбат ба рӯзномаи ҷаласа мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар хусуси Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб»

2. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон»

3. Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон»

4. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе»

5. Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе»

6.  Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе»

7.  Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд

8. Дар бораи мактуб — созишномаи грантии Фонди трастии донории бисёрҷонибаи Барномаи рушди ҳамкорӣ ва савдо дар Осиё (БРҲСО) барои лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)»

9. Дар хусуси «Илова ба Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон (D604-TJ)», Созишномаи маблағгузорӣ (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) ва Созишномаи маблағгузорӣ (маблағгузории дуюми иловагӣ барои лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Дар хусуси Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Арзиши умумии лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» 15,0 млн. евроро ташкил медиҳад, ки аз он 7,5 млн. евро маблағи қарзии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 7,5 млн. евро маблағи грантӣ мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ҷудо мегардад. Инчунин, барои омода намудани лоиҳа аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 1,35 млн. евро ҳамчун кумаки техникӣ маблағгузорӣ мегардад.

Созишномаи қарзии лоиҳа бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 14 майи соли 2021 таҳти №413 тасдиқ шуда, ҳадаф аз тат­биқи он сохтмон, барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтаргардонии сифат, безараргардонии оби нӯшокӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад.

Татбиқи лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2024 ба нақша гирифта шудааст. Мутобиқи созишномаи пешниҳодшуда уҳдадориҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вобаста ба амалисозии лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» пешбинӣ мегардад.

Бо дарназардошти муҳимияти масъала аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Шамсидинзода Мавзуна Шамсидин дода мешавад. Марҳамат.

Мавзуна Шамсидинзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон  ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» 2 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва беҳдошти об дар шаҳри Кӯлоб, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, ҷорӣ кардани низоми устувори фаъолияти соҳа, инчунин, таҳкими иқтидори корхонаи хизматрасонии бахши таъминоти об, пешбинӣ шудааст.

Созишномаи зикршуда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 31 майи соли 2021 таҳти №700 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Нисбат ба Созишнома дар асоси қарори Шӯро ва мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагон расмиёти дахлдор татбиқ карда шуда, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 3 июни соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъала­ҳои ҳуқуқӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишномаи мазкур ба талаботи моддаҳои 57, 75 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 6, 11 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мувофиқ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» — ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилон, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Арзиши умумии лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» 35 млн. евроро ташкил дода, аз он 20 млн. евро маблағи қарзии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 15 млн. евро маблағи грантии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Маблағи грантӣ мустақиман аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз Иттиҳоди Аврупо ҷалб мегардад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, таҷдиду азнавсозии 2 адад зеристгоҳи мавҷуда, яъне зеристгоҳи «Бохтар»-110/10кВ ва зеристгоҳи «Кӯлоб»-110/35/10кВ, инчунин сохтмони зеристгоҳи нави 110/35/10 кВ дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст.

Барои ҷалби 20 млн. евро байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» 29 апрели соли 2021 созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 20,0 млн. евро ба муҳлати 15 сол, аз он ҷумла 4 сол муҳлати имтиёзнок ва бо меъёри тағйирёбандаи Euribor+1 фоиз ба имзо расонида шудааст.

Мақсад аз татбиқи маҷмӯии лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, насби системаи баҳисобгирии биллингӣ ва ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ ва кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ мебошад.

Татбиқи лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон»  соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади муҳимияти масъала, аз шумо — вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи  Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки ­аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Маҳмуд­зода Музафарҷон дода мешавад. Марҳамат.

Музафарҷон МАҲМУДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» 29 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Маблағи умумии он 35 млн. евроро ташкил дода, аз он 15 млн. евро ҳамчун маблағи грантӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва 20 млн. евро қарз аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷудо карда мешавад. Инчунин, аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд  1 миллиону 167 ҳазор евро маблағи грантӣ ҷудо карда шудааст. Он барои пардохти ҳаққи хизматрасонии мушовирӣ пешбинӣ гардидааст.

Мақсади лоиҳа кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, бакордарории системаи баҳисобгирии биллингӣ ва инчунин, насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронии интеллектуалӣ мебошад.

Дар доираи лоиҳа дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар иҷрои корҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

Шабакаҳои барқии шаҳри «Кӯлоб»:

- сохтмони зеристгоҳи нави 110/35/10 кВ;

- таҷдиди зеристгоҳи «Кӯлоб»-110/35/10 кВ ва зеристгоҳи «Бохтар» -110/10 кВ;

- ивази хатҳои кабелӣ (10 кВ), тахминан 7 км;

- насби ҳисобкунакҳои барқии электронӣ зиёда аз 35 000 адад ва системаи биллинг;

- насби сутунҳои оҳану бетонӣ, тақрибан 2000 адад;

- насби НХИ-0,4кВ (СИП), тақрибан 300 км;

- таҷдиди устухонаи таъмирии таҷҳизотҳо.

Шабакаҳои барқии шаҳри «Бохтар»:

- насби ҳисобкунакҳои барқии электронӣ зиёда 20000 адад ва системаи биллинг;

- насби сутунҳои оҳану бетонӣ, тақрибан 1300 адад;

- насби НХИ-0,4 кВ (СИП), тақрибан 170 км.

Дар назар аст, ки пас аз татбиқи лоиҳа ҷамъоварии маблағ пурра ба миқдори 100 фоиз таъмин гардида, тарифи миёнаи неруи барқ низ ба андозаи 7-10 дирам боло бардошта шавад.

Кумитаи масъул 8 июни соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати молия дар  хулосаҳояшон  тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»  мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз ин лиҳоз,  аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии  масъала «Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Маҳмудзода Музафарҷон дода мешавад. Марҳамат.

Музафарҷон Маҳмудзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» пешниҳод мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» 35 млн. евроро ташкил дода, аз он 20 млн. евро маблағи қарзии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 15 млн. евро маблағи грантии Иттиҳоди Аврупо мебошад. Бояд қайд намоям, ки маблағи грантӣ мустақиман аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз Иттиҳоди Аврупо ҷалб мегардад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳа ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, таҷдиду азнавсозии 2 адад зерист­гоҳи мавҷуда, яъне зеристгоҳи «Бохтар» -110/10кВ ва зеристгоҳи «Кӯлоб» -110/35/10кВ, инчунин сохт­мони зеристгоҳи нави 110/35/10 кВ дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади ҷалби 20 млн. евро байни Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» 29 апрели соли 2021 созишномаи қарзӣ дар ҳаҷми 20,0 млн. евро ба муҳлати 15 сол, аз он ҷумла 4 сол муҳлати имтиёзнок ва бо меъёри тағйирёбандаи Euribor+1 фоиз ба имзо расонида шудааст.

Ҳадаф аз татбиқи маҷмӯии лоиҳаи зикршуда қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, насби системаи баҳисобгирии биллингӣ ва ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ, кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ мебошад.

Созишномаи манзуршуда 29 апрели соли ҷорӣ бо тартиби муқарраргардида ба имзо расонида шуд. Татбиқи лоиҳаи  «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Бо пешниҳоди ин маълумот ва муҳимияти татбиқи лоиҳаи  мазкур аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи  Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон»- ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади боз ҳам мутобиқ намудани инфрасохтори муҳандисии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ба талаботи замон, ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд ва созмонҳои молиявӣ ҷиҳати дарёфти маблағи иловагӣ идома дода шуд ва ин иқдом аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ ёфт.

Аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» 10 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар ду марҳила 5,0 млн. қарзи имтиёзнок ва дар ду марҳилаи дигар 5,0 млн. доллари амрикоӣ маблағи грантӣ ҷудо карда мешавад.

Дар доираи лоиҳа, инчунин Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри ­Душанбе»-и­ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» 14 апрели соли 2021 дар ҳаҷми 5 млн. доллар ба муҳлати 15 сол, аз он ҷумла 4 сол муҳлати имтиёзнок ва бо меъёри тағйирёбандаи  фоизӣ ба имзо расонида шудааст.

Татбиқи лоиҳа аз соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа кам намудани талафоти ғайримеъёрии неруи гармии дар шаҳри Душанбе истифодашаванда, коҳиш додани арзиши истеҳсолии неруи гармӣ ва бартараф намудани садамаҳо дар шабакаҳои оби гарми шаҳри Душанбе мебошад.

Дар доираи лоиҳа, инчунин, насби қубурҳои ҷадид ва системаи автоматикии таъминоти оби гарм дар шаҳри Душанбе, инчунин, муҷаҳҳазгардонӣ бо техника ва механизмҳои нав пешбинӣ гардидааст.

Татбиқи лоиҳа барои ба таври автоматӣ баҳисобгирии неруи гармӣ, танзими кори шабакаҳо ва иқтидорҳои истифодашаванда, баҳисобгирии электронии маблағи хизматрасонии гармидиҳии муштариён, ба роҳ мондани шаклҳои муосири қабули пардохт бе иштироки назоратчиёнро таъмин менамояд.

Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, дар доираи лоиҳа зиёда аз 500 ҳазор сокини пойтахт бо гармидиҳии устувори марказӣ дар фасли зимистон таъмин карда мешаванд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо — вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ дода мешавад. Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» 14 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз он муайян намудани сатҳи воқеии талафоти ғайримеъёрии қувваи гармии интиқолшаванда дар миқёси шаҳр, камхарҷ кардани арзиши истеҳсолии қувваи гармӣ ва коҳиш ёфтани миқдори садамаҳо дар шабакаҳо мебошад. Инчунин, дар доираи лоиҳа, насбу васл ва баистифодадиҳии системаи пурраи худкор (автоматикӣ) дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардида, дар доираи лоиҳа тарҳрезӣ ва ҷиҳозонидани муассиса бо техника ва механизмҳои нав, бо тарзи автоматӣ баҳисобгирии неруи гармӣ, танзими кори шабакаҳо ва иқтидорҳои истифодашаванда, баҳисобгирии электронии маблағи хизматрасонии гармидиҳии муштариён ва ба роҳ мондани шаклҳои гуногуни қабули пардохт (аз ҷумла пешпардохт)-и маблағи хизматрасонӣ аз аҳолӣ бе иштироки нозирон ва назоратчиёни муассисаро таъмин менамояд.

Пас аз татбиқи лоиҳа дар назар аст, ки миқдори неруи гармии дар шабакаҳо воридшаванда, эҳтиёҷоти хусусӣ ва талафоти он кам гардида, қувваи гармии фоиданок ва маблағи он ба тариқи назаррас баланд бардошта шавад. Сатҳи ҷамъоварии маблағ пурра ба миқдори 100 фоиз таъмин карда мешавад. Ҳамин тариқ, пас аз татбиқи лоиҳа аз ҳисоби кам намудани талафоти қувваи гармӣ, афзоиш додани миқдор ва маблағи неруи гармии фоиданок, кам гардидани шумораи назоратчиён ва кам гардидани хароҷот вобаста ба таъмирҳои ҷориву асосӣ дар шабакаҳои гармидиҳандаи шаҳри Душанбе фоидаи иловагӣ ба даст меорад.

Маблағи умумии лоиҳа 10,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз он 5 млн. доллари ИМА маблағи қарзӣ ва 2,5 млн. доллари ИМА грант, қисми якуми лоиҳаро дар бар гирифта, маблағи 2,5 млн. доллари ИМА баъд аз татбиқи қисми якум, барои татбиқи қисми дуюми лоиҳа аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешниҳод карда мешавад. Зикр кардан бамаврид аст, ки 93 фоизи маблағи лоиҳа ба рушди инфрасохтор равона гардида, 7 фоизи боқимонда барон нигоҳдории қурби асъор ва ҳолатҳои ғайричашмдошт равона мегардад.

 Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар хулосаҳо тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» мегузарем.

Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ дода мешавад. Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» ҷиҳати таъмини амалишавии Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» пешниҳод гардидааст.

Маблағи умумии лоиҳа  11,3 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 5 млн. доллари амрикоӣ маблағи грантӣ, 5 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ва 1,3 млн. доллари амрикоӣ кумаки техникӣ (хизматрасонии мушовирони хориҷӣ)-ро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷудо карда мешавад.

Мақсади лоиҳа муайян намудани сатҳи воқеии талафоти ғайримеъёрии қувваи гармии интиқолшаванда дар шаҳри Душанбе, камхарҷ кардани арзиши истеҳсолии қувваи гармӣ ва коҳиш ёфтани садама дар шабакаҳо мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» ба овоз монда, шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳоки­мияти­ давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» мегузарем.

Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ дода мешавад. Марҳамат.

 

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» ҷиҳати таъмини амалишавии Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» пешниҳод гардидааст.

Мақсади лоиҳа, муайян намудани сатҳи воқеии талафоти ғайримеъёрии қувваи гармии интиқолшавандаро дар шаҳри Душанбе, камхарҷ кардани арзиши истеҳсолии қувваи гармӣ ва коҳиш ёфтани садама дар шабакаҳо мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ ва ҷавобгӯ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки ­аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин Қаҳҳорзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Маблағи умумии созишнома 95,5 млн. ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ ё 131,0 млн. доллари амрикоии грантиро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳа солҳои 2021 — 2026 ба нақша гирифта шуда, дар доираи он барқарорсозӣ ва беҳтар намудани роҳҳои автомобилгарди минтақаҳои вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин, инфрасохтори бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва содагардонии гардиши наздисарҳадии молҳо ба нақша гирифта шудааст.

Аз маблағи умумии лоиҳа 90,0 млн. доллари амрикоӣ барои беҳсозии роҳҳои минтақавӣ дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла 12,3 км дар қитъаҳои роҳи автомобилгарди Куруш-Бекобод, 21,9 км дар қитъаи Деҳмой-Ғафуров, 6,3 км дар қитъаи Ғафуров-Хистеварз, 10 км дар қитъаи Кучкак-Конибодом, инчунин, сохтмони кӯпрук бо дарозии 1,1 км дар шаҳри Хоруғ ва сохтмони нақб – галереяҳо ва пулҳо бо дарозии 3,2 км дар мавзеи Барсем равона карда мешавад.

Дар доираи лоиҳа, инчунин, 20,0 млн. доллари амрикоӣ барои нигоҳдории дороии роҳҳо ва бехатарии ҳаракати роҳҳо, аз ҷумла, хариди таҷҳизот, мусоидат дар лоиҳакашӣ, насб ва баистифодадиҳии махзани маълумоти ҳисоботӣ ва таҳлилӣ дар бораи садамаҳои нақлиётӣ, идоракунии обсерваторияи бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ғайра пешбинӣ шудааст ва амалисозии ҳадафҳои ин қисмати лоиҳа аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад.

Бо мақсади содагардонии интиқоли мол тавассути сарҳади кишвар ва ҳамоҳанг намудани расмиёту қонунгузорӣ дар ин самт, бахусус амалисозии чораҳо дар доираи талаботи созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо, инчунин, навсозии платформаи иттилоотию коммуникатсионии гумрукӣ ва таҳияи нақшаи муфассали таҷдиди мақомоти гумрук ва такмили касбияти кормандони ин ниҳод 20,0 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, дар лоиҳа 2,0 млн. доллари амрикоӣ тибқи расмиёти созмонҳои байналмилалии маб­лағгузор барои амалисозӣ, ҳамоҳангсозӣ, идоракунии лоиҳа ва ҳолатҳои ғайричашмдошт пешбинӣ шудааст.

Инчунин, дар асоси мактуб — созишномаи грантии Фонди трастии донории бисёрҷонибаи Барномаи рушди ҳамкорӣ ва савдо дар Осиё (БРҲСО) барои амалӣ намудани лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ — 4» 1,0 миллион доллари амрикоӣ ҳамчун кумаки молиявӣ ҷудо карда мешавад.

Созишномаҳои зикршуда бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2021 таҳти №157 маъқул дониста шуда, 17 майи соли 2021 ба имзо расонида шудаанд.

Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои зикршуда аз шумо — вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Аҳмадзода Бахтиёр дода мешавад. Марҳамат.

 

Бахтиёр АҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4») байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 17 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз он барои расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон равона гардида, ба самаранокии савдои байнисарҳадӣ, устуворӣ ба хатарҳои табиӣ ва бехатарии инфрасохтори роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат менамояд.

Ҳамин тариқ, қисматҳои лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи амалкунандаи татбиқи лоиҳаи назди Вазорати нақлиёт, гурӯҳи навтаъсиси татбиқи лоиҳаи назди Хадамоти гумрук ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ амалӣ карда мешаванд.

Арзиши умумии лоиҳа 132,0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 131,0 млн. доллари амрикоӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва 1,0 млн. доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Фонди бисёрҷонибаи трастии донории Барномаи рушди роҳҳо, алоқа ва савдо дар Осиё маблағгузорӣ мегардад.

Лоиҳа аз қисматҳои зерин иборат аст:

- қисмати 1 — беҳтар намудани ҳолати қитъаҳои роҳҳои автомобилгард дар вилояти Суғд (Куруш-Бекобод 12,3 км, Деҳмой-Ғафуров 21,9 км, Ғафуров — Хистеварз 6,3 км, Кучкак — Конибодом 10 км) ва ВМКБ (пул дар ш. Хоруғ 1,1 км ва нақб дар мавзеи Барсем 3,2 км);

- қисмати 2 — беҳтар намудани нигоҳдории дороиҳои роҳ ва баланд бардоштани бехатарии ҳаракат дар роҳ;

- қисмати 3 — содагардонии интиқоли байнисарҳадии бор ва мусофирон;

- қисмати 4 — дастгирии татбиқ, ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии лоиҳа.

Ҳамчунин, дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, лоиҳаи муфассали техникӣ, ҳуҷҷатҳои марбут ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист барои марҳилаи панҷуми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-5)» пешбинӣ шудааст, ки дар вилояти Суғд таҷдиди қитъаи боқимондаи роҳи автомобилгард миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодом бо дарозии 57 км ва дар ВМКБ таҷдиди роҳи автомобилгард аз мавзеи Барсем то ноҳияи Мурғобро дар бар мегирад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аввали соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси мактуб-созишномаи грантии Фонди трастии донории бисёрҷонибаи Барномаи рушди ҳамкорӣ ва савдо дар Осиё ­(БРҲСО) барои лоиҳаи беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар ­Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи он сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Аҳмадзода Бахтиёр дода мешавад. Марҳамат.

Бахтиёр АҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мактуб — созишномаи грантии Фонди трастии донории бисёрҷонибаи Барномаи рушди ҳамкорӣ ва савдо дар Осиё (БРҲСО) барои лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» дар ҳамбастагӣ бо Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4)» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд бо мақсади расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Арзиши умумии лоиҳа 132,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Лоиҳа аз 4 қисм иборат аст. Дар доираи марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ  (БРАМОМ — 4 )» омодасозии асосноккунии техникӣ — иқтисодӣ, лоиҳаи муфассали техникӣ, ҳуҷҷатҳои марбут ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист барои марҳилаи панҷуми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-5)» пешбинӣ шудааст, ки дар вилояти Суғд таҷдиди қитъаи боқимондаи роҳи автомобилгард миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Конибодом бо дарозии 57 км ва дар ВМКБ таҷдиди роҳи автомобилгард аз мавзеи Барсем то ноҳияи Мурғобро дар бар мегирад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси мактуб-созишномаи грантии Фонди трастии донории бисёрҷонибаи Барномаи рушди ҳамкорӣ ва савдо дар Осиё (БРҲСО) барои лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Илова ба Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон (D604-TJ)», Созишномаи маблағгузорӣ (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) ва Созишномаи маб­лағгузорӣ (маб­лағгузории дуюми иловагӣ барои лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» мегузарем.

Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини амнияти тандурустии аҳолӣ, бахусус татбиқи тадбирҳо дар самти пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 иқдомоти зарурӣ ҷиҳати дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустии кишвар мунтазам роҳандозӣ шуда истодааст.

Дар робита ба ин, барои баррасӣ ду созишномаи маблағгузории иловагии грантӣ ба лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон, ки 3 апрели соли 2020 бо Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба имзо расонида шуд, пешниҳод мегардад.

Созишномаи маблағгузории иловагӣ ба лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, ки аз ҷониби ин созмон таҳти рақами D7760- TJ ба қайд гирифта шудааст, 21-уми майи соли 2021 ба имзо расонида шуда, маблағи умумии он 6,0 млн. ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ ё 8,6 млн. доллари амрикоии грантиро ташкил медиҳад.

Мушаххасан дар доираи созишнома 8,3 млн. доллари амрикоӣ барои хариди ваксина ва маҷмӯъҳои махсус барои ташхиси бемории сироятии COVID-19, 180,0 ҳазор доллари амрикоӣ барои чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳии аҳолӣ ва 150,0 ҳазор доллари амрикоӣ барои идоракунии молиявӣ ва мониторинги лоиҳа пешбинӣ шудааст.

Татбиқи созишнома имкон фароҳам меоварад, ки шумораи муайя­ни аҳолии кишвар бо эмкунӣ ё ба истилоҳ, ваксинатсия фаро гирифта шуда, хавфи паҳншавии бемории сироятӣ пешгирӣ карда шавад.

Созишномаи дуюми маб­лағгузории иловагӣ ба лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд 21 майи соли 2021 ба имзо расида, таҳти рақами D777- TJ ба қайд гирифта шудааст. Маблағи умумии он 8,8 млн. ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ ё 12,6 млн. доллари амрикоии грантиро ташкил медиҳад.

Дар доираи созишнома 4,0 млн. доллари амрикоӣ барои хариди истгоҳҳои махсуси пуркунии оксиген, воситаҳои зарурии терапевтӣ барои табобати бемории сироятии COVID-19, инчунин, хариди ваксинаҳо барои бемориҳои сироятии мавсимӣ ва эмгузаронии нақшавӣ, 8,3 млн. доллари амрикоӣ барои ҷорӣ намудани системаи иттилоотии кумакҳои иҷтимоӣ ва пардохти кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдакони хурдсоли то 7 — сола, кӯдакони аз волидайн маҳрумшудаи то 16 — сола ва маъюб доранд, 145,0 ҳазор доллари амрикоӣ барои чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва 150,0 ҳазор доллари амрикоӣ барои идоракунии молиявии лоиҳа пешбинӣ шудааст.

Маблағи умумии созишномаҳои зикршуда 21,2 млн. доллари амрикоии грантиро ташкил медиҳад ва татбиқи онҳо соли ҷорӣ шурӯъ гардида, соли 2022 пурра бояд ба анҷом расонида шавад.

Бо таваҷҷуҳ ба муҳимияти татбиқи созишномаҳо дар шароити мушкили вазъи эпидемиологии ҷаҳонӣ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухани ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Обидзода Фозил Саид дода мешавад. Марҳамат.

Фозил ОБИДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

«Илова ба Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон (D604-TJ)», Созишномаи маблағгузорӣ (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) ва Созишномаи маб­лағгузорӣ (маблағгузории дуюми иловагӣ барои лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» 21 майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Арзиши умумии лоиҳа дар доираи Созишномаи маблағгузории иловагӣ 6,0 млн. ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ ё 8,63 млн. доллари амрикоӣ ва дар доираи Созишномаи маблағгузории дуюми иловагӣ 8,8 млн. ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ ё баробар ба эквиваленти 12,57 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Татбиқи лоиҳа моҳи апрели соли 2020 оғоз ёфта, анҷоми он 30 июли соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.

Созишномаҳои зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд. Онҳо ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошанд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаҳои мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси «Илова ба Созишнома оид ба маблағгузории лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикис­тон (D604-TJ)», Созишномаи маблағгузорӣ (маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) ва Созишномаи маб­лағгузорӣ (маблағгузории дуюми иловагӣ барои лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ мекунам.

Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида ­эълон менамоям.

Самариддин АСОЕВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ