10 қисса аз зиндагии Ҳуриннисо Ализода, ки шояд шумо надонед

№27 - 28 (3664 - 3665) 11.03.2017

АлизодаҲуриннисо Ализода, нахустсармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» (солҳои 2006 — 2012) қаламкаше мебошад, ки ҳамеша  ба ҳадафҳои худ даст ёфтааст. Суханҳояш равшану возеҳ ва пурҳикмат, андешаҳояш тозаву бикр ва ғайристандартӣ, тасмимгириҳояш ҷасурона ва сирф мустақилона ҳастанд. Дар ҳар як проблема роҳи ҳал дармеёбад, ба ҳар як пурсиш посухи хоси худро дорад. Ӯ дар мисоли хеш собит кард, ки як бонуи хирадманд ва дилпур аз худ қодир аст ғайримумкинро ба мумкин мубаддал созад. Ӯ рисолати хешро бахусус дар он мебинад, ки дар дили инсонҳо умедро зинда нигоҳ дорад – умедро ба ҳақиқату адолат, ба зиндагии шоиста, ба инсоният.

Ҳуриннисо Ализода миёни  журналистони тоҷик яке аз шинохтатарину беҳтаринҳост, агар аз ин бештар нагӯем. Ҳамкасбону хонандагони нашрияҳо  навиштаҳои ӯро муҳиму  мондагор арзёбӣ мекунанд. Мақолаҳояш соҳиби якчанд ҷоизаи соҳавӣ, аз ҷумла Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, шудаанд. Вале, ба эътирофи худи Ҳуриннисо, ҷоизаи муҳимтаринаш ҳамин эътирофи самимии мардуми одӣ  маҳсуб мешавад.

Солҳост, ки мақолаҳои ҳангомабарангезашро даҳҳо ҳазор нафар мехонанд, суҳбатҳои телевизиониаш дар назди экрани телевизорҳо садҳо ҳазор нафар бинандаро гирд меоранд. Вале, бо вуҷуди ин ҳама, намешавад гуфт, ки Ҳуриннисо Ализода дар зиндагиву карйераи журналистӣ дигар ормоне надорад. Зеро ӯ як бонуи рӯҳан хеле қавист ва ҳамеша тавонистааст, ки  пеши худ ҳадафҳои бузургу бузургтар  гузошта бошад.

Як бонуи журналисти амрикоӣ бо номи Регина Бретт бо навиштани танҳо як сутун андешаҳои фалсафӣ машҳури ҷаҳон гашт. Фикр мекунам, Ҳуриннисои мо ҳам кам нест.

Дар поён ҷиҳати огоҳии хонандагони сершумори «Садои мардум» аз зиндагии ӯ, ки солҳои зиёд дар ин рӯзнома ҳам фаъолият дошт, якчанд қисса пешкаш менамоем.

МАТЛАБИ НАХУСТИНАШ ФЕЛЙЕТОН БУДААСТ

«Охирҳои солҳои 80-ум шавҳарамро дар шаҳри Кӯлоб ба кор таъйин карданд ва мо оилавӣ аз Фархор ба маркази вилояти Кӯлоб кӯчидем. Маро дар идораи рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» ба ҳайси ходими техникӣ ба кор гирифтанд. Вазифаам таҳрир ва ба чоп омода кардани матолиби ТоҷикТА, ТАСС ва АПН буд», — ёдовар шуд Ҳуриннисо Ализода.

Сафармуҳаммади Аюбӣ, муовини котиби масъули рӯзнома, аз таҳрирҳоям чизе пай бурд, ки рӯзе пурсид: «Чаро барои рӯзнома ягон чӣ наменависӣ?» Гуфтам: «Наметавонам. Ғайр аз мактубу табрикнома чизе нанавиштаам». Устод Аюбӣ гуфт: «Ба фикри ман, метавонӣ. Ку ягон чӣ ёддошт кун, ман бинам». Ман баъди каме андеша коғазу қалам гирифтаму як ҳодисаи чанд рӯз пеш ба сарамомадаро навиштам.

Воқеа мухтасар ин аст: ман, ки аз ин пеш ҳафт сол дар мактаби миёна омӯзгор будам, аввал барои кор ҳамроҳи шавҳарам ба Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб рафтем. Мудири маориф чун мефаҳмад, ки шавҳарам корманди КГБ аст, дар гирдаш парвона шуд. Ҳатто якбора ба ман вазифаи директори мактабро пешниҳод намуд. Ман узр пеш овардам, ки чанде пеш чунин пешниҳодро напазируфтам, зеро фарзандонам ҳанӯз хурданду ин бори масъулиятро бардошта наметавонам. Мудир моро бо ҳазор хушомад гусел кард ва ба шавҳарам гуфт, ки дигар шумо саргардон нашавед, янга пагоҳ биёяду фармонашро гирад ва корро сар кунад. Вале фардо, вақте ки ман ба назди мудир рафтам, — аҷабо! — мавриди ҳамлаи ӯ қарор гирифтам. Намедонам чаро, вале хеле дағалу норозӣ буд. Ҳатто таънаам кард, ки «як факултети нодаркорро хондаиву имрӯз барои ту ҷойи кор пайдо кардан душвор аст». Ман муносибати мудирро ба шаъни худ таҳқир ҳисобидаму утоқи корашро тарк гуфтам ва қарор кардам, ки ҳаргиз зердасти як одами дағалу дурӯя нахоҳам шуд…

Сафармуҳаммади Аюбӣ зимни хондани матлаб чанд бор баланд-баланд хандид. Гумон кардам хеле содаву беҳунарона навиштаам, ки хандаи устод омад. Аз шарм оҳиста аз утоқи кори устод берун шудам. Барои гирифтани навиштаам баъди чошт дигарбора ба назди Аюбӣ рафтам. Котиби масъул Раҳмат Ташрифзода ва муовини дигари ӯ Ашӯри Иброҳим низ он ҷо буданд. Ташрифзода «офарин» гуфту дасти маро фишурд, акаи Ашӯр ҳам бо ишораи ангушт «олиҷаноб» гуфт. Устод Аюбӣ «фелйетон муборак бошад. Ба Худо, ки аз аксари журналистони рӯзномаамон хушқаламтар будаӣ», — гуфт. Ман ин ҳамаро як навъ бозӣ пиндошта, аз дар баромаданӣ будам, ки сармуҳаррири рӯзнома Шоҳмузаффари Ёдгорӣ бо лаби пуртабассум вориди утоқ шуд ва ӯ низ гуфт: «Аҷоиб навиштаӣ!». Ба котиби масъул супориш дод, ки фелйетонро дар шумораи оянда ҷо кунад. Вале ман дарҳол рад кардам, гуфтам онро барои чоп нанавиштаам, барои санҷиши қалам навиштаам…

Ин навиштаи аввалини журналистии ман ва ҳамзамон қадами нахустинам дар журналистика буд».

 БА ОРЗУҲОЯШ РАСИД

Ҳуриннисо дар овони наврасиву ҷавонӣ орзуҳои зиёд дошт: мехост ҳуқуқшинос шавад, рӯзи арӯсиаш «базми комсомолӣ» барпо кунанд, рондани мошинро ёд гирад, шиновариро омӯзад, рисолаи илмӣ нависад… Ва ба ҳамаи орзуҳояш расид: ӯ дар 22-солагӣ арӯси нахустин «базми комсомолӣ»-и деҳаашон буд, дар 48-солагӣ соҳиби дипломи сурхи ҳуқуқшиносӣ шуд, дар 57-солагӣ ҳам мошинрониро ёд гирифту ҳам шиновариро ва дар 59-солагӣ рисолаи илмӣ навишт.

 ХОҲИШИ ШАВҲАР ИҶРО НАШУД

Ӯ бо супориш ё бо хоҳиш мақола наменависад, агар мавзӯъ барояш ҷолиб набошад. Ва баръакс, агар мавзӯъ барояш ҷолиб бошад, аз ӯ хоҳиш ҳам кунанд ё ба ӯ супориш ҳам диҳанд, ки нанавис, менависад.

«Танҳо як бор ба хотири шавҳарам хостам аз ин қоидаи зиндагии худ сарфи назар кунам, ки он ҳам нашуд, — мегӯяд Ҳуриннисо. — Ба Назрулло овозхони машҳури тоҷик Давлатманди Хол хеле писанд аст ва хоҳиш кард дар бораи ӯ чизе нависам.

Агар иштибоҳ накунам, соли 2005 буд. Устод роҳбари ансамбли «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ буданд. Хоҳиши маро дар мавриди мусоҳиба бечунучаро пазируфтанд. Аммо ҳангоми суҳбат ҳар дафъа аз посух ба пурсишҳоям канор мерафтанду бозавқ тавсифи шавҳарамро мекарданд. Кӯшишҳоям барои ислоҳи вазъи пешбининашуда камсамар буданд. Вале, ба гуфтаи журналистони телевизион, «вақти барои суҳбат ҷудошуда» ноаён ба поён расид…

Албатта, он суҳбат ширину хотирмон буд, вале ман, мутаассифона, барои навиштани як матлаби ҷолиб факту рақамҳои заруриро дар бораи Давлатманди Хол ба даст оварда натавонистам».

 ПУРСИДАН ҲУНАР АСТ

«Вақте шабҳои дарози зимистонро модарам бо афсонаҳои аҷоибу ғароиб кӯтоҳ карданӣ мешуд, ман мисли апаҳоям хомӯшона гӯш карда наметавонистам. Дар миёни афсона ҳатман се-чор савол медодам. Модар аксари мавридҳо ба пурсишҳоям посух мегуфт, вале чун ҷавоб намеёфт, асабӣ мешуд, ки чаро ин қадар зиёд савол медиҳам.

Вақте модарам дар мавриди коре «савоб шуд» ё «уболаш мезанад» ё «шак наёред, гунаҳгор мешавед» мегуфт, ҳатман мавриди саволборони ман қарор мегирифт: «Савоб» чӣ аст? Чӣ хел «убол мезанад»? «Шак» чӣ маънӣ дорад? Чаро гунаҳгор мешудаем?

Муаллимони низ дар охири дарс аниқ медонистанд ва як каме дар ташвиш ҳам буданд, ки ман вобаста ба мавзӯъ якчанд саволи ба андеша водоркунанда дорам»,- ёдовар мешавад Ҳуриннисо.

Ӯ дар донишгоҳҳои таҳсилкардааш низ ҳамин рафторро доштааст ва ҳам дар идораву муассисаҳое, ки кор кардааст. Барои Ҳуриннисо пурсидану донистан на танҳо айб нест, балки ҳунар маҳсуб мешавад.

 «ХУДО РАҲМИ МОРО ХӮРД»

«Боре ману фарзандонам – Манучеҳру Манижаро «эҳсоси шашум»-ам аз марги яқин наҷот додааст.

Аввалҳои солҳои 90 -ум буд. Гурӯҳе аз хонандагони мактаби миёнаи рақами 17-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба хонаам омада, аз ҷабру ситами директори мактабашон шикоят карданд. Онҳо аризаи дастҷамъона пешниҳод намуда гуфтанд, ки роҳбари синфашонро хабар додаанд. Пештар ҳам аз муаллимони ин мактаб борҳо шунида будам, ки директорашон як шахси худхоҳу ҳавобаланд аст, ҳамаро ба дод овардааст, касе лаҷомашро намекашад…

Баъди чопи мақолаи ман дар рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», ки он замон қариб 200 ҳазор нусха ба табъ мерасид, «ҳокими мутлақ»-и мактабро дар бюрои ҳизбӣ муҳокима намуда, аз вазифа сабукдӯш карданд. Ӯ хеле аз пушти ман ба ин рӯзнома навишту хеле ба райком даводав кард, вале чун факту рақамҳо тасдиқ шуда буданд, «ҳеҷ об сарашро нашуст». Ягон се моҳ гапи ин мақола дар тамоми маҳфилу маъракаҳои ноҳия вирди забон буд. Ҳама шодӣ доштанд, ки ҳақиқат ғалаба кард. Ва ин ҳама ба асаби «қаҳрамон»-и акнун «машҳуртар»-и ман расидааст.

Ин ҷо бояд ёдовар шавам, ки он замон ним баст диктори радиои маҳаллӣ будам ва барои пахши мустақим рӯздармиён соати ҳашти бегоҳ ба кор мерафтам. Чун фарзандонам хурдсол буданд, онҳоро бо худ мегирифтам. Ва як бегоҳ баъди кор пиёда-пиёда лаб-лаби роҳи мошин ба хона бармегаштем, ки аз дур садои мотори мошине ба гӯшам расиду дилам ким-чизеро ҳис кардагӣ барин сиёҳ шуд. Ҳанӯз ба қафо нигоҳ накарда эҳсос намудам, ки мошин башаст наздик мешавад ва ҳар ду кӯдакамро бағал карда, бо як чолокӣ аз кювет (ҷӯйбор) ба роҳи пиёдагард паридам. Худо раҳми моро хӯрд. Ҳамагӣ сонияе моро аз зарби мошини он «қаҳрамонам» ҷудо карду зинда мондем. Писараку духтаракам сахт тарсиданд. Ман чизеро дигар ҳис намекардам. Мошин дар як лаҳза ба ҳамон шаст ба кӯчаи дигар тоб хӯрд. Мотору чархҳояш аз шиддати сахти тормоз садои даҳшатноке бароварданд. Чунин «саҳна», ки қаблан дар филмҳо дида будам, ба сари худам омад», — гуфт Ҳуриннисо ва қиссаро ба забони русӣ бо ин фармудаи нависанда ва файласуфи олмонӣ Фридрих Нитсше ҷамъбаст кард: «То, что нас не убивает, делает нас силнее».

 ЗУД, ОСОН ВА БОЗАВҚ МЕНАВИСАД

Ҳуриннисо матолиби хешро одатан ба як бор менависад. Хеле кам мешавад, ки баъди навиштан таҳрир кунад, тағйир диҳад, такмил бахшад. «Зеро то дар сарам матлаб напазад, то проб­лема диламро нафишорад, қалам ба даст намегирам. Вале вақте ба нияти навиштан шинам, матлабро якбора то охир менависам. Аксари матлаб­ҳои калонҳаҷмамро, ҳатто марсия бар марги Акбари Сатторро ба як шиштан навиштаам», — шарҳ медиҳад ӯ.

Зуд, осон ва бозавқ навиштан бошад, нишонаи истеъдод аст.

 «РАКЕТКА»-И ЯКУМ ВА ДИГАРОН

Одами боистеъдод дар ҳама кор истеъдод доштааст. Соли 2001 дар осоишгоҳи «Шифо»-и назди Баҳри Тоҷик барои намояндаҳои ВАО-и манотиқи кишвар семинари чоррӯза барпо карданд. Як бегоҳ дар вақти фориғ аз кор миёни журналистон мусобиқаи пуршиддате дар риштаи тенниси рӯи миз сурат гирифт. Ва Ҳуриннисои Ализода ғайричашмдошти ҳамкасбон яке пайи дигар ҳамаи довталабонро ба шикаст мувоҷеҳ кард. На ба зан раҳм кард, на ба мард. «Эҳтироми калонҳо»-ро ҳам ба ҷо наовард…

Баъдтар фаҳмем, ӯ ҳанӯз солҳои наврасӣ «ракеткаи якум»-и мактабашон будааст.

     УСТОДИ АСОСИИ ҲУРИННИСО КИСТ?

«Албатта, ҳар нафареро, ки ҳарфе аз ӯ омӯхтаам, устоди худ медонам, — зикр мекунад Ҳуриннисо. — Вале устоди асосиам дар роҳи илму дониш бародарам Ислом Юсуфӣ маҳсуб мешавад.

Бародарам ҳанӯз дар хурдсолӣ дар ниҳоди ман меҳри беандозае ба китобу китобхонӣ ҷо карда тавонист. Дигар ҳама чиро аз китоб мустақилона меомӯхтам, дармеёфтам. Бародарам китобхонаи калони шахсии худро дар хидмати ман гузошта буд. Туҳфааш низ ҳамеша китоб буд, китобе, ки меҷустам, дар орзуи хонданаш будам. Вале мазмуни ҳар як асари хондаамро ҳатман мепурсид, шеърҳои бисёре барои аз ёд кардан медод. Агар дар имтиҳони сангинаш андаке сустӣ мекардам, унвони «бесавод»-ро соҳиб мешудам, ки ин бароям воқеан таҳқир буд.

Ислом чунин усули таълимдиҳиро аз падарам ва падарам аз бобоям мерос гирифтааст. Азбаски падарамон дар 9-солагии ман фавтидааст, вазифаи қиблагоҳро дар ин кор бародарам иҷро намуд».

 «ДАВРАИ БЕҲТАРИНИ ЗИНДАГИВУ КОРАМ»

«Моҳи августи соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи тозатаъсиси сиёсии «Бонувони Тоҷикистон» таъйин шудам. Инро дараҷаи олии эътирофи донишу истеъдоди ман унвон кардан мумкин аст.

Қаблан якчанд дафъа бинобар носозгории вазъи оилавӣ (хурд будани фарзандон ва кори «ненормировани»-и шавҳар) аз ризоят ба вазифаҳои роҳбарӣ худдорӣ карда будам. Ҳарчанд кор дар зери дасти баъзе роҳбарон, ки саводи кофӣ, муомилаи дуруст ва одоби сарварӣ надоштанд, бароям тоқатфарсо буд.

Дар замони фаъолияти шашсола дар «Бонувони Тоҷикистон», ки корро аз сифр оғоз кардем, хеле кӯшидам, то ба «стандарти худ» дар мавриди роҳбари ҳақиқӣ мувофиқ бошам.

Ба ҳар навъе, солҳои кор дар «Бонувони Тоҷикистон»-ро давраи беҳтарини ҳам зиндагӣ ва ҳам карйераи журналистии худ мешуморам», — мегӯяд Ҳуриннисо.

 БАЪДИ НАФАҚА ҲАМ

Баъди ба нафақа баромадан ғайри интизораш якбора чандин ширкати бонуфуз, нашрияи хусусӣ ва созмони ҷамъиятӣ ба ӯ вазифаҳои муҳиму шароити хуби кору маоши калон пешниҳод карданд. Ҳуриннисо бо арзи сипосу ташаккур посухи рад дод. Гуфт рисолаи илмӣ менависад.

Вале чӣ сон гуворост, вақте баъди нафақа ҳам донишу таҷрибаи ту харидори зиёд дошта бошад.

Камоли ҚУРБОНИЙОН,

рӯзноманигор