Панҷакент таърихи бою ғанӣ дорад. Махсусан, шаҳри қадимаи тоҷикон — Саразми бостонӣ, ки дар қисми ғарбии он ҷойгир мебошад, таъриху тамаддуни беш аз 5500 — сола дорад. Дар ин сарзамин Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Инчунин, дар он ҷо яке аз донишмандони маъруфи халқи тоҷик, муҳандиси барҷаста Халифа Ҳасан макони охират ёфтааст. Гарчанде Халифа Ҳасан дар Раштонзамин, соли 1702 ба дунё омада бошад ҳам, қисми зиёди умри бобаракати хешро дар шаҳрҳои Бухоро, Макка, Лоҳур, Самарқанд, Конибодом ва Панҷакент гузаронидааст.
Мо чанде пеш дар рафти сафари корӣ мақбараи Шайх Халифа Ҳасанро зиёрат намуда, дар хонаи абераи Эшони Халифа Ҳасан — Ҳоҷӣ Абдукарими Исмоил, ки ҳоло 75 — сола мебошад, меҳмон шудем. Ҳоҷӣ Абдукарим аз ташрифи мо хеле хурсанд шуда, дастархони пурнозу неъмат орост ва суҳбати самимиро доир ба зиндагиномаи бобокалонаш Шайх Халифа Ҳасани Қаротегинӣ доир намуд.
Мувофиқи нақли ӯ, Халифа Ҳасан бо додараш Ҳусайн дар оғози фасли зимистон, дар деҳаи Тӯда, ки дар болотари деҳаи Рӯбози дараи Камароби ноҳияи Ғарм (алҳол ноҳияи Рашт) воқеъ гардидааст, дар хонаводаи Эшони Муҳаммадлатиф ба дунё омадаанд. Мувофиқи ривоятҳо, Муҳаммадлатиф 120 сол умр дидааст. Бояд таъкид кард, ки вай яке аз донишмандони маъруфи диёри кӯҳистон буда, асосан ба деҳқонӣ шуғл варзидааст. Халифа Ҳасан, ки зеҳни бурро доштааст, дар ҳаштсолагиаш қории «Қуръон» мегардад.
Ҳоҷӣ Абдукарими Исмоил дар китобаш, ки «Зиндагиномаи Халифа Ҳасани Қаротегинӣ» ном дорад ва соли 2012 чоп шудааст, овардааст:
«Халифа Ҳасан аввалан дар мадрасаи деҳаи Шингиличи дараи Камароби ноҳияи Ғарм, баъдан дар мадрасаи Фатҳободи ноҳияи Қалъаи Лаби об (алҳол ноҳияи Тоҷикбод) ва мадрасаи Ярхичи ноҳияи Ҳоит таҳсил кардаанд.
Дониши мукаммал ва истеъдоди нодирашро ба эътибор гирифта, ба вай вазифаҳои имом-хатибии масҷиди ҷомеъ ва мударрисии мадрасаи Шингиличи дараи Камаровро пешниҳод кардаанд, аммо аз ин мансабҳо даст кашид.
Рӯзе мударриси маъруф Эшони Имло барои санҷиши вазъи мадрасаҳо ва даъвати муридонаш аз Бухоро ба Қаротегин меояд ва зимни адои маъмурият бо Ҳасан ибни Муҳаммадлатиф вохӯрда, барои идомаи таҳсилаш дар шаҳри Бухорои шариф маслиҳат медиҳад.
Эшони Имло ба Ҳасани ҷавон мегӯяд, ки агар ба шаҳри Бухорои шариф рафтан нахоҳед, мударриси яке аз мадрасаҳои кӯҳистон шавед ва бо толибилмон дарс диҳед. Халифа Ҳасан, ки ҷавони накукору покизарафтор буд, аз вазифаҳои пешниҳодкарда даст мекашад ва нияти ба Бухорои шариф рафтан мекунад.
Он замон таҳсил дар мадрасаҳои олии Бухоро то бист сол давом мекард ва донишҷӯён аз рӯи қобилияташон дар баробари улуми динӣ, тиб, риёзиёт, нуҷум ва ҳандасаро фаро мегирифтанд ва ба онҳо пас аз хатм хатти иршод, яъне диплом, дода мешуд. Халифа Ҳасан ҳангоми таҳсил дар ин мадрасаҳо, дар баробари улуми динӣ, ба кашидани тарҳи пулу ҷӯй ва харитаи мавзеъҳо шавқу ҳавас доштааст. Дар бораи қобилияти Ҳасан ибни Муҳаммадлатиф ҳокими Қаротегинро огоҳ месозанд.
Мири Қаротегин Абдулазизхон қаҳрамони матлабро мепазирад ва ба ӯ вазифаи қозии мулки Қаротегинро пешниҳод мекунад. Ҳасан ибни Муҳаммадлатиф миннатдорӣ карда, дар бораи такмили илму дониш дар шаҳри Бухорои шариф ва пас барои тавофи Хонаи Каъба рафтанаш иҷозат мепурсад. Мири Қаротегин хоҳиши Ҳасани ҷавонро ба ҷо меорад ва ба ӯ номаи махсусу фотеҳаи нек медиҳад.
Халифа Ҳасан дар Бухоро се сол дарс меомӯзад ва роҳи Хонаи Каъбаро пеш мегирад. Дар он ҷо даҳ соли умрашро сипарӣ менамояд. Дар бозгашт аз тариқи Қафқозу Қазон чор соли умрашро дар он макон мегузаронад. Аз Қазон вай ба шаҳри Лоҳури Ҳиндустон сафар намуда, он ҷо даҳ сол зиндагӣ намуда, дониши андӯхтаашро дар бахши тиб сайқал медиҳад. Тавре дар китоби аберааш Ҳоҷӣ Абдукарими Исмоил қайд шудааст, Халифа Ҳасан ба устодаш Эшони Мӯсохон дар шаҳри Лоҳур хеле писанд меояд ва он кас ризоят барои издивоҷ намудани вай ба духтарашро медиҳад. Аз ин издивоҷ соҳиби ду духтар ва писар мегардад, вале ёди падару модар, бародарон ва зодгоҳаш ӯро водор месозад, ки дар панҷоҳу сесолагӣ ба Раштонзамин баргардад. Дар он айём дар деҳаи Тӯдаи дараи Камароб падару модар ва бародаронаш аз олам гузашта, хонаи падарӣ валангор шуда буд. Дар муддати кӯтоҳ бо дастгирии ҳамдеҳагон хонаи падариро таъмир намуда, бори дувум хонадор мегардад.
Аввалин ҷӯйборе, ки Халифа Ҳасан кандааст, дар деҳаи Тӯдаи болои Раштонзамин воқеъ буда, то кунун ба мардум нафъ меорад. Дар маҷмӯъ, номбурда, садҳо ҷӯй, каналҳои азимро канда, заминҳои беканори водии Рашт, шаҳрҳои Конибодом, Самарқанд, Бухоро ва Панҷакентро обшор сохтааст. Дар замоне ки ягон дастгоҳ набуд, Халифа Ҳасан самти дурусти равиши об, кандану бунёди корезҳоро дарёфта, дар пешрафти обёриву кишоварзӣ саҳми арзанда гузошт.
Ӯ чанд вақт дар шаҳри Самарқанд бо ҳамсару фарзандонаш ба сар бурда, дар он ҷо даҳҳо канали калонро сохта, ба истифода дод. Ҷӯи Оби раҳмат ва ҷӯйбори Халифа Ҳасан аз ҳамон ҷумлаанд.
Соли 1801, ки қариб садсола буд, аз Самарқанд ба Панҷакент кӯч баста, дар ин диёри биҳиштосо умри боқимондаашро мегузаронад. Таҷрибаи бою ғании обшор гардонидани заминро дар мавзеъҳои гуногуни Панҷакенти бостонӣ ба роҳ монда, даҳҳо канали калон сохт.
Тирамоҳи соли 1865 мелодӣ дар 163 — солагӣ дар шаҳри Панҷакент дунёи фониро тарк намудааст. Муҳаққиқ ва афсари тоинқилобии рус Г. А. Арандаренко дар китоби худ «Досуги в Туркестане» дар ин маврид чунин маълумот додааст: «Ҳамон рӯзе, ки Халифа Ҳасан бо пайвандону муридонаш хайрбод гуфт, писараш Муҳаммадраҷабро ба ҷониби мулки Ҳисор, назди амири Бухоро Музаффархон фиристод (амир он вақт дар Ҳисор дар сафар буд), то ки пораи матоъ (иртиш, хайрот)-ро бурда хабар расонад, ки қиблагоҳаш фалон рӯз дунёи фониро тарк хоҳад кард.
Амири Бухоро — Музаффархон хайротро, дар рӯзе қабул кард, ки Халифа Ҳасан аллакай дунёи фониро тарк карда буд. Он рӯзи душанбеи оғози моҳи декабри соли 1865 мелодӣ Халифа Ҳасан ба синни 163 — солагӣ қадам ниҳода буд.
Касоне, ки дар лаҳзаҳои охири умраш дар паҳлуяш буданд, гуфтанд, ки Эшони Халифа Ҳасан дунёро бе ҳасрату надомат, оҳу азоб тарк кард. Муридон ӯро дар ҷои намоёни шаҳри Панҷакент, дар самти шарқии он, ба хок супориданд.
Соли 1873 мелодӣ яке аз шогирдони Халифа Ҳасан бо номи Махсуми Тотор аз Қазон омада, болои қабри ӯ мақбара бунёд кард, ки гунбази сафед ва тӯғ дорад.
Бояд қайд намуд, ки тирамоҳи соли 2022 ба зодрӯзи вай 320 сол пур мегардад. Месазад, ки олимону кишоварзон ва мардуми шарифи ҳар ду давлати ҳамҷавор Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зодрӯзи муҳандиси бузурги обу кишоварзии Мовароуннаҳр Халифа Ҳасанро таҷлил намуда, рӯҳи абармарди илму амалро шод гардонанд.
Қурбоналӣ ПАРТОЕВ,
доктори илмҳои кишоварзӣ,
Зуҳриддин ШАРОБИДДИНОВ,
раиси Кумитаи Ассотсиатсияи агробизнеси Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои нав