№159 (3460) 24.11.2015

DSC_1025Нишони кишвари паҳновари мост,

Умеди халқи таърихофари мост,

Ба дунёи парафшонӣ пари мост,

Ба авҷи фатҳу нусратҳо сари мост.

 

Парафшон парчами мо зинда бодо,

Ба авҷи бахти мо поянда бодо!

 

Ба ҳар ҷое, ки боло мешавад он,

Сари болотари мо мешавад он,

Чу бо се ранги зебо мешавад он,

Бари рангинкамон ҷо мешавад он!

 

Парафшон парчами мо зинда бодо,

Ба авҷи бахти мо поянда бодо!

Бувад он рамзи истиқлоли тоҷик,

Раҳи парвози тоҷик, боли тоҷик,

Дар он чун фолу чун омоли тоҷик

Дурахшад ахтари иқболи тоҷик!

 

Парафшон парчами мо зинда бодо,

Ба авҷи бахти мо поянда бодо!

 

Сафедӣ роҳу рӯсурхӣ аз он аст,

Дар он сарсабзии мо ҷовидон аст,

Ба авҷи зиндагӣ то парфишон аст,

Баҳори умри тоҷик беҳ аз он аст!

 

Парафшон парчами мо зинда бодо,

Ба авҷи бахти мо поянда бодо!

Низом ҚОСИМ