Сухане чанд дар сифати номзади илмҳои тиб, духтури клиникаи «ЭКО Ветроклиник»- и шаҳри Москва Юрматова Наргис Валиҷоновна
Сабоҳатро русзане дар курсиҳои сарироҳии шаҳри Москва ғамгину ҳайрон дида пурсид, ки чӣ ғаме гӯшаи қалбашро харош дорад? Гуфт аз Тоҷикистонам ва ду сол боз дар шаҳри Москва кору зиндагӣ дорам. Муносибати шавҳарам бинобар фарзанд надоштанам хуб нест. Имрӯз изҳор кард, ки чун фарзанддор намешавам, мо бояд ҷудо шавем.
- Аз назорати духтур гузаштаӣ? — гуфт он русзан.
- Не. Кӣ мо — муҳоҷиронро ташхис мекунад? Ба мо муносибати хуб надоранду ташхис куҷо? Фақат пули бисёр талаб мекунанд, ки ман надорам.
- Ғам махӯр. Мана он тарафи роҳ нигоҳ кун, — гуфта, русзан бо даст биноеро ба вай нишон дод. — Ин клиникаи репродуктивист ва дар ҳамин клиника духтури варзида, як духтари басо хубрӯйи тоҷик кор мекунад. Номаш Наргис. Инсони хуб аст, духтари ман ҳам аз безуриётӣ азоб мекашид. Ҳамин ҳамватанатон ӯро табобат карду фарзанддор шуд.
- Қабул мекарда бошад?
- Гуфтам — ку, инсони хубест. Дасти мададаш ба ниёзмандон дароз аст, — ҷавоб дод русзан.
Сабоҳат хушҳолона ҷониби клиника равон шуд. Дохили бино гардида, аз навбатдор Наргисро пурсид. Навбатдор утоқи кории духтур Наргис Юрматоваро нишон дод.
- Ман дарди бефарзандӣ дорам. Ба умеди сиҳат ёфтанам пеши шумо омадам,- арз намуд Сабоҳат.
Наргис аз ҳузури ҳамватанаш шод гашта, ташхис карду гуфт:
- Шумо фарзанд таваллуд карда метавонед. Фақат каме табобат гирифтанатон шарт аст. Аз имрӯз ба табобат машғул мешавем.
- Наргисҷон, ҳаққи табобататон чанд пул мешавад? Ман пули калон ёфта наметавонам.
- Барои ҳамватанон бепул. Охир мо барои ҳамин дар мулки бегона кор мекунем, то ба кумаки шумо расида тавонем. Фақат дорувории лозимиро гирифтанатон лозим меояд, — гуфт Наргис ва рӯи коғаз номгӯи дорувориро навишта дод.
Тайи понздаҳ рӯз духтур ба табобат машғул шуд. Дар рӯзи охирин, баъди назорат Наргис ба Сабоҳат гуфт, ки моҳе ду бор барои муоина наздаш дарояд.
Ҳамин тариқ, дар моҳи савуми назорат Наргис ба Сабоҳат хабари хушро расонд, ки кӯдакдор мешавад. Сабоҳат аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид.
Наргис Валиҷоновна Юрматова аз ҷумлаи табибонест, ки дар хориҷи кишвар номбардори миллати тоҷик аст. Вай касби табибиро дар овони мактабхониаш интихоб намуд. Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино супурд, аммо кораш омад накард, лекин ӯ рӯҳафтода намешуд. Соли оянда боз ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳ супорид. Ин даъфа вай аз имтиҳоноти дохилшавӣ бо сари баланд гузашт. Дар донишгоҳ бо баҳои аъло таҳсил намуд.
Соли 2005 дар бинои Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддини Айнӣ» ба вай дипломи сурхро таври тантанавӣ, дар ҳузури вазири тандурустӣ супориданд.
Баъди хатми донишгоҳ Наргис Юрматова дар таваллудхонаи рақами 1-и шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз кард ва ҳамзамон таҳти роҳбарии Муборак Ҳасановна кори илмиашро пеш бурд. Бо мавзӯи кори илмиаш дар семинари табибони ҷавон дар Ҷумҳурии Қазоқистон маърӯза кард. Тадқиқоти илмиаш мақбули ҳозирин шуд. Роҳбарияти Бонки Исломии Рушд, ки ин семинарро маблағгузорӣ мекард, ба Наргис Юрматова таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд, зеро фаъолияти илмии вай нисбати дигарон беҳтар буд.
Ҳамин бонк Наргис Юрматоваро барои омӯзиши таҷриба ба шаҳри Москва фиристонид. Дар шаҳри Москва ҳангоми кору таҳсил истеъдодаш аз назари профессор Кулаков дур намонд ва ӯро ба шогирдӣ гирифт. Мавзӯи дигареро пешниҳодаш кард. Тӯли се сол кори нави илмиашро ба итмом расонид, вале роҳбараш ногаҳон вафот кард. Хушбахтона, ҳимояашро ба таъхир нагузоштанд. Раиси комиссияи ҳимояи корҳои илмӣ иҷозат дод, ки Наргис Юрматова бе роҳбар ҳимоя кунад.
Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ раиси комиссия ба Наргис Юрматова рӯй оварда гуфт, ки агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор наёбӣ, шаҳри Москва ҳамеша интизори шумо барин кадрҳост.
Дар рӯзи ҳимояи рисолаи номзадиаш роҳбарияти клиникаи «ЭКО Ветроклиник»- и шаҳри Москва иштирок доштанд ва ӯро ба кор даъват карданд. Хона доданд, хароҷоти харидории таҷҳизоти хонаро ҳам ба зимма гирифтанд. Ҳамин тариқ, Наргис Юрматова бо шавҳараш Мамадсаид Самиев (ӯ ҳам духтур) маскуни шаҳри Москва шуданд.
Дар як муддати кӯтоҳ байни мардуми рус эътибори худро пайдо кард. Ҳар тоҷике, ки ба наздаш дарояд, аз кумакҳои беғаразонааш бенасиб намемонад. Вай ба муҳоҷирони тоҷик ёрдам мерасонад ва чун бобои шуҳратмандаш ходими шинохтаи ҳизбӣ ва давлатӣ Хуҷам Шодмонов ва падараш — номзади илмҳои техникӣ Валиҷон Юрматов хоксору меҳрубон аст. Наргис давомдиҳандаи кори онҳост, зеро нияти нек дораду азмаш қавист.
Мамадалӣ Бахтиёров, рӯзноманигор