25 ихтирои олимон

№50 (3530) 16.04.2016

Рамазон-212 апрели соли 2016 Президенти Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ олимони тоҷикро бо дастовардҳои нав ва Рӯзи илм табрик кард.

Чун анъана дар иди касбӣ ба олимоне, ки соли 2016 сазовори ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, диплом тақдим шуд.

Дар оғоз, собиқ директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Ҳикмат Ҳисориев бо «Нишони фахрӣ»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Шаҳодатномаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С. Умаров ба Сафиев Ҳайдар, Бобоев Хоҷаназар, Рӯзиев Ҷӯра, Зулфонов Сулаймон, Сафаров Фузайл, Иброҳимов Холназар, Ҷоизаи ба номи академик Е. Н. Павловский ба Ақназаров Оғоназар, Хабиров Замониддин, Ҷоизаи ба номи академик М. Осимӣ ба Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ супорида шуд.

Ба ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ — Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров аз рӯи натиҷаи Олимпиадаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» диплом ва барои дастовардҳои назарраси илмӣ ба олимони академия «Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим шуд.

Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ба вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи аъзо — коррес­понденти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъиро супурд.

Дар охир академик Фарҳод Раҳимӣ қайд кард, ки имсол ба ифтихори 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон туҳфаи олимони академия 25 ихтирои нав мебошад, ки аллакай 9-тои он соҳиби патент шуд.

 Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»