Соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об

Об — сарвати миллии Тоҷикистон

№67 (3052) 06.06.2013

M

Мусоҳиба бо сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва гидрологияи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии (КВДҶ)  Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии  «Нурофар» Мадамон Замонов

-Об манбаи ҳастии инсон, ҳайвонот, дарахту рустанӣ, гулу гиёҳ, хулоса ҳама мавҷудоти олам аст. Аз нигоҳи шумо имрӯз ин мавҷудот, хоса махлуқи олии Парвардигор- Одам ба ин муъҷиза чӣ тавр муносибат мекунад?

-Воқеан, об барои инсон аҳамияти ҳаётан муҳим дорад ва тамоми рӯйдодҳои ҷаҳон ба он вобастаанд, ки шарти асосии зиндагии муътадили тамоми мавҷудоти зинда, пеш аз ҳама инсон мебошад. Бинобар ин, ҳуқуқи баҳрабардорӣ аз обро, ки Созмони Милали Муттаҳид эълон кардааст, ҳамчун «ҷузъи ҳаётан муҳими таъминкунандаи шаъну эътибори инсонӣ» ва ҳамчун «заминаи таъмини ҳуқуқҳои дигари инсон» баррасӣ кардан зарур аст.  Бояд гуфт, ки мавзуи об дар ҳама давру замон ва барои тамоми аҳли башар масъалаи аввалиндараҷаи зиндагии инсон буд ва чунин боқӣ хоҳад монд. Бахусус дар ҳазораи навин ин масъала аҳамияти хоса пайдо карда, омили муҳими ҳаёт дар миқёси сайёраи Замин гардидааст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳар сол дар ҷаҳон аз истеъмоли оби нопок беш аз панҷ миллион нафар одамон, ки аксари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд, талаф ёфта, зиёда аз се миллион одамон ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. Дар кишвари мо низ, ки дар миқёси ҷаҳонӣ бо захираҳои фаровони оби тозаи ошомиданӣ маъруф аст, ин нишондиҳандаҳо боиси ташвиши ҷиддианд ва ҳоло ҳам масъалаҳои ҳалношудаи таъминоти аҳолӣ бо оби ба дараҷаи лозима поки ошомиданӣ боқӣ мондааст.

Табиист, ки инсон ба мавҷудоти табиат, аз ҷумла оби ҳаётан муҳим, баъзан муносибати ноодилона мекунад, ки дар натиҷа ба худи ӯ мушкил эҷод мегардад. Дар ҳаёти ҳаррӯза мо мушоҳида мекунем, ки аз ҷониби инсон оби ҷонбахш бо ҳар роҳ ифлос мешавад. Ба ҷӯю дарёҳо нигаред, чӣ чизҳоеро мепартоянд. Дар робита, дар назди мо вазифаи муқаррар намудани муносибатҳои нисбатан самарабахши муштарак бо мақсади истифодаи оқилонаи об барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҳамаи одамон ва дар баробари ин ба таври ҷиддӣ ба ҳисоб гирифтани эҳтиёҷоту талабот ба қонунҳои табиат гузошта мешавад. Танҳо чунин муносибат рушди устувори мамлакатҳоямон ва нигоҳ доштани сайёраро барои наслҳои оянда таъмин карда метавонад. Ин нуктаи муҳим ва зарурати ҳалли масъалаи глобалиро роҳбарияти кишвари мо дарк карда, ҳамеша аз пайи дарёфти ҳалли мушкилоти мавҷуда, на танҳо дар дохили кишвар ва ё минтақа, балки тамоми ҷаҳон мебошад.

Маҳз бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори  се қатъномаи Маҷмаи кулли СММ -   Соли байналмилалии оби тоза (соли 2003),   Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015  ва Соли 2013-Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об шинохта шудааст.

-Ин дар ҳолест, ки мо захираҳои бузурги об дорему дар ин бобат ташвишҳоямон нисбати дигар кишварҳо камтар аст…

-Бале, Тоҷикистон кишвари соҳиби об ба ҳисоб рафта, қариб 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбад.Мо, тоҷикистониён, аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанбори зиёд дорад. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешаванд, ки онҳо на ин ки Тоҷикистон, балки мамлакатҳои ҳамсоя -Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбӯси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту ба минтақаи Осиёи Марказӣ хисороти зиёд оварданаш  мумкин аст, бо об таъмин мекунад.

Дар ин росто мехоҳам нақши гидроэнергетикаро, ки яке аз афзалиятҳои калидии рушди устувор ва манбаи асосии истеҳсоли барқ барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад, зикр намоям.

Соҳаи гидроэнергетика, ки 20 фоизи таъминоти ҷаҳонии неруи барқро ташкил медиҳад, манбаи муҳими барқароршавандаи энергия ба шумор меравад. Ин рақам дар Тоҷикистон ба 98 фоиз мерасад. Бинобар ин, мафҳумҳои «об» ва «энергетика» барои кишвари мо ҳаммаъно ва тавъам мебошанд. Ҳаҷми солонаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон тақрибан 527 миллиард киловатт/соатро ташкил медиҳад.

Мамлакати мо аз лиҳози истифодаи қиёсии захираҳои гидроэнергетикӣ дар миқёси ҷаҳон ба ҳар километри мураббаъ ҷойи якум ва аз ҷиҳати истеҳсоли он ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

-Ҳамин захираҳои бузурги обиро мо чӣ тавр истифода мебарем?

-Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3-4 фоизи ин захираҳо истифода мешаваду халос. Ҷумҳурии мо аз чунин вазъият раҳойӣ ёфтанро танҳо дар инкишофи гидроэнергетикаи худӣ, бо назардошти эҳтиёҷоти кишварҳои минтақа ба захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист мебинад. Танҳо ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи кишварҳои минтақа дар масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетика  метавонад ба ҳалли мушкилоти энергетикӣ, озуқаворӣ ва экологӣ мусоидат намояд, ки онҳо бевосита аз истифодабарии оқилонаи   захираҳои об вобастагӣ дорад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, ки дар мавзуи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об» 19 майи соли 2013 дар Шоҳигарии Таиланд баргузор шуд, зикр намуд: «Айни замон муносибатҳои кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ атрофи масъалаҳои об дар сатҳи паст қарор доранд ва мо наметавонем онҳоро ба дараҷаи кофӣ эътимоднок ва ҳамёрона шуморем. Агар байни кишварҳои минтақа муносибатҳои дарвоқеъ созанда ва судманд ба роҳ монда мешуданд, мо имкон медоштем, ки сатҳи ҳама гуна хатару таҳдидҳоро ба таври назаррас паст карда, ба раванди расидан ба амнияти вобаста ба об мусоидати муассир намоем.

Минтақа барои таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ, обӣ ва дар айни замон нигоҳ доштан ва беҳтар гардонидани сатҳи устувори муҳити зист имкониятҳои фаровон дорад.Вале, бинобар мавҷуд набудани ҳамкории кофӣ дар соҳаи об,  кишварҳои минтақа рӯ ба рӯйи мушкилоти мухталиф қарор доранд».

-Аз ҷумлаи иқдомоте, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи таъминот бо об пешниҳод кард, ин мавриди истифода қарор додани оби кӯли Сарез мебошад.

-Дуруст аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи таъминоти об ва беҳдошти санитарӣ пешниҳод намуд, ки аз кӯли Сарез ба мамлакатҳои дигари минтақа хатҳои обрасонӣ кашида шаванд. Ҳаҷми оби кӯли Сарез қариб 18 километри мукааб буда, онро барои бо оби тоза таъмин намудани миллионҳо нафар сокинони минтақа истифода бурдан мумкин аст.

Мутахассисони КВДҶ Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» дорои таҷрибаи лоиҳакашии иншоотҳои гидротехникӣ буда, дар вақташ бо гурӯҳҳои таҳқиқи кӯли Сарез кор карда,  дар бахши техникию иқтисодӣ (ПТИ) барои коркард ва баҳо додани вариантҳои ба ҳолати бехатар овардани кӯли Сарез лоиҳаҳо пешниҳод кардаанд. Аз ин лиҳоз, солҳои охир КВДҶ Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар»  бо як қатор ташаббусҳо оид ба гузаронидани чорабиниҳои байналмилалии гуногун доир ба масъалаҳои об баромад  намуда, мақолаҳои муҳими соҳавиро ба чоп расонидааст.

-Ҳукумат ва Парламенти кишвар, дар қатори дигар соҳаҳо, ба таҳияву қабули қарору қонунҳои марбути ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла об, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар ин бобат мехостам ибрози назар намоед.

-Масъалаи бо оби поку гуворо таъмин намудани минтақаи мо ва умуман ҳифзи муҳити атроф ҳамеша мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Парламенти кишвар  қарор дорад. Давоми солҳои охир барои ҳалли масъалаҳои дар ин соҳа мавҷуда корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Қабули Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 таҳти № 34, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 таҳти №514 «Дар  бораи  тасдиқи  Барномаи беҳтар  намудани  таъмини  аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2002 таҳти №39 «Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи  муайян  намудани  ваколатҳои  мақомоти  ваколатдори махсуси давлатӣ  доир ба  танзими  истифода ва ҳифзи об», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2002 таҳти №193 «Дар бораи тартиби бурдани Кадастри давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 31 августи  соли 2002 таҳти №349 «Дар бораи  тартиби  ҳавасманд гардонидани истифодабарандагони об, ки ҷиҳати истифодаи оқилона ва ҳифзи об корҳои ҷамъиятии фоиданокро анҷом медиҳанд», Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 31 августи  соли 2002 таҳти №350 «Дар бораи  тартиби  эътироф намудани объектҳои об ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2002 таҳти №485 «Дар  бораи  тасдиқи  тартиби барасмиятдарорӣ,  бақайдгирӣ  ва  додани иҷозатномаҳо барои истифодаи махсуси об», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2001 таҳти №551 «Дар бораи  тасдиқи Консепсияи истифодаи  самаранок  ва  ҳифзи  захираҳои  об  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  тасдиқи ин гуфтаҳост. Танҳо барои дар амал татбиқ кардани ин ҳуҷҷатҳо саъю кӯшиши аҳли ҷомеа, бахусус масъулон, зарур аст.

- Дар поёни ин мусоҳиба шумо боз кадом нуктаро мехостед зикр кунед?

-Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ ва бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Модоме асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем ин манбаи бузургро чун асоси ҳастӣ  эҳтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизоти бузургро нопок созад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, зеро:

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он  оби пок,

Набояд фикандан дар он  сангу хок.

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рӯшнойӣ ва дорои қимати ниҳоят баланд аст. Ба ин маънӣ шоире фармудааст:

Об бошад гавҳари қиматтар аз лаълу гуҳар,

Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

Об ҳаст, ободӣ ҳаст, мегӯянд. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумуъ ва пояндагӣ  қарор дорад. Инсон, ки ба олами ҳастӣ омад, аввал ӯро бо об мешӯянд, лаҳзаҳои анҷоми ҳаёт низ қатрае аз об меошомонанду пеш аз ба хок супоридан бо об ғусл мекунонанд. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегирад. Бо вуҷуди он ки баъзан бо об муносибати нодуруст мекунем, вале он ҳамеша поккунанда аст. Ба ин маънӣ, дар ҷамъбасти суҳбат овардани яке аз ҳадисҳои Пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) айни муддаост: «Об ҳақиқатан поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро наҷас нагардонад».

Мусоҳиб

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»