Табиби ман - ҳабиби ман

Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт

№43 (3680) 22.04.2017

123Шахсеро, ки дар борааш сухан мегӯем, дар илми тибби замони соҳиб­истиклолӣ бисёр дастоварду навовариҳо ба номаш марбутанд. Дастпарвари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Шералӣ Султонов ҳамчун олими ҷарроҳ бо меҳнати ҳалолу содикона дар дилу дидаи мардум кайҳо роҳ ёфта, маҳбуби умум гардидааст.

Суҳбати мо бо ӯ баъди анҷоми ҷарроҳӣ сурат гирифт. Сафина Наврӯзоваи 12 — сола баъд аз дарс, ҳангоми аз мактаб ба хона баргаштан ба садамаи автомобилӣ дучор мегардад. Касе ба зинда монданаш умед надошт. Зеро баъди ташхис дар бемор садамаи кафаси сина бо шикасти кабурғаҳои 6 — 7 аз чап, латхӯрии гурдаи чап, садамаи вазнини косахона бо латхӯрии майнаи сар ба дараҷаи вазнин, инчунин шикасти устухонҳои ҷоғи поён ва беҷошавии онҳо муайян шуд. Хушбахтона, бо заҳматҳои шабонарӯзии табибони даргоҳ Юлдош Додоҷонов, Гулнора Абдуллоева ва Ҳафиза Мардонова Сафинаи 12 — сола бо пуррагӣ сиҳат ёфт. Мисоли дигар, писарбачаи 14 — солаеро дар ҳолати хеле вазнин ба шуъбаи ҷарроҳӣ оварданд.

Ташхис муайян кард, ки дар ҷигар кистаҳои зиёди эхинакоккӣ иборат аз 10 халта кирми ҷигар вуҷуд дорад, ки бештари онҳо шиддатнок буда, хатари таркиши кистаҳо ҷой доранд.  Писарбачаро дар ҳолати хеле вазнин ҷарроҳӣ намуданд. Баъди ҷарроҳии 8 – соата аз тарафи ҷарроҳ Шералӣ Султонов кирмҳо аз ҷигар бо пуррагӣ гирифта шуд.  Шералӣ Султонов танҳо як максад дорад: дар кадом ҳолату шароите бошад, ӯ ҳамчун табиб ба касами додаи худ бояд содик монда, ба беморон аз рӯи инсофу виҷдон, адлу адолат муносибат менамояд. Чуноне ки шоир фармудааст:

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест.

Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.

Бо ду нафар устодони Шералӣ Султонов — доктори илмҳои тиб, профессор, академики Академияи муҳандисӣ дар соҳаи навоварию ихтироъкорӣ Аъзам Азизов ва номзади илмҳои тиб Абдулло Сафаров гуфтугӯ намудем. Онҳо нисбат ба  Шералӣ Султонов  суханҳои нек гуфта, ӯро табиби ҳозик, ташкилотчии хуб номиданд. Ба ғайр аз фаъолияти табобатӣ дар конфронсҳои илмию амалии давлатҳои хориҷи дуру наздик иштирок карда, маърӯзаҳои илмӣ менамоянд. Ҳамаҷониба кӯшиш менамояд, ки дастовард ва комёбиҳои соҳаро дар байни олимони дигар донишгоҳҳои хориҷӣ инъикос намояд.

Устодон, инчунин иброз доштанд, ки Шералӣ Султонов ҳамчун ихтироъкор усулҳои навини ҷарроҳии кӯдаконаро дар соҳаи тиб пешниҳод намудааст. Аввалин шуда, дар ҷумҳурӣ ба ҷарроҳии кӯдакона амалиёти муосири эндовидеоҷарроҳиро ҳангоми аппендитсити шадид,  холетсистити шадид, перитонитҳо, ногузароиши шадиди рӯдаҳо,  чураҳои шикам, кистаҳо, тобхӯрии тухмдон дар духтарон ва дигар бемориҳо ворид кардааст. Яке аз навовариҳое, ки ӯ ҷорӣ кардааст, ин усули ташхисию табобатии пайванди косу рон дар кӯдакони гирифтори остеомиелити шадиди гематогенӣ мебошад. Гуфтан бамаврид аст, ки зери роҳбарии Шералӣ Султонов ду нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд.

Бояд гуфт, ки Шералӣ Султонов рисолаи номзадиро соли 2005 ва рисолаи докториро соли 2011 дар Шӯрои диссертатсионии Маркази илмии саломатии кӯдакони АИТР Донишкадаи педиатрияи ба номи Сперанскийи шаҳри Москва ҳимоя кардааст. Ҳамаи ин муваффакият тавассути хизматҳои содикона ба даст омадаанд. Шералӣ Султонов солҳои 2003 — 2005 курси такмили ихтисосро дар Университети тиббии давлатии шаҳрҳои Залсбург ва Грази Австрия, солҳои 2008 — 2016 дар Академияи тиббии баъдидипломии Россия, соли 2007 дар Академияи тиббии баъдидипломии Казокистон ва соли 2011 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Санкт — Петербург гузаштааст. Номбурда муаллифи зиёда аз 150 маколаи илмӣ, ду китоб, як  монография, 5 кашфиёт, 15 пешниҳоди ратсионализаторӣ, зиёда аз 20 дастурамали клиникӣ ва таълимӣ мебошад.

Ҳар сол зиёда аз 300 ҷарроҳии мураккаб мегузаронад. Аз соли 2010 дар вазифаи мудири кафедраи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолият дорад. Доктори илмҳои тиб,  профессор, Аълочии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, узви Шӯрои таҳририяи маҷаллаҳои «Детская хирургия» ва «Российский Вестник», Ассотсиатсияи ҷарроҳони кӯдаконаи Федератсияи Россия ва ноиби раиси Шӯрои диссертатсионии комиссияи аттестатсионии олии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия оид ба фанҳои ҷарроҳӣ мебошад.

Барои меҳнати шоён соли 2015 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 сарфароз шудааст.

Холназар КАСИРОВ,

журналист