Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26-уми декабри соли 2018), ки фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии кишвар аст, бо зикри асоситарин дастовардҳои таърихии соли 2018, яъне оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об (22-юми марти соли 2018), мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали иншооти тақдирсози аср — НБО «Роғун» ва «ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон», шурӯъ гардид.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: «Мо таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсулро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ интихоб намуда, нақшаи гузариши иқтисодиёти кишварро аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ гардонда истодаем». Дар робита ба ин, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум бо роҳи таъмини рушди устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳсозии фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат аз ҳадафҳои олии Ҳукумати ҷумҳурӣ дониста шуд.
Соли 2018 дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюли мусбат идома ёфт. Аз ҷумла, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расида, фавти модару кӯдак нисбат ба соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст гардид. Сарвари давлат аз дурнамои афзоиши аҳолӣ сухан ронда, қайд намуданд, ки шумораи аҳолӣ дар кишвар аз 5,4 млн. нафари соли 1990 соли 2018 ба 9,1 миллион нафар расид. Дар назар аст, ки соли 2023 аҳолии кишвар ба 10 млн. нафар мерасад. Бо дарназардошти ин вазъият, Сарвари давлат бо таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла, беҳсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Аз ин хотир, пешниҳод гардид, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишвар «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ карда шавад.
Пешниҳоди Пешвои миллат ҷиҳати ҳадафи чоруми миллӣ қарор додани саноатикунонии босуръати кишвар идомаи мантиқии заминаҳои Истиқлолияти энергетикӣ буда, ба беҳбудии ҳар чӣ зудтари дигар соҳаҳо мусоидат мекунад.
Пешвои миллат таъкид доштанд, ки дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ ба муносибати истиқболи шоёни ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, илова ба сохтмон ва таъмиру тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ, инчунин, мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалҳои аҳолинишин, махсусан, дар деҳот, бояд ҳал карда шавад, зеро, бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, таъминоти аҳолии деҳоти кишвар бо оби босифати ошомиданӣ ҳамоно беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. Қайд гардид, ки дар ҳошияи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» соли 2018 шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон ташрифоварда назар ба соли 2017 дувуним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишудаи ин соҳа як сол кифоя нест. Роҳбари давлат ҳифзи муҳити зистро яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳон дониста, бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 — ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Воқеан, ҷумҳурӣ бо табиати рангину манзараҳои дилфиреб барои роҳандозии намудҳои гуногуни сайёҳӣ, ба монанди сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва кӯҳнавардӣ имкониятҳои васеъ дорад.
Сарвари давлат аз эътибори аввалиндараҷаи соҳаҳои илму маориф ва идомаи бомароми ислоҳот дар ҳама зинаи таҳсилот ёдовар шуда, бо қотеият гуфтанд, ки мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем ва авлавияти инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ ва зарурати афзудани шумораи муассисаҳои томактабиро ҷиҳати фароҳамсозии шароити мусоиди рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон таъкид намуданд. Қайд гардид, ки танҳо соли 2018 дар кишвар аз ҳисоби ҳама сарчашма 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 73 000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст ва ин раванд дар оянда низ бомаром идома хоҳад ёфт.
Пешвои миллат аз вазъи забондонӣ дар ҷумҳурӣ ибрози нигаронӣ намуда, ҷиҳати такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар кишвар, ки ҳар ду аз забонҳои кории СММ буда, нуфузи ҷаҳонӣ доранд, ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва падарону модаронро даъват намуданд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
Президенти кишвар аз таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, муқаддасоти миллӣ, ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида ва шомил будани жанри Шашмақому ҷашни Наврӯз, либоси чакан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО, шаҳри қадимаи Саразм ва Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ин ташкилот ёдовар шуда, илова намуданд, ки соли оянда мусиқии Фалак, ёдгории таърихии Ҳулбук ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пешниҳод карда мешаванд. Пешвои миллат дар ҳамин радиф ба таваҷҷуҳи рӯзафзуни солҳои охир ба ҳифзи забони давлатӣ, суннату арзишҳо ва либоси миллӣ ишора намуданд. Воқеан ҳам аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангӣ дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани миллати фарҳангдӯсту соҳибтамаддуни тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Имрӯз маърифати китобхонӣ ҳамчун анъанаи неки ниёкон дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат ривоҷу равнақи тоза касб кардааст ва дар ин самт корҳои намоён анҷом пазируфтааст. Китобхона, ки дар фарҳанги давлатдории мо ҳамеша ҷойгоҳи хос дошт, дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун маркази муҳими илмӣ-тадқиқотӣ ва фарҳангии кишвар дар рушди илму маориф, густариши анъана ва ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси миллӣ саҳмгузор аст. Фаъолияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҳамчун муассисаи бонуфузи фарҳангии кишвар намунаи равшани ин гуфтаҳост.
Пешвои миллат аз камбудии соҳаи тандурустӣ интиқод намуда, ба ниҳодҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва қайд карданд, ки дар се соли оянда дар кишвар беш аз 560 беморхонаву маркази саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешавад.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки вазъи сайёра дар ду-се соли оянда боз ҳам мураккаб мешавад ва дар ин раванд диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад. Зикр гардид, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонон ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
- Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ дар асоси усули муносибатҳои баробарӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои ҷаҳон муайян ва поягузорӣ гардида буд, боқӣ мемонад, – гуфта шуд дар Паёми Пешвои миллат.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳо таъкид намуданд, ки танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои муайяннамуда наздик мекунад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки мардуми шарафманди тоҷик дар соли нави мелодӣ бо татбиқи нуктаҳои Паёми ояндаафрӯзу ояндасози Пешвои миллат ба музаффариятҳои нав ба нав ноил мегардад.
Абдусалом МИРАЛИЗОДА, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор