10 марти соли равон дар Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» бахшида ба 105-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он рӯзноманигорони соҳибтаҷриба ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ширкат варзиданд.
Директори Муассисаи давлатии «Академияи ВАО» Исмоилзода Зинатуллоҳи Бурҳон матбуотро оғозбахшандаи журналистикаи тоҷик маънидод кард.
Устоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Назаре ба 105 — соли матбуоти тоҷик» аз таърихи ВАО, ки аз рӯзномаи «Бухорои шариф» сарчашма мегирад ва пешрафту дастовардҳои он дар давоми беш аз як аср ёдовар шуд.
Сармуҳаррири нашрияи «Озодагон» Иршод Сулаймонӣ доир ба «Баъзе мушкилот ва гароишҳои журналистикаи тоҷик» сухан ронда, паҳлуҳои гуногун ва мушкилоту пешравиҳои рӯзноманигории муосирро таҳлил намуд.
Доктори илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи матбуоти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Шариф Муллоев таҳти унвони «Назаре ба таърихи инкишоф ва ҷойгоҳи имрӯзаи фаъолияти рекламаҳо дар Тоҷикистон» маърӯза кард.
Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳанӯз аз замони рӯзномаи «Бухорои шариф» дар саҳифаи он маводи тарғиботӣ, аз қабили эълону реклама, доду гирифт ва сифати молҳо барои истеъмолкунандагон вуҷуд доштанд.
Сипас, ба 50 нафар корманди ВАО-и кишвар, ки аз дарсҳои такмили ихсос ва машғулиятҳои омӯзишии академия гузаштаанд, сертифкат супорида шуд.
Ҷамшеди САБОҲҲИДДИН, «Садои мардум»