АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

59260 ДОВТАЛАБ МУВАФФАҚ ГАРДИДАНД

№106 (3586) 11.08.2016

- Барои бомуваффақият баргузор гардидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2016 ва ҷиҳати ба мардум расонидани иттилооти лозимӣ аз воситаҳои ахбори омма — рӯзномаю маҷаллаҳо, радиову телевизион васеъ истифода бурдем, — изҳор намуд муовини раиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзаалӣ Ҷаъфаров дар нишасти матбуотӣ, ки 5 августи соли 2016 бо иштироки доираи  васеи хабарнигорон баргузор гардид.

Соли ҷорӣ аз 84626 нафар довталаб 59 260 нафар  холҳои гузариши фанниро ба даст оварда, муваффақ шуданд.

Зимни баҳсу андешарониҳои бархе аз аҳли нишаст маълум шуд, ки ҳоло на ҳама моҳияти ин ниҳодро ба хубӣ дарк кардаанд.

Суоли рӯзноманигори нашрияи  «Халқ овозӣ»: «Оё як хол метавонад довталабро аз  интихобаш маҳрум созад?» роҳнамо гардид дар эҷоди як қатор саволҳои дигар.

Агар дар қабули анъанавии собиқ довталаб дар ҷавоби як савол оҷизӣ мекашид, муаллим барои пурра муайян кардани сатҳи дониши ӯ имкон дошт. Яъне, бо саволҳои иловагӣ оид ба сатҳи дониши довталаб хулосаи амиқ мебаровард ва баҳои воқеиро ба ӯ мегузошт. Шеваи гуфтор ва тарзи тафаккурронӣ низ аз маҳорату лаёқати довталаб гувоҳӣ медод.

Дар нишаст ба паҳлуҳои дигари кори Маркази миллии тестӣ, аз ҷумла мураттибони саволҳо, ҷой доштани фасод дар амали кормандони марказ, имтиёзҳои довталабон, теъдоди дохилшавандагон, тақсимоти такрорӣ, аз интихоб маҳрум шудан ва ба донишкадаи дигар интиқол ёфтан мадди назар буд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»