Мушкилоти асосӣ нарасидани омӯзгорони унвондор аст

Мушкилоти асосӣ нарасидани омӯзгорони унвондор аст

№27-28 (3173-3174) 20.03.2014

-Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ягона муассисаи олии техникие мебошад, ки мақоми ҷумҳуриявӣ дорад. Ғайр аз ин, дар тамоми Осиёи Миёна ягона муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳаи энергетика мебошад. Донишкада дорои як факултет ва панҷ кафедра аст, ки айни ҳол аз рӯйи ҳафт ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Таҳсил дар донишкада бо ду низом:  кредитӣ ва анъанавӣ ҷараён дорад.  Аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ донишҷӯён дар ин ҷо таҳсил мекунанд. Шумораи донишҷӯён 1573 нафар буда, 1127 нафар дар шуъбаи рӯзона, 446 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамояд.

Айни ҳол 49 нафар донишҷӯй тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд. Донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдастанд ва ба ҷойи зист  ниёз доранд, аз тарафи донишкада  бо хобгоҳ таъмин шудаанд. Духтарон низ дар донишкада таҳсил мекунанд ва нисбат ба солҳои пешин таваҷҷуҳашон ба ин соҳа бештар аст.

Дар донишкада маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ амал мекунад. Инчунин барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар назди кафедраҳои донишкада маҳфилҳои илмӣ-мубоҳисавӣ амал менамояд. Дар маркази инноватсионӣ ва парки технологии Донишкадаи энергетикӣ донишҷӯён ба ҷобаҷогузорӣ ва истеҳсоли трансформаторҳо машғул мешаванд.

-Пойгоҳи (базаи) илмӣ-техникии донишкада дар кадом сатҳ аст?

-Вазъияти муассисаи олии таълимиро бе базаи илмӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Айни замон дар донишкада 11 нафар номзади илм фаъолият мекунанд, ки ин шумора ба талаботи мактаби олӣ мувофиқат намекунад. Мушкилоти рақами як, ки имрӯз мо мувоҷеҳ мебошем, тайёр намудани кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар соҳаи энергетика мебошад. Мутаассифона, дар ҷумҳурӣ шӯрои диссертатсионӣ оиди ин ихтисос амал намекунад ва мо тасмим гирифтем, ки ассистентон, омӯзгорон, саромӯзгорони кафедраҳоро барои таҳсил ба хориҷи кишвар равон намоем. Охири соли 2013 аллакай як нафар ассистенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматонӣ  барои таҳсил дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Барнаули Федератсияи Россия ба номи И.И.Палзунова равон карда шуд, ки айни ҳол таҳсил дорад. Як нафар аспиранти донишкада охири соли гузашта марҳилаи аввали ҳимояи рисолаи номзадиро дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон гузаронид ва дар нақша ҳаст, ки ӯ моҳи март рисолаи номзадиашро дар он ҷо ҳимоя кунад.

Имрӯз тақрибан 15 фоизи ҳайати омӯзгорон дорои унвони илмӣ мебошанд. Як нафар доктори илм ва панҷ нафар номзади илм ҳамкор дорем. Аз Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи  Н.Хусрав ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М.Осимӣ омада, курсҳои мухтасари лексия мехонанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010-Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шуда буд. Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон он вақт навтаъсис буд ва озмоишгоҳҳои замонавӣ надошт. Давоми чор сол 46 маҷмӯи аёниятҳои озмоишӣ ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ харидорӣ шудааст, ки ҳоло мавриди истифода қарор дорад.

Ғайр аз ин, дар донишкада ихтисосҳои иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар соҳаи энергетика ва сохтмони гидротехникӣ низ амал мекунад. Мутаассифона, озмоишгоҳҳои замонавӣ барои ин ихтисосҳо ҳоло ташкил карда нашудааст. Раёсати донишкада тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои хариди таҷҳизот ҷудошуда ин ихтисосҳоро низ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намояд.

-Сатҳи дониши донишҷӯёнро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Моҳи декабри соли 2013 Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон аз аттестатсияи Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт ва онҳо ҳамаи паҳлуҳои фаъолияти донишкадаро санҷида, қаноатманд шуданд ва чор ихтисоси иловагиро барои қабули соли хониши 2014-2015 иҷозат доданд. Ғайр аз ин, агар аз рӯйи ҷамъбасти санҷишу имтиҳонҳо  гирем, дараҷаи азхудкунии дониши донишҷӯён аз 70 фоиз боло аст.

-Энергетика аз соҳаҳои муҳим, рушдкунанда ва ояндадори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Донишкадаи энергетикӣ махсус барои ҳамин соҳа кадр тайёр мекунад. Бинобар ин, бигӯед, ки таваҷҷуҳи ташкилоту муассисаҳо ба хатмкардаҳои донишкада чӣ гуна аст? 

-Таваҷҷуҳ нисбат ба хатмкардаҳои Донишкадаи энергетикӣ хоса аст. Донишҷӯёне, ки соли 2011 донишкадаро хатм кардаанд, имрӯз дар  тамоми соҳаҳо фаъолият доранд. Ҳоло ҳафт нафар хатмкардаҳои соли аввали донишкада дар НБО-и «Сангтӯда-2»  НБО-и «Сангтӯда- 1», НБО-и «Роғун» ва дигар корхонаҳои зертобеи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истодаанд. Инчунин ба наздикӣ комиссияҳои аттестатсияи давлатии хатмкунандаҳо баргузор мегардад ва дар асоси он, тибқи низомномаи амалкунанда, комиссияи тақсимоти донишҷӯёне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, таъсис медиҳем ва мувофиқи он донишҷӯёнро ба кор таъмин менамоем.

Муаррифинома

Хайрулло Назаров 24 декабри соли 1975 дар ноҳияи Ҷалолуддини Румии вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро бо ихтисоси муҳандис -химик-технолог хатм карда, солҳои 1998-1999 ҳамчун ассистенти кафедраи «Химия ва биологияи умумӣ»-и Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав, солҳои 1999-2001 ассистенти кафедраи «Фанҳои умумиилмӣ»-и Коллеҷи политехникии шаҳри Қӯрғонтеппа,  солҳои 2001-2006 саромӯзгори кафедраи «Табиӣ-технологӣ»-и Коллеҷи политехникии шаҳри Қӯрғонтеппа, солҳои 2006 -2010 мудири кафедраи «Фанҳои умумитехникӣ»-и Донишкадаи  энергетикии Тоҷикистон, солҳои 2010-2013 декани факултети  «Электроэнергетикӣ»-и Донишкадаи  энергетикии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи декабри соли 2013  инҷониб ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон мебошад.Номзади илмҳои техникӣ буда, ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ байни олимони ҷавон  мушарраф гаштааст.

-Хайрулло Холназарович,  Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ягона муассисаи таҳсилоти олии касбии мақоми ҷумҳуриявидошта дар вилояти Хатлон мебошад. Хуб мебуд, дар оғози суҳбат оид ба сохтори донишкада маълумот диҳед.     

-Ҷалби хатмкунандаҳо барои кор дар донишкада дар кадом сатҳ аст?

-Тӯли се соле, ки донишҷӯён донишкадаро хатм мекунанд, шумораи муайяни мутахассисонро ҳамчун омӯзгор дар худи донишкада ба кор мегирем. Масалан, имрӯз дар донишкада 30 нафар муаллимони ҷавон фаъолият доранд, ки аз ҳамин миқдор 21 нафарашон хатмкардаҳои донишкада мебошанд. Имсол низ ният дорем, ки қисми омӯзгорони ҷавонро барои таҳсил ва бозомӯзӣ ба донишкадаву донишгоҳҳои хориҷ равон намоем ва аз ҳисоби хатмкунандаҳо ақаллан барои ҳар ихтисос дунафарӣ ҷалб намоем.

-Донишкадаи энергетикӣ бо кадоме аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамкорӣ дорад?

-Донишкада дар асоси шартномаи тарафайн бо якчанд донишгоҳу донишкадаҳои хориҷ ва қариб бо ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии дохили кишвар ҳамкорӣ дорад. Масалан, ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хусрав омӯзгорони ҷавон  барои коромӯзӣ равон карда мешаванд. Дар шӯроҳои диссертатсионии донишгоҳҳои мазкур омӯзгорони мо рисолаҳои номзадӣ ҳимоя мекунанд. Ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ фиристодагони донишҷӯён низ сурат мегирад. Яъне, донишҷӯёни мо як муддат дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ таҳсил карда, баргашта, таҳсилашонро дар ин ҷо давом медиҳанд.

 -Чанде пеш Маркази миллии тестӣ таъсис ёфт. Ҳамчун роҳбари муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ин иқдомро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Ин иқдомро мо бо хурсандӣ қабул намудем, зеро қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ тариқи Маркази миллии тестӣ талаби замон аст. Ба довталаб имконият фароҳам меорад, ки дар маҳалли зисташ имтиҳон супорад, имкони зиёди интихоб дорад, яъне то даҳ ихтисосро якбора метавонад интихоб намояд ва аз ҳама асосаш шаффофият таъмин аст. Марҳилаи дуввуми ҷорикунии маркази тестӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ таъсис додани марказҳои тестӣ барои қабули санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ аст.  Донишкадаи энергетикӣ дар ин самт фаъолият намуда истодааст ва мо аллакай  маркази тестиро таъсис додем.

-Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, бинобар навтаъсис буданаш, аз эҳтимол дур нест, ки мушкилот низ дошта бошад…

-Мушкилоти асосие, ки дар донишкада ҳаст, нарасидани омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, мо барои баланд бардоштани сифати таълим аз дигар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар омӯзгорони унвони илмидорро ба сифати ҳамкор ҷалб кардем.

Инчунин бо Шабакаҳои барқии Ҷануб ҳамкорӣ дорем ва онҳо синфхонае, ки барои гузаронидани дарсҳои техникаи бехатарӣ пешбинӣ шудааст, ба ихтиёри мо гузоштаанд ва донишҷӯёни мо аз он самаранок истифода мебаранд.  Ғайр аз ин, мутахассисони хуби Шабакаҳои барқии Ҷануб, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи энергетика, Шабакаҳои барқи шаҳри Қӯрғонтеппа ва Ҷамъияти саҳомии «Трансформатор» бо донишкада ҳамкории зич доранд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»